Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 апрел сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григоревро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супорид. Дар нота вазорат аз муносибати дағал нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, инчунин ба таври васеъ вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки мавсими сафари муҳоҷирон ба Федератсияи Русия фаро расидааст. Аммо гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия ниҳоят мушкил шудааст. Тайи як ҳафтаи охир муҳоҷирони тоҷик бо нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки марзбонони рус онҳоро ба ҳудуди Русия гузаштан намемонанд, ё хориҷ мекунанд ва ё баъди тафтиши дурудароз иҷозаи вуруд медиҳанд.
Ин гуна муносибат танҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон сурат мегирад ва тайи чанд шабонарӯзи охир садҳо муҳоҷири тоҷик бо зану кӯдакони хурдсолашон дар гузаргоҳҳои марзӣ ва фурудгоҳҳои Русия дар шароити ниҳоят вазнин дармондаанд.
Мо бо чанд муҳоҷири тоҷик, ки ба ҳудуди ин кишвар бо машаққати зиёд роҳ ёфтаанд, ҳамсуҳбат шудем.
“Телефонамро “сброс” задам”
Як муҳоҷири тоҷик,ки нахост номашро зикр кунем, ба Your.tj гуфт, ки чӣ гуна ба шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия рафт.
Ӯ чиптаро тавассути фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Екатеринбург харидорӣ намудааст. Пеш аз сафар намудан шароит ва муносибати русҳоро тариқи ВАО пайгирӣ мекард. Дар мавриди санҷиши муҳоҷирони тоҷик аз тарафи кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ иттилоъ гирифта буд.
“Аз сомонаҳои иттилоотӣ дар бораи санҷиши телефонҳо дар баробари ҳуҷҷатҳо, хабарҳоро хондам. Баъдан дӯстонам,ки дар муҳоҷират қарор доранд, ба ман гуфтанд, ки телефони дастиатро “сброс” зан, то ҳама иттилооте, ки дар мавриди Крокус хонда ва тамошо намуда будӣ, нест шавад. Аз рӯйи гуфтаи онҳо хотираи телефонамро “нав” кардам ва бо дили пур ба сафар баромадам”, ‑ мегӯяд муҳоҷири тоҷик.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Муҳоҷиронро чӣ гуна аз санҷиш мегузаронанд?
Ӯ тақрибан 8 сол мешавад, ки барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия меравад. Бештар ба корҳои сохтмон, бетонрезӣ, резинрезӣ машғул аст. Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ки онҳоро давоми шаш соат дар гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Екатеринбург манъ намудаанд ва аз санҷиш гузаронидаанд. Давоми шаш соат, онҳо дар толори калони гузаргоҳи сарҳадӣ, гуруснаву ташна бозмонданд.
“Ҳар як нафарро ба утоқи махсус дароварда, аз пурсиш мегузаронанд. Дар давоми чанд соате, ки дар онҷо дармондем, ду‑се нафарро “депорт” карданд.
Навбати ман ҳам расид. Ба утоқ даромадам ва дар он ҷо нафар саволу ҷавоб мекард, боз якчанд нафар равуо доштанд. Аз ман сабаби омаданамро пурсиданд, ҷавоб додам, ки ҳамчун муҳоҷири корӣ омадаам. Ҳуҷҷатҳоямро аз назар гузарониданд, сипас аз ман телефони дастиамро пурсиданд. Рамзи телефонро боз намуда ба дасташон додам. Давоми панҷ дақиқа телефонро кофтуков карданд. Баъди он гуфтанд, ки “барори кор, метавонӣ биравӣ”. Ҳамин тавр аз пурсиш гузаштем”, ‑ нақл кард муҳоҷири тоҷик.
Ин муҳоҷири тоҷик аз имтиҳони забони русӣ нагузаштааст, вале мегӯяд, тавассути ҳуҷҷатҳои соли қаблӣ, ки дар дасташ буд, аз сарҳад иҷозаи гузаштанро гирифтааст.
“Тоҷиконро махсус тафтиш намуда, боздошт мекарданд”
Тоҷиддин Шарипов, муҳоҷири 27-солаи тоҷик, ки чанд сол боз дар Русия кор мекунад, рӯзи 23-юми апрел ҳамроҳи 5 нафар ҳамватанонаш бо мошини сабукрав мехост тавассути гузаргоҳи сарҳадии заминӣ ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Вале онҳоро дар гузаргоҳи “Сагарчин”, воқеъ дар марзи Оренбурги Русия ва Урали Қазоқистон боздоштанд.
“Ҳангоми гузариши марз вақте мехостем ба Русия ворид шавем, кормандони гумрук аввал дохили ҳар як мошинро аз назар гузаронида, аз онҳо танҳо тоҷиконро махсус ҷудо карданд. Баъд бурда дар дохили як панҷара маҳкам намуданд”, – гуфт ӯ зимни суҳбат бо Your.tj.
Муҳоҷири тоҷик қайд намуд, ки чунин муносибат новобаста ба он ки ҳуҷҷат доштанд ё не, аз ҷониби кормандони гузаргоҳ сурат гирифт ва ин махсус ба тоҷикон нигаронида шуда буд.
“Ду озарбойҷонӣ тарафи тоҷиконро гирифта, сабаби боздошти моро пурсиданд, вале онҳоро низ боздошт карданд”, – гуфт ӯ.
“Бо баҳона кӯдаки 6-моҳа иҷозат доданд”
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, бо баҳонаи дар таксии онҳо будани як кӯдаки 6-моҳа онҳоро иҷозат доданд, то ба Русия ворид шаванд.
“Бо таксие, ки мо рафта будем, як кӯдаки 6-моҳа низ буд. Кӯдак таб дошт ва гиря мекард, бо баҳонаи ӯ моро иҷозати дохил шудан доданд”, – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Шарипов мегӯяд, марзбонон ҳатто ба кӯдакон раҳм намекарданд ва пас аз шикояти чанд ронандаи фура, ки гуфтанд, ақалан кӯдаконро монед, тавонистем, ки ворид шавем.
Ба гуфтаи ӯ онҳоро як рӯз дар шароити бад нигоҳ доштанд, вале нафарони зиёде буданд, ки ҳатто ду-се рӯз бе хӯрок ва ҷои муносиб дар минтақаи сарҳадӣ қарор доштанд.
ВКХ: Вазъ хуб нест, аммо шояд муваққатӣ бошад
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кард, ки аз сафар ба Русия бо ҳама намуди нақлиёт муваққатан худдорӣ кунанд.
28‑уми апрел дар баёнияи дигар вазорат дар мавриди вазъи шаҳрвандони дармондаи кишвар ва шароити онҳо маълумот нашр кард. Дар он зикр шудааст, ки вазъ ва шароити муҳоҷирон хуб нест ва гумон меравад, ки ин шароит “муваққатӣ” бошад.
Мувофиқи иттилои ВКХ Тоҷикистон аз шумораи умумии шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково”, пас аз интизории чандинсоата, аз 954 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамагӣ 322 нафар ба ҳудуди ин кишвар роҳ ёфтаанд. Ҳамчунин 27 нафар ронда шудаанд. Мақомоти Русия ният доранд, 306 нафари дигарро ба “рӯйхати ихроҷшулагон” ворид кунанд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, аз намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар миёни бандмондаҳо донишҷӯён низ ҳастанд, ки тариқи квота ё бурсияи ҳукумати Русия дар он кишвар таҳсил менамоянд.
Your.tj