fbpx

«Аз хурд оғоз кунед!» Зинҳор чӣ тавр аз барномасози интернет – мағозаҳо то ба ҳаммуассисии ширкати Navju Tech расид

Агар суръати Интернет дар Тоҷикистон беҳтар шавад, соҳаи IT боз рушд хоҳад кард.


0
Зинҳор дар семинар
Зинҳор Насрӣ дар BusinessForum 2022.

Зинҳор Насрӣ дар 23 солагӣ дар чанд самт лаёқату қобилияти худро санҷида, ба қадре муваффақ гардидааст. Ӯ соҳибкори ҷавон, медиа – менеҷер, диҷитал – маркетолог, ҳаммуассиси ширкати “Navju Tech” ва якчанд мағозаҳои онлайнӣ, роҳбари Ассотсиатсияи стартапҳои Тоҷикистон мебошад.

Муаллифи Your.tj бо Зинҳор Насрӣ оид ба пешаи барномасозӣ, пешбурди кори мағозаҳои онлайнӣ ва таърихи таъсиси ширкати вобаста ба соҳаи технологияи информатсионӣ суҳбат кард.

Зинҳор Насрӣ донандаи хуб забонҳои англисӣ ва олмонӣ аст.

Забономӯзӣ барои барномасоз муҳим аст?

Зинҳор Насрӣ донандаи хуб забонҳои англисӣ ва олмонӣ аст. Шурӯъ аз соли аввали донишҷӯйӣ дар як маркази забономӯзӣ аз фанни забони англисӣ дарс медод. Дар як вақт ҳам донишҷӯ ва ҳам муаллим будан душвор буд, аммо талош мекард, ки аз ӯҳдаи ҳарду барояд.

”Солҳои донишҷӯям беҳуда нагузашт. Бо забономӯзӣ машғул мешудам. Ҳанӯз аз овони мактабхонӣ дарк карда будам, ки барои барномасоз шудан забонҳои хориҷиро бояд хуб омӯхт. Ҳамзамон, малакаҳои нави технологияи иттилоотиро  мустақилона омӯхта, дар амал якчанд лоиҳаҳоро тарҳрезӣ кардам.

Масалан, дар соли дуюми донишҷӯӣ барои сохтани лоиҳаи китобхонаи электронии “Донишхона” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ шудам”, – ба ёд овард Зинҳор.

Зинҳор лоиҳаи "Донишхона"-ро тарҳрезӣ кардааст.
Зинҳор бо Дилшод Ҷӯразода ва Фатҳулло Фатҳуллоев.

Лоиҳаи “Донишхона” аз нав фаъол мешавад!

Зинҳор соли 2017 ҳамроҳи дӯсташ Зубайдулло лоиҳаи “Донишхона” – ро тарҳрезӣ намуда, тайёр карда буд. Баъди анҷом ва муаррифии лоиҳаи мазкур онҳоро чун мутахассиси соҳаи IT (технологияи иттилоотӣ) шинохтанд.

“Барои ҳар донишҷӯ дарёфти китоб ва ё нархи он як муаммо буд ва ҳаст. Ман низ чунин мушкил доштам. Ният кардем, ки китобхонаи электронӣ таъсис медиҳем, то чунин камбудӣ бартараф шавад. Мувофиқи нақшаамон веб – сомонаро сохтем. Дар он китобҳоеро, ки ба донишҷӯён лозим мешаванд, дар шакли “pdf” ва ё “word” ҷойгир кардем. Донишҷӯ аз он ройгон истифода бурда метавонист. Сомонаи donishkhona.tj – ро дар муддати ду –се моҳ аз ҳисоби худ фаъол кардем”, – нақл кард ӯ.

Дар ин муддат барои Зинҳор маълум шуд, ки сафи истифодабарандагони сомона зиёд шудааст.  Қарор дод, ки бо ягон ширкат ҳамкорӣ кунад, то ин лоиҳа дастгирӣ ёбад.

Вай ба саҳифаи фейсбукии раиси вақти Кумитаи кор бо ҷавонон, Аҳтам Абдуллозода навишта, ҳадафи лоиҳаро мефаҳмонад. Бо он кас рӯ ба рӯ вохӯрда, шартнома мебандад. Бо дастгирии Кумитаи мазкур лоиҳаи donishkhona.tj беш аз 2 сол дастгирӣ меёбад. Пас аз он маблағгузории лоиҳа мувофиқи шартнома қатъ мешавад.

Онҳо дигар натавонистанд, маблағе, ки барои “сервер” ва “домен” сарф мешавад, аз ҳисоби худ ҷудо кунанд. Мутаасифона, он аз фаъолият монд. Имрӯз нақша доранд, бо тими “Navju tech”, ки 12 нафар ҷавони донандаи илмҳои техникиро гирд овардааст, лоиҳаро аз нав зинда созанд.

Зинҳор ҳаммуассиси ширкати Navju аст.
Зинҳор дар ҷойи кор.

Чӣ гуна “Navju tech” рушд кард?

Таваҷҷуҳи Зинҳор ширкати “Navju” аз моҳи декабри соли 2020, вақте тасодуфан саҳифаи фейсбукии ин ширкатро пайдо мекунад, оғоз гардид. Огоҳӣ ёфт, ки онро як ҷавоне бо номи Хайём фаъол кардааст.

Аммо ширкати ӯ аз лиҳози дарёфти мизоҷ мушкил дошт. Баъд аз гуфтугузор тасмим гирифтанд, ки якҷоя кор кунанд, то сатҳу сифати кор беҳтар шавад. Ҳамин тариқ, Зинҳор ҳаммуассиси ширкати “Navju tech” шуд ва раванди кор ранги дигар гирифт.

“Самти маркетинги ширкати “Navju tech” тамоман фаъол набуд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро кушодем. Тарғибро оғоз кардем. Ман ба чандин корхонаҳо рафта, баргаҳои тарғиботии ширкатро тақсим мекардам. Албатта, медонистам, ки то ба назди мизоҷон рафта, оид ба хизматрасонии худ нагӯед, ҳеҷ кас ба нишонии шумо намеояд.

Ҳамчунин, аз малакаҳои нави техникӣ доим огоҳ мешудем, то аз трендҳои нав қафо намонем. Имрӯз мо на фақат бо сохтани веб – сомонаҳо машғулем, балки аз рӯи муосиртарин забонҳои барномасозӣ код менависем. Албатта, дар вақти кӯтоҳ аз хориҷа мизоҷ ёфтан ва аз як “веб – студия” ба ширкати технологӣ табдил ёфтан ҷасорат ва меҳнати зиёдро талаб мекунад”, – гуфт Зинҳор.

Дар бозори дохилии Точикистон ширкати “Navju tech” бо сохтани веб – сомонаҳо, барномаҳои мобилӣ барои Android ва IOS, тавассути имкониятҳои техникӣ беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст. Сомонаҳои i-somoni.tj, jiujitsu.tj, sadoidushanbe.tj аз ҷумлаи маҳсули меҳнати онҳост. Чандин барномаҳои заруриро сохта, дар GooglePlay ва Appstore низ ҷой кардаанд.

“Ширкати мо нав 3 сола шуд. Хушбахтона, соли 2022 ҳамаи дархосту фармоишҳоро сари вақт иҷро карда, ба фаромишгарон супоридем.

Соли гузашта нахустин бор дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, АМА, Русия ва Ӯзбекистон шарикон пайдо кардем. Бозори технологии онҳо барои мо тачрибаи калоне хоҳад дод. Дар оғози соли 2023, аллакай, самти наве дар ширкат боз шуд, яъне Navju Agency фаъол гардид. Оҷонсии мо дар самтҳои SMM, PR, дизайн ва брендинг кор хоҳад кард”, – гуфт  Зинҳор.

Зинҳор Насрӣ

Чаро дар Тоҷикистон мағозаҳои онлайнӣ фаъол нест?

Мағозаҳои онлайнӣ дар хориҷи кишвар дар платформаҳо ба мисли веб – сомона ва барномаҳои мобилӣ фаъолият мекунанд. Масалан, дар Русия мағозаҳои бузурги онлайнӣ ба монанди Ozon ва Wildberries фаъоланд, ки муштариёни зиёд дорад. Дар мо тамоюли таъсиси мағозаҳои онлайнӣ нав рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аксари чунин мағозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Зинҳор низ дар самти пешбурди мағозаҳои онлайнӣ маҳорат озмудааст.

“Cоли 2019 мағозаи “kitob.tj” – ро дар Instagram, ки то ҳол фаъол аст, таъсис дода будам.Онро метавон стартапи муввафақ гуфт. Чун қариб 4 сол боз фаъол аст. Мағозаи онлайнии “ayki.shop” – ро моҳи сентябри 2021 бо ҳамкорам Иброҳим (ҳаммуассиси Navju) сохтем.

Як сабаби асосии фаъол намудани он пур кардани кӯлвори таҷриба дар бозори онлайнии дохилӣ буд. Мо дар давоми беш аз 1 сол тавонистем, ки кори мағозаро хуб пеш барем. Аммо бо сабаби серкорӣ мағозаи онлайниро дигар идора карда натавонистем. Чун лоиҳаи Navju диққату заҳмати бисёрро талаб мекунад ва Иброҳими ҳамкорам барои шартномаву ҳуҷҷатнигорӣ ба хориҷи кишвар бисёр сафар мекунад, вақт барои пешбурди мағозаи онлайнӣ нокофӣ аст. Аз ин рӯ, лоиҳаи бизнеси тайёрро ба як мизоҷ фурӯхтем”, – мегӯяд соҳибкори ҷавон.

Ба андешаи Зинҳор, имрӯз дар Тоҷикистон мағозаҳои онлайнии фаъол он қадар зиёд нестанд. Чун нарх ва суръати Интернет ба рушди он таъсири бевосита дорад. Мағозаи онлайнии kitobz ва dastras.tj дар бозори дохилӣ хеле фаъоланд. Имрӯз “dastras.tj” яке аз аввалин мағозаҳоест, ки ба “маркетплейс” (палтформае, ки барои савдои электронӣ мусоидат мекунад) табдил ёфта истодааст. Вай бо муассиси он Ифтихор Юсуфӣ дӯстӣ дорад ва то ҷое аз корҳояш меомӯзад.

Ёде аз аввалин веб-сомонаи Зинҳор

Зинҳор ба соҳаи сохаи IT аз даврони мактабӣ шавқ дошт. Вақте дар синфи 8 мехонд, бо ҳамроҳии ҳамсинфаш – Нӯъмон Маҳмудҷонов ба сомонасозӣ машғул мешуд. Аввалин веб – сомонаро бо истифодаи забони барномарезии “HTML” сохта буд.  Муаллимон аз лаёқати толибилм дар ҳайрат монда, машварат медоданд, ки оянда ҳамин самтро интихоб кунад.

“Ҳар вакте ки аввалин веб – сомонои сохтаамро ба ёд меорам, хандаам меояд. Он бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд. Дар саҳифаи якум аксҳои худам, дар дуюм наворҳои сабткардаам ва пасон аксхои футболбоз Криштиану Роналду буд. Бале, хеле сода буд. Аммо барои ман аввалин таҷриба буд”,- андеша дорад Зинҳор.

Нахустин бор Зинҳор дар мактаб барномасозӣ кардааст.

Таъсири оила ба ояндаи шахс

Зинҳор дар ноҳияи кӯҳистони Айнӣ таваллуд шудааст. Давраи наврасиаш дар шаҳри Душанбе сипарӣ мешавад. Ӯ шашумин фарзанд, яъне дар оила аз ҳама хурд аст. Аз ҷониби падару модар, хоҳару бародар меҳрубонию дастгирии зиёд мебинад. Ба онҳо ҳамеша сипос мегӯяд, чун доимо дар канорашанд.

Вай айни хатми мактаб мехост, ки тарҷумон ё сафир шавад. Аз ин рӯ, ба ихтисоси тарҷумонӣ (забони олмонӣ) – и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Ҳоло донишҷӯ нашуда, аллакай, забони англисиро хуб медонист. Аз ин рӯ, хост, ки забони олмониро низ омӯхта, тарҷумони хубе шавад.

“Оилаи ман оилаи бисёр илмдӯст аст. Дар овони мактабхонӣ бо бародарону хоҳаронам сабқат мекардем, ки дар давоми ҳафта баҳои аълоро кӣ бисёртар мегирад. Боз талош месохтем, ки аз мактаб ифтихорнома гирем. Чун дар охири соли таҳсил онҳоро ҳисоб карда, дар байни худ ғолибро муайян менамудем. Ростӣ, мусобиқа барои баҳою ифтихорнома хеле ҷолиб буд.

Фазои хонаводагӣ боис мешуд, то ба донишомӯзӣ зиёдтар ҷалб шавем. Мекӯшидам, ки дар ҳамаи маҳфилу чорабиниҳои мактаб (МТМУ № 50 – и шаҳри Душанбе) ширкат варзам. Солҳои охири таҳсил бо ташаббуси худ бо даҳҳо хонанда корбарӣ карда, бахшида ба рӯзҳои ҷашнӣ маҳфилу ҳамоишҳо доир мекардем. Аз ҳамон давра дар худ сифатҳои худбоварӣ ва масъулиятшиносиро парвариш мекардам”, – афзуд қаҳрамони мо.

Зинҳор дар ноҳияи кӯҳистони Айнӣ таваллуд шудааст.

Нақшаҳо барои соли 2023

Аллакай, 6 сол аст, ки Зинҳор дар соҳаи IT фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, ки кори барномасозӣ ба суръат ва нархи Интернети босуръат бастагии зиёд дорад. Агар суръати Интернет дар Тоҷикистон беҳтар шавад, соҳаи IT боз рушд хоҳад кард.

Як ҷиҳати мусбати соҳаи мазкур дар ин аст, ки бозори IT дар кишвари мо ҳоло ҳам холӣ аст ва ҳар нафаре, ки нав оғоз мекунад, имкон дорад, ки бе мушкилӣ аз бозори Тоҷикистон мизоҷони худро ёбад. Дар анҷоми соли 2022 Зинҳор Насрӣ роҳбари Ассотсиатсияи стартапҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

“Ман ҳамчун роҳбари Ассотсиатсияи стартапҳои Тоҷикистон вазифадорам, ки барои иттиҳоду сарҷамъии стартапҳои миллӣ ва рушди онҳо саҳми худро гузорам. Дар соли ҷорӣ шарики расмии Google for Startup гардем. Шарикони байналмилалӣ дар ин самт зиёданд ва фикр мекунам, пайроҳае, ки пеш гирифтем, дуруст аст”, – қайд намуд Зинҳор.

Ба гуфтаи ӯ барои стартапҳои хурд имрӯз чандин барномаҳои миллӣ ва байналмилалӣ вуҷуд доранд. Дар “Бизнес-Инкубатори Точикистон” дарсҳои ройгон барои стартапҳо, озмунҳо ва курсҳои кутоҳмуддат мегузарад, ки барои ба сатҳи нав расидани стартапҳо мусоидат мекунанд. Вале ӯ як мушкилии асосиро низ зикр кард.

Зинҳор бо ҳамкораш
Зинҳор Насрӣ ва Фозил Муродзода, менеҷери мағозаи онлайнии kitob.tj.

“Дар ин самт мушкилот низ вуҷуд дорад. Аксари онҳо аз бетаҷрибагӣ метарсанд. Онҳо гумон мекунанд, ки корашон барор намегирад, ба идеяҳояшон эрод мегиранд ва механданд. Фаромӯш набояд кард, ки ширкатҳои бузурги хориҷӣ ҳам аз корро аз ғояҳои хурд сар кардаанд, аз ҳама муҳим натарсидаанд, аз хатоҳояшон омӯхтаанд. Якчанд наврасону ҷавононро мешиносам, ки баъд аз курсҳои омӯзишӣ стартапҳои нав сохтанд ва имрӯз дар бозори дохилӣ фаъолият доранд”, – шарҳ дод Зинҳор.

Файзуллохон ОБИДОВ


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
12
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend