Таҷриба, масъулият, ватандӯстӣ. Як соли рӯзноманигори тоҷик дар хизмати ҳарбӣ

Имсол даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат – дар давоми як моҳи аввали даъват пурра ба анҷом расид. Вазорати мудофиа дар ин бора хабар дода, гуфт, “сафи ихтиёриён дар артиш афзудааст”.

Дар баробари ҷалби наваскарон ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро анҷом доданд, рухсат дода шуданд. Муаллифи Your.tj – Абдуғаффор Шодиев низ пас аз хатми донишгоҳ як сол адои хизмат намуд. Абдуғаффор нақл кард, ки ин муддат дар сафи артиш чӣ гуна гузашт ва ба ӯ чӣ дод.

Абдуғаффор – акс аз замони донишҷӯӣ

“Либос одӣ не, масъулияти бузурге буд”

Шуруъ аз моҳи январи соли 2021 баъди тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шахсони донишгоҳу донишкадаҳои дорои кафедраи ҳарбиро хатмкарда низ бояд 12 моҳ адои хизмат намоянд.

Абдуғаффор Шодиев хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2022 аст.

Ӯ моҳи апрели соли 2024 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Мавсуф дар қисми ҳарбии 04533-и ноҳияи Деваштич ва пасон дар ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии мазкур, ки дар шаҳри Истаравшан воқеъ аст, адои хизмат намуд.

Абдуғаффор дар байн

“Мо наваскарон то қабули рӯзи савганди ҳарбӣ дар “карантин” қарор доштем. Дар казармаи алоҳида хоб карда, ба муҳити хизмати ҳарбӣ мутобиқ мешудем. Соатҳои муайян қадамзании якҷоя, қоидаҳои сафороӣ ва ӯҳдадориҳои хизматчии ҳарбиро азхуд мекардем. Барои омӯзиши мо афсарон ва сержантҳо масъул буданд.

Дар саф истодан, қадам задан, тамринҳои сарбозӣ ҳисси хосе медод. Вақте либоси ҳарбиро пӯшидам маро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Дарк кардам, ки он либоси одӣ не, масъулияти бузурге бар дӯши ман аст. Зеро 10 миллион аҳолии ватанам ба умеди сарбозону афсарон аст, ки оромиро таъмин мекунанд”,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Қаҳрамони мо мегӯяд, чун муҳассили кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, барояш қадамзаниву дар саф истодан ва аз худ кардани қоидаҳои оинномаҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи мушкил набуд.

Ҳатто нафароне, ки маълумоти миёнаи нопурра доранд, хеле зуд қоидаҳои оинномаи ҳарбиро меомӯхтанд.

“Мисли хона, фақат дар чаҳорчӯбаи тартибу низом”. Шароити қисми ҳарбӣ чӣ гуна буд?

Абдуғаффор мегӯяд, дар казарма барои сарбозон тамоми шароит мавҷуд аст. Ҳар як сарбоз дорои рахти хоб, сачоқ, хамираи дандоншӯйӣ, маводи шустушӯ, крем барои пойафзол ва ғайра мебошад, ки дар ҳар яки он рақамгузорӣ гардида, ному насаби сарбоз навишта шудааст.

“Вазифаи сарбоз танҳо обу тоб додани бадан, тамрини пайваста, омӯхтани омодабошиву усулҳои ҷанг, омӯзиши фанҳои муқарраргашта тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи қисми ҳарбӣ, ба таври қатъӣ риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва аз ҳама муҳим, нигоҳ доштани интизоми ҳарбӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ мебошад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ӯ афзуд, казарма дар фасли сармо бо гармидиҳакҳои барқӣ (радиаторҳои калон) ва ҳам печҳои ҳезумсӯз гарм карда мешавад. Дар гармӣ бошад, тавассути шамолдиҳакҳо салқин мешавад.

Дар қисми ҳарбӣ дар як рӯз чор маҳал хӯрок (дар нисфирӯзӣ хӯроки якуму дуюм) иборат буда, бо хӯриш, равғани зард, чой ва қанд, шарбат ва аксари вақт бо меваҳои тару тоза таъмин буд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, қисми ҳарбии онҳо дорои нуқтаи тиббӣ ва бо маводҳои доруворӣ таъмин буд.

“Дар нуқтаи тиббӣ низ шароити хубе фароҳам буд. Сарбозони дорои маълумоти тиббӣ дар он ҷо масъул буданд. Ҳамарӯза аз сарбозон пас аз санҷиши бегоҳирӯзӣ пурсида мешавад, ки ягон арзу шикоят доранд? Агар сарбоз шикояте дошта бошад, дарҳол расидагӣ мекунанд. Шароити қисми ҳарбӣ ҳам мисли хона, фақат дар чаҳорчӯбаи тартибу низом. Ин шароитҳо натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон аст”,- афзуд Абдуғаффор.

Муносибати афсарон

Абдуғаффор Шодиев мегӯяд, дар хизмат инсон ҷасорат, матонат, мустақилият, масъулият ва аз ҳама муҳим ба қадри доштаҳояш расиданро меомӯзад.

Хизмат таҷрибаву сабақҳое медиҳад, ки тамоми умр раҳнамои зиндагӣ мешавад.

“Ман дар симои афсарон шахсони ватандӯст, ҳимоятгар, ва ҷавонмардони ҳақиқиро дидам. Дар давоми хизмат аз дастгирии пайвастаи онҳо, ки ҳамчун падар, бародар ғамхорӣ мекарданд, бархӯрдор будам. Аз командирамон, капитан Мухтор Валиҷонзода ва капитан Толибҷон Акрамов миннатдорам”,- иброз дошт қаҳрамони мо.

Имконият барои сохтани ояндаи бузург

Назар ба гуфти Абдуғаффор Шодиев, мувофиқи реҷаи рӯз пас аз хӯроки шом вақти фароғати сарбозон муқаррар гардиааст. Сарбоз метавонад дар ин муддат либосҳояшро тамиз кунад, китоб мутолиа намояд, ба бозии шашкаву шоҳмот машғул шавад ё дар ҳуҷраи фароғатӣ телевизион тамошо кунад.

“Чун ба хондан шавқи зиёд дорам, бештар китобу рӯзнома мутолиа мекардам. Ҳамзамон, ба навиштани қиссаву ҳикояҳои воқеиву тахайюли машғул мешудам. Инчунин, қариб 50 шеър азхуд кардам. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Суруди сарбоз”, ки бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дивизия баргузор гардид, дар номинатсияи “Хониши бадеӣ” иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидам”,- иброз дошт қаҳрамони мо.

Сипосномаву ифтихорномаҳои Абдуғаффор аз хизмати ҳарбӣ

Абдуғаффор мегӯяд, якчанд ҳамхизматонаш дар давоми хизмат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ машғул шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамхизматаш Умед, ки ихтисоси тиббӣ дошт, забони олмониро ба тариқи худомӯзӣ азхуд кардааст.

Сарбози дигар бо номи Исмоил, ки факултети муносибатҳои байналмилалми ДМТ-ро хатм кардааст, забони англисиро то андозае омӯхтааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, “ҳар як лаҳзаи фориғии сарбоз имконияти бузург барои сохтани оянда аст”.

Саёҳати сарбозони ятими кули гарнизони Суғд

Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ 27-29-уми августи соли 2024 саёҳати сарбозони ятими кулли гарнизони Суғд баргузор гардид.

Сарбозон мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла “Қалъаи Хуҷанд”, “Қасри Арбоб” хона-музейи аллома Бобоҷон Ғафуров, осоишгоҳи “Баҳористон” ва дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро тамошо карданд.

“Сайёҳати сарбозон хеле хотирмон гузашт. Моро се рӯз дар тарабхонаҳои маъруфи Хуҷанду Бӯстону Б.Ғафуров меҳмондорӣ карданд. Махсусан, тарабхонаи “Қасри Арбоб” бароям хеле писанд омад. Ростӣ чунин саёҳатро дар қисми ҳарбӣ интизор набудам”,- таъкид дошт Абдуғаффор.

Бино ба гуфти ӯ, дар ҳар иду ҷашн дар қисми ҳарбӣ меҳмонон, аз ҷумла раиси шаҳр, муовинони раиси вилоят ва дигар шахсони масъул омада, сарбозонро бо ид табрик мекарданд. Дар ин рӯзҳо барои сарбозон дастурхони идона ороста мешуд.

“Сипари боэътимоди Ватан”

Абдуғаффор нақл мекунад, дар гарнизони Суғд ба муносибати иду ҷашнҳо миёни сарбозон зуд-зуд мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ баргузор мегардид.

Сарбозони ғолиб бо диплому ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва рухсатии даҳрӯза қадрдонӣ мешуданд. Ӯ дар озмуни “Сипари боэътимоди Ватан”, ки дар ноҳияи Деваштич миёни сарбозон баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гардид.

“Озмуни “Сипари боэътимоди ватан”, аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳи Деваштич баргузор гардид. Озмуни мазкур аз панҷ шарт муаррифӣ, худбардорӣ, дӯхтани гиребони либоси ҳарбӣ, саволу ҷавоби сиёсӣ, истеъдод (хондани суруд, шеър, саҳначаи ҳаҷвӣ) иборат буд.  Дар ин озмун сазовори ҷойи аввал гардидам”,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Абдуғаффор бо ифтихорномаи командири қисми ҳарбии 04533 ва сипосномаи раиси шаҳри Истаравшан қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби командири қисми ҳарбии 01972 полковник Асозода Абдулмумин ба унвони падараш (равоншод) Абдувоҳид Шодиев  мактуби миннатдорӣ эҳдо гардидааст.

Мактуби миннатдорӣ ба номи падари равоншоди Абдуғаффор

“Як соли хизмат пур аз таассурот, таҷриба ва сабақҳои зиёде буд. Аз ҳама муҳим ман қарзи шаҳрвандиии худро адо намудам”,- гуфт дар охир Абдуғаффор Шодиев.

Ӯ 7-уми апрели соли 2025 тибқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хизмати ҳарбӣ ба назди оилааш пурра рухсат дода шуд.

Абдуғаффор бо фарзандаш
Skip to toolbar