fbpx

“Уральские авиалинии”: Парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия қатъ намекунем

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз сомонаи ura.news

Бонки ҷаҳонӣ барои ваксинзанӣ ба Тоҷикистон иловатан 25 млн доллар ҷудо мекунад

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 14 март маросими баимзорасонии Созишнома оид ба маблағгузорӣ (маблағгузории сеюми иловагӣ барои Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд баргузор гардид.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, созишномаи мазкурро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – ҷаноби Озан Севимлӣ ба имзо расониданд.

Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа – таъмини пешгирӣ, омодагӣ ва эътино ба пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории сеюми иловагӣ 17,9 млн ҳуқуқи махсуси қарзгириро ташкил медиҳад, ки он ба 25,0 млн доллари амрикоӣ баробар мебошад.

“Уральские авиалинии”: Парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Русия қатъ намекунем

Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» мушкилотеро, ки боиси таъхир ё лағви парвозҳо шуда буд, бартараф намуда, парвозҳо ба/аз Тоҷикистон ба Русияро барқарор кард, хабар додаанд ба «Азия-Плюс» дар намояндагии ин ширкат дар Тоҷикистон.

“Дар ду рӯз панҷ рейси мо пурра лағв шуд ва чанд рейси дигар ба таъхир афтод. Сабабҳои таъхир ба таҳримҳои авиатсионии зидди Русия ва бақайдгирии ҳавопаймоҳо ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандӣ дар Русия марбут буд. Сабти ҳавопаймоҳо ба ин феҳрист идома дорад”, – гуфтаанд дар намояндагӣ.

Ширкат қайд кардааст, ки “чиптаҳо барои парвозҳои лағвшуда бекор намешаванд, балки барои парвозҳои дигар дубора иҷоза дода мешаванд.”

Он ҷо гуфтанд, ки сар аз имрӯз ширкат парвозҳои ба таъхир афтодаро аз фурудгоҳҳои гуногуни кишвар ба роҳ мемонад.

“Хабари боз доштани парвозҳо аз/ба Тоҷикистон ҳақиқат надорад. Мо парвозҳоро қатъ намекунем ва онро идома медиҳем”, – хабар доданд дар намояндагӣ.

Сӯхтор дар як бинои баландошёна дар Хуҷанд

Дар як бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад. Шоҳидон гуфтанд, ҳодиса пас аз зуҳри 15-уми март рӯй дод. Онҳо аз кори, ба гуфтаашон, сусти оташнишонҳо танқид намуданд.

Манобеи расмӣ гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз хисороти бештар мардумро ба берун бароварда, нерӯи барқро дар маҳалла хомӯш карданд.

Сӯхтор дар як манзил дар ошёнаи ҳафтум рӯй дода, ба чанд хонаи дигар зарар расондааст.

Идораи ҳолатҳои фавқулода ва оташнишонӣ то ин дам тафсилоти ҳодиса ва зарари расидаро нагуфтанд.

Вазорат барои мактабҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгор меҷӯяд

Дар Тоҷикистон барои муассисаҳои давлатии буҷавии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Русия ва Тоҷикистон омӯзгорон меҷӯянд.

Дар ин бора котиботи Вазорати маорифи Тоҷикистон эълон нашр намуда, талаботҳои асосӣ барои довталабонро низ зикр намуд.

Ба иттилои манбаъ, вазорат мехоҳад муаллимони фанҳои дақиқро барои мактабҳои муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҷалб кунад.

Дар матни эълон зикр шудааст, ки довталабон бояд ҳатман забонҳои русӣ ва тоҷикиро хуб донан ва ҳамчунин аз таърих ва фарҳанги Русияву Тоҷикистон низ бохабар бошанд.

Талаботҳои дигар барои довталабон ин донистан ва истифодаи усулҳои муосири таълим ва бо хонандагону толибилмон хушмуомила будан, гуфта мешавад.

Қазияи Амурро Вазорати меҳнат таҳти назорат гирифт

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, ки муноқишаи гуруҳии муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Свободнии вилояти Амур таҳқиқ дорад ва сабабҳои рух додани ҳодиса ва дигар омилҳои қазияи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор додааст.

Ёдрас мешавем, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хоҳиш кард, тафтишоти занозании дастаҷамъӣ дар яке аз майдонҳои сохтмони вилояти Амурро таҳти назорат бигирад.

Ҳодисаҳо рӯзҳои 8 ва 9 март дар корхонаи коркарди гази Амур ва комбинати гази кимиёвии Амур дар наздикии Благовещенск рух доданд.

Ин занозанӣ дар навор сабт шудааст, ки дар он даҳҳо коргар иштирок доштааст. Тибқи баъзе гузоришҳо, дар задухӯрд ҳудуди 500 нафар ширкат доштанд.

Ду муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё барандаи медали нуқра шуданд

Тими Тоҷикистон дар Қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон дар Урдун соҳиби 8 медал, аз ҷумла 2 нуқра шуд.        Абдураҳим Ёқубов, муштзани тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон барандаи медали нуқра шуд.

Дар зӯрозмоиҳои миёни ҷавонон инчунин 3 намояндаи дигари Тоҷикистон – Юсуф Фозилов дар вазни то 71кг, Нурланбек Эрматов дар вазни то 75кг ва Акмалҷон Абдувалиев дар вазни то 86кг соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар мавриди натиҷаи зӯрозмоиҳо миёни наврасон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки 4 медал ба даст оварда шуд.

Қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Уммони кишвари Урдун баргузор шуда, дар маҷмуъ намояндагони 21 давлати қора дар он зӯрозмоӣ кардаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 21 варзишгар, аз ҷумла 11 нафар дар миёни ҷавонон ва 10 нафар дар миёни наврасон намояндагӣ намуданд. Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик аз ин қаҳрамонӣ бо 8 медал – 2 нуқра ва 6 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend