fbpx

Табрики Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Ба таъкиди ӯ, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва дар ҳама ҷо ба кор баранд.


1
1 point
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар Рӯзи забони давлатӣ, ки имрӯз, 5-уми октябр муқаррар шудааст, ба сокинони ҷумҳурӣ табрикоти худро расонд.

Дар матни он, ки дар сомонаи хадамоти матбуоти президент нашр шудааст, гуфта мешавад, забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ, бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёди дар масири рушд ва ҳатто мавҷудияти он эҷодшуда ҳамнафасу ҳамқадами миллати тоҷик ва илҳомбахши фаъолияти илмиву адабӣ, фарҳангиву маънавӣ ва сиёсиву иҷтимоии тоҷикон будааст.

“Имрӯз масъалаи забон яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад”,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, осори ҷовидонаи ба забони ноби тоҷикӣ таълифнамудаи гузаштагони мо ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашариро бо беҳтарин намунаҳои илмиву адабӣ ва ахлоқиву маънавӣ ғанӣ гардонидааст ва ин ифтихори мост.

“Бо дарназардошти аҳаммият ва зарурати эҳтирому арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он ман борҳо таъкид намудаам, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад”,- гуфт президент.

Ӯ донистани забони модариро барои ҳар як фард “маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан, давлати соҳибихтиёр ва воситаи пайванд бо рисолати тамаддунсозиву фарҳангсолории халқ” маънидод кард.

Ба гуфтаи президент, рушди бесобиқаи ҷаҳони муосир, махсусан, пешрафти техника ва технологияҳо ба ҳамаи самтҳои зиндагӣ ва фаъолияти одамон таъсири рӯзафзун гузошта истодааст.

“Барои ҳалли ин масъалаҳо олимони забоншиноси мо бояд ба омӯзиши ҳамаҷонибаи гӯйишҳо, таҳқиқи таърихи забон, баргардону нашр кардани осори оламшумули давраи классикӣ аз устод Рӯдакӣ то устод Айнӣ ва муайяну дақиқ сохтани усулҳои калимасозии забони тоҷикӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд”,- таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, президент афзуд, ки бо мақсади аз байн бурдани гуногунбаёнӣ дар истифодаи истилоҳот таҳияву тадвини луғатномаҳои соҳавӣ густариш бахшида шавад.

Ба таъкиди ӯ, барои ҳамаи соҳибзабонон зарур аст, ки забони адабӣ ва меъёрҳои онро донанд ва дар ҳама ҷо ба кор баранд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, “миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад ё аз даст медиҳад, бо мурури замон дар майдони таърих аз он нишоне боқӣ намемонад”.

Дар охир ӯ мардумро ба қадршиносӣ, дӯст доштан, эҳтиёт кардан ва талош барои тозаву беолоиш ва ботаровату зебо нигоҳ доштани забони тоҷикӣ даъват намуд.

5-уми октябри соли 2009 дар Тоҷикистон тарҳи нави Қонуни забони давлатӣ ба тасвиб расид ва ин таърих расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид.

Аз соли 1989 то 2009 Рӯзи забони давлатӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22-уми июл таҷлил мешуд. Дар ин рӯзи соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қонуни забонро қабул кард. Дар ин қонун бори нахуст забони тоҷикӣ мақоми забони давлатиро касб кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend