Мавзуна Халилова тарроҳ, рассом, кундалнигор буда, ҳамзамон ҳунари кашидадӯзиро низ медонад. Бар замми ин дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз рӯйи ихтисоси тарроҳӣ ба ҳунаромӯзон дарс медиҳад.
Ӯ дар либосҳои офаридааш асосан аз нақшу нигори ғайриодии миллии тоҷикӣ истифода мебарад. Муаллифи Your.tj бо Мавзуна Халилова ҳамсӯҳбат шуда, атрофи фаъолияти ин бонуи ҳунар қисса намуд.
Қалами тақдир
Мавзуна Халилова аз хурдсолӣ мехост табиб ё прокурор шавад. Волидайн низ мехостанд духтарашон аз ду касб якеро интихоб намояд. Вале тақдир ба ӯ чунин имконият надод.
Қаҳрамони мо соли 2010 квотаи президентиро ба даст оварду ба факултети ҳамонвақтаи санъати тасвирӣ, рассоми графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил шуд. Ҳарчанд ин ихтисос ба ӯ “бегона” буд, вале барои муваффақ шудан дар ин самт талош мекард.
“Мехостам табиб ё прокурор шавам, вале бо баъзе сабабҳои оилавӣ натавонистам дар ихтисосҳои дӯстдоштаам таҳсил намоям. Шартномаи ҳар ду ихтисос низ барои мо гаронӣ мекард.
Вақте квотаи президентиро ба даст овардам, сарфи назар аз он ки ғайри хоҳишам буд, барои муваффақ шудан кӯшиш кардам. Оҳиста-оҳиста ҳунари тарроҳӣ дар замири ман ҷой гирифт. Фикр мекунам ин қалами тақдир асту инъоми Худованд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Мувофиқи касби омӯхтааш Мавзуна ҳамчун тарроҳи хона бояд фаъолият кунад. Вақте ӯ ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба кор даромад, аз ҳунарманди маъруф Аъзамҷон Додоҷонов тарзи таҳияи модели занона, рассомӣ, кундалкашӣ ва дигар ҳунарҳоро низ аз худ намуд.
“Замони донишҷӯйӣ дар конфронсҳои донишгоҳ иштирок намуда, маҳсули дасти худро ба намоиш мегузоштам. Дар ҳимояи кори хатм тавассути тасмачаҳо кашидӯзӣ намудам. Ин чиз дар донишгоҳ падидаи нав буд.
Баъди он ки ба коллеҷ омадам, аз ҳунарманд Аъзамҷон Додоҷонов тарзи таҳияи модели занонаро омӯхтам. Ҳамин тавр, дар ин самт фаъолиятамро идома додам”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Қаҳрамони мо ҳамчунин аз ӯҳдаи офаридани апликатсияҳои гуногун низ мебарояд. Апликатсияҳои офаридаи Мавзуна Халилова пурра ба инъикоси либосҳои миллии тоҷикона бахшида шудааст. Аксарият вақте апликатсияҳои ӯро мебинанд, фикр мекунанд ки қаҳрамонҳои асар воқеӣ бошанд.
Эҳёгари либосҳои қадима
Мавзуна мехоҳад либосҳои қадимаи тоҷикиро аз нав вориди мӯд созад. Ӯ дар ҳар либоси офаридааш аз нақшу нигорҳои миллӣ истифода менамояд.
“Дар замони бархӯрди тамаддунҳо ҳифз кардани фарҳанги хеш басо душвор аст. Имрӯзҳо тарроҳони ҷаҳонӣ бо таҳияи либосҳои гуногун ба фарҳанги либоспӯшии мо таъсир мерасонанд. Бояд мо низ бо афзудани теъдоди либосҳои миллии тоҷикона бозори дохилии худро пур созем. Аз ин рӯ дар ҳар либоси офаридаам аз нақшу нигори миллӣ истифода менамоям”, – иброз дошт ҳунарманд.
Мавзуна дар даври вилоятии озмуни “Ҳунарманд – 2022” мақоми аввалро соҳиб гашт. Ҳамзамон дар озмуни “Ҷилои ҳунар – 2022”, ки ҳамасола дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии баргузор мегардад, бо нишон додани либосҳои милли сазовори ҷойи аввал гардид.
“Ман дар ин намоиш ба матои атлас гулҳои тоқии мардонаи тоҷикиро тавассути мӯҳраҳо ва сангҳои ҷилодор чидам. Элементҳои тоқии мардона ба либоси миллии атлас ниҳоят мувофиқ афтоданд.
Ҳамчунин аз тоқиҳо ҷузвдонҳо омода кардем. Дар ҷузвдонҳои дигари дӯхтаамон нақшҳои тоқиро бо мӯҳраҳо чидем. Ин чиз албатта барои ҳифз кардани нақшҳои миллӣ кӯмак мерасонад”,- мегӯяд тарроҳи ҷавон.
Назар ба гуфти Мавзуна Халилова тарроҳ бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва аз пайи васеъ кардани донишу малакаи кории худ бошад.
“Ба шогирдонам доимо тавсия медиҳам, ки ҳамеша аз пайи идеяи нав бошанд. Худ низ ҳамеша кӯшиш мекунам дар либосҳои медӯхтаам чизҳои нав ба навро ворид созам”, – зимни сӯҳбат таъкид кард Мавзуна.
Ташкили толори арӯсӣ бо либосҳои миллӣ
Тайи солҳои шӯравӣ ба духтарони тоҷик низ дар рӯзи арӯсӣ пӯшидани “фата” ба расмият даромад. Ҳоло аксарият ин либоси арӯсиро бо нархи гарон ба иҷора мегиранд.
Мавзуна Халилова мехоҳад толори арӯсӣ кушода дар он либосҳои миллии арӯсиро гузорад, то духтарони тоҷик бо либоси миллии худ вориди хонаи бахт шаванд.
“Мо бояд дар замони ҷаҳонишавӣ фарҳанги худро ҳифз карда тавонем. Тақлидкорӣ ва бегонапарастӣ унсурҳои номатлуби замони имрӯзанд. Аз ин лиҳоз ман мехоҳам дар оянда толори арӯсие боз кунам, ки дар он фақат либосҳои миллии арӯсӣ ҷой дошта бошанд. Аллакай донишҷӯёни мо ин чизро хуб дарк кардаанд. Онҳо дар рӯзи тӯяшон бо дастони худ либоси арӯсӣ дӯхта ба бар карданд”, – гуфт ҳунарманд.
Ҳар як зан шоҳбону аст
Аксар бонувон мехоҳанд либосе ба бар кунанд, ки монандаш касе надошта бошад. Қаҳрамони мо ҳам мекӯшад ҳар либоси офаридааш бо як ҷузъиёт аз ҳамдигар фарқ дошта бошад.
Мавзуна либоси “Маликаи Миср” – ро омода кард. Он дар якчанд намоишҳо ба маъраз гузошта шуд. Дар намоише анбӯҳи зиёди мардум бо ҳамин либоси мисрӣ барои хотира расм гирифтанд.
“Либоси “Маликаи Миср” аз ҷониби мардум хуб пазируфта шуд. Аксарияти тамошобинон, ки ба намоиш омада буданд, бо ҳамон либос расм мегирифтанд. Ҳатто устод Гулрухсор Сафиева ҳам ба он таваҷҷуҳ карда, пурсиданд, ки чаро либоси шоҳбону? Гуфтам, ки мехоҳам занҳо шоҳбону будани худро эҳсос намоянд.
Аслан ҳар як зан шоҳбону аст ва вақте ки ӯ либосе мепӯшидааш ба ӯ ҳусни дигар зам менамояд, худро озод ва шоҳбонуи ҳақиқӣ ҳис мекунад. Одаму либос гуфтаи мардум беасос нест. Аз ин рӯ мехоҳам ҳар либоси дӯхтаам ба занҳо оромӣ бахшаду худро бо он хушбахт ҳис намоянд”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Мавзуна Халилова ғайри дарсҳои коллеҷ барои ҷалби бонувони хонашин курсҳои кӯтоҳмуддати тарроҳию дӯзандагӣ ташкил намудааст. Инчунин дар коллеҷ маҳфили хусусӣ дорад, ки дар он донишҷӯёни ихтисосҳои дигари коллеҷ ҳунари тарроҳӣ меомӯзанд.
Қаҳрамони мо то ин дам дар намоиш ва озмуну фестивалҳои зиёд иштирок намуда соҳиби диплом, сипоснома ва ифтихорномаҳо гардидааст.
Абдуғаффор ШОДИЕВ