Таҳсили ҷавони тоҷик дар кореяи ҷанубӣ

“Тағою хола кӯмак намекунад”. Чанд фарқияти таҳсил дар Кореяи Ҷанубӣ аз Тоҷикистон

Ҳайдар Искандарзодаи 24-сола хатмкунандаи зинаи магистратураи ихтисоси зеҳни сунъӣ (Artificial Intellegence) дар Донишгоҳи миллии Кёнгбук (KNU)-и Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ӯ соли 2020, пас аз хатми Донишгохи Технологии Точикистон бо ихтисоси инженер-барномасоз, тасмим гирифт дар як қолаб намонад. Бо ин мақсад ҳуҷҷатҳояшро тариқи барномаи GKS барои таҳсил дар зинаи магистрӣ ба мактабҳои олии Кореяи Ҷанубӣ супорид.

Сабаби интихоби таҳсил дар ин кишвар ба ақидаи Ҳайдар яке аз пешрафтатаринҳо дар соҳаи IT будани Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи афзалиятҳои таҳсил дар Корея ва дигар муваффақиятҳояш нақл кард.

Чӣ тавр ба донишгоҳи Корея дохил шудан мумкин аст?

Ҳайдар замони дар ДТТ таҳсил карданаш бо профессор Ёнгҳо Пак аз Кореяи Ҷанубӣ ошноӣ пайдо кард. Бо пешниҳоди профессор Ҳайдар бо барномаи GKS шинос гардида, ихтисоси зеҳни сунъиро, ки дар замони муосир яке аз самтҳои маъруф дар тамоми дунё ба ҳисоб меравад, барои таҳсил дар зинаи магистратура интихоб намуд.

Барномаи GKS ду роҳи имтиҳонсупорӣ дошт: яке ба воситаи сафоратхона ва дигаре ба таври ҳузурӣ дар донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ. Ҷиҳати муфиди имтиҳонсупорӣ ба воситаи сафорат дар он аст, ки довталаб метавонад дар базаи интихоб 3 донишгоҳро интихоб кунад. Ҳайдар низ чунин кард ва дар натиҷа тавонист ба ҳар сеи донишгоҳи интихобкардааш қабул шавад.

Ба гуфтаи Ҳайдар, барои дохил шудан ба донишгоҳ тариқи барномаи GKS дар зинаи магистратура, имтиҳони тестӣ ё шифоҳӣ пешбинӣ нашудааст. Танҳо масъулини сафоратхона, сипас кормандони донишгоҳ тариқи фосилавӣ (агар довталаб дар Корея бошад, дар ҳолати ҳузурӣ) аз довталаб бо забони англисӣ ё кореягӣ мусоҳиба мегиранд. Албатта қобилияти ба таври шево суҳбат карда тавонистан бо яке аз ин забонҳо талаб карда мешавад.

Таҳсил дар зинаи магистратураи Кореяи Ҷанубӣ аз таҳсил дар зинаи магистратураи Тоҷикистон бо якчанд ҷиҳатҳояш фарқкунанда аст, мегӯяд Ҳайдар. Масалан:

  • худи магистрант метавонад фанҳои таълимиро аз факулта интихоб кунад;
  • ғайр аз дарсҳо иштирок дар таҷрибаомӯзии лабораторӣ ҳатмист;
  • намуди имтиҳонсупорӣ аз услуби имтиҳонгирии устод вобастагӣ дорад, яъне равиши ягонаи имтиҳонсупорӣ мавҷуд нест.

“Ҳар нафаре, ки довталаби донишгоҳи хориҷи кишвар аст, мақсадаш бояд танҳо таҳсил бошад, на сафар ба мамлакати ғайр. Зеро ҷараёни дарсҳо хеле ҷиддӣ буда, худомӯзиро талаб мекунад. Интернет ёру ёвари ҳар як донишҷӯ аст. Устодон нисбати дониши донишҷӯён таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар ин ҷо масали “тағаю хола” асло нест”,- гуфт ӯ бо табассуми маънидорона.

Санги пеши по

Ҳар нафаре, ки барои таҳсил ба хориҷ аз кишвар сафар мекунад, ҳатман бо мушкилие бармехӯрад. Қаҳрамони мо низ ба чунин ҳол уфтода буд.

Одатан донишҷӯён ҳангоми ба донишгоҳи мамлакатҳои бурунмарзӣ дохил шудан, дарҳол нақшаи сафар ба маконҳои диданию истироҳатиро таҳия мекунанд, вале “дард” -и Ҳайдар дигар буд. Вақте ӯ азми сафар ба Кореяи Ҷанубӣ дошт, ба соли мавҷи якуми коронавирус дуруст омад. Тибқи пешбиниҳо, мебоист донишгоҳ бо донишҷӯ дар тамос шавад ва барои хариди чипта ва бақайдгирӣ дар хобгоҳ кумак расонад. Вале авҷи пандемия сафари ӯро зери суол монда буд.

“Яке аз дӯстонам, ки дар Корея зиндагӣ мекард, бо сафоратхона дар тамос шуда, фаҳмид, ки ба наздикӣ сафоратхонаи Точикистон барои муҳоҷирони тоҷикистонии Корея ва кореягиҳои Тоҷикистон, рейси чартерӣ кушоданист. Баъд аз сӯҳбати дӯстам бо сафоратхона, онҳо дар қатори дигар донишҷӯён ба ман ҳам иҷозат доданд, ки аз он рейс истифода барам”,- айёми гузаштаро ба хотир меорад Ҳайдар.

Донишгоҳҳо қабули донишҷӯёнро дар хобгоҳ одатан аз моҳи август шуруъ мекунанд. Аз сабаби он ки Ҳайдар як моҳ пеш аз муҳлати муқаррарӣ ба Корея парвоз кард, муаммои ҷойи зисти муваққатӣ пеш омада буд. Хушбахтона кормандони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Корея, барои дарёфти манзили зист кумак намуданд. Албатта ҳаққи манзили иҷораро худи донишҷӯ пардохт кард.

Соли аввали таҳсили Ҳайдар, ба таври онлайнӣ гузашт. Он замон ӯ дар Сеул иқомат дошт. Ҳоло ӯ дар шаҳри Тэгу таҳсил ва зиндагӣ мекунад, ки дар ин шаҳр тақрибан 20 нафар тоҷикистониро вохӯрдан мумкин аст.

Забон донӣ – ҷаҳон донӣ

Ӯ ҳар моҳ 1 миллион вон (тайи 800 доллар) стипендия мегирад, ки барои пардохти иҷораи манзили зист, хариди маҳсулоти хӯрокворӣ ва либос мерасад.

Бояд қайд кард, ки барномаи GKS барои зинаи магистратура 3 сол стипендия муқаррар кардааст, ки аз он 1 солаш омӯзиши забони кореягиро дарбар мегирад. Ҳайдар қабл аз Корея рафтан, то андозае забони кореягиро омӯхта буд. Хуб шуд, ки дар соли аввали таҳсил, барнома ба ӯ имкон дод, ки забони расмии ин мамлакатро беҳтар омӯзад.

Ӯ ҳоло низ барои беҳтар намудани сатҳи донандагии забони кореягии худ, дорамаҳои Кореяро бо забони аслӣ тамошо мекунад. Яке аз онҳо “Итевон класс” ва “Шоҳбону Чорин” мебошад.

Ҳайдар ба довталабон тавсия медиҳад, ки барои таҳсил дар Корея пеш аз ҳама боварӣ ба худ доштан, забони англисиро донистан (агар кореягӣ низ бошад беҳтар аст), GPA-и хуб доштан ва худтанзимкор будан лозим аст.

Дар боби ҷолибиятҳо…

Ба андешаи Ҳайдар, ҷиҳатҳои мусбии таҳсил ё зиндагӣ дар хориҷи кишвар, пайдо шудани одати ҳисобу китоби молиявӣ; масъулиятро ба уҳда гирифтан; мустақилӣ аз ҳар ҷиҳат ва васеъшавии ҷаҳонбинӣ аст.

Аммо ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад, ки нахустинаш масъалаи хӯрок аст. Шарқиён маҷбуранд, асосан худашон хӯрок пазанд. Инчунин, ҳангоми омӯзиш кас зиёд монда мешавад ва бо хастагӣ мубориза бурдан лозим. Ғайр аз ин дар ин ҷо вақт гӯё тез мегузарад ва барои расидагӣ кардан ба ҳама кор истироҳат фаромӯш мешавад.

Ҳайдар аз хӯрокҳои миллии Корея аз маҳсулоти баҳр ё бидуни гӯшт омодашударо истеъмол мекунад. Хӯрокҳое, ки вай номҳояшро бе душворӣ ба ёд гирифтааст инҳоянд: ттокпокки, кимчи, паджон, удон, бибимбап ва кимбап.

Ӯ нақл мекунад, яке аз ҷолибиятҳое, ки дар Кореяи Ҷанубӣ мушоҳида кардан мумкин аст, дар метро ва автобусҳо мавҷуд будани ҷойи нишаст барои калонсолон ва ҳомиладорон аст. Аз ин сабаб ҷавонон ба онҳо ҷойи худро намедиҳанд. Боз як ҷолибияти дигар, метавонед солҳо дар як бино зиндагӣ кунед, вале ҳамсояатонро нашиносед.

Ин ҷавони донишҷӯ берун аз дарсҳо вақти холӣ надорад, аммо барои истироҳати майнаи сар мекӯшад соате ҷудо кунад. Ҳамин тавр, бо хондани китоб дар соҳаҳои худинкишофдиҳӣ, равоншиносӣ ва молиявӣ, инчунин бо саёҳати кӯҳӣ машғул мешавад.

Ҳайдар дӯстдори муҳити зинда аст, аз ин лиҳоз табиати Кореяро дӯст дошт. Дар инҷо зимистон хунук ва тобистон гарму намнок аст. Роҳи кӯҳҳо хуби ҳамвор аст, бидуни душворӣ метавон манзараи зеборо акс бардошт, мегӯяд Ҳайдар.

Ӯ дар саҳифаи инстаграмаш аз ашъори бузургон қироат карда, бо забони англисӣ маънояшро дар навор зернавис мекунад. Гоҳҳо мазмуни шеърро аз интернет дарёб менамояд ва гоҳҳо худаш ҳаракат мекунад, ки тарҷума созад. Ҳайдар низ истеъдоди эҷодкорӣ дорад ва машғули таронанависӣ аст.

Парвози орзуҳо

Ҳайдар аз хурдӣ кор бо компютерро дӯст медошт, махсусан пахш кардани тугмачаҳои клавиатураро. Орзу мекард, ки дар оянда барномасоз шавад. Вале чӣ тавр ба орзуяш мерасад, инро намедонист.

“Ёд дорам, ки падарам фиттаҳои омӯзишии барномаҳои ба монанди Word, Excel-ро дар хона нигоҳ медошт. Субҳгоҳ баъди ба кор рафтани падарам, барномаҳои компютериро ба блоки системавӣ гузошта, кор бо онҳоро меомӯхтам. Аз синфи 7 мақсадам барои оянда муайян буд”,- аз овони бачагӣ қисса кард ӯ.

Ҳайдар сараввал мехост, бо гирифтани рухсатии академӣ аз ДТТ, тариқи буҷавӣ ба яке аз марказҳои омӯзиши IT-и Шоҳигарии Камбоҷа, ки давомнокиаш 1 сол аст, дар самти барномасозӣ таҷриба карда, баъд барои таҳсил ба Кореяи Ҷанубӣ равад. Қабули довталабон ба ин марказ аз моҳи март шуруъ гардида буд ва танҳо нафароне, ки аллакай донишгоҳро хатм карда, дипломро гирифтаанд, метавонистанд ба марказ дохил шаванд. Мутаассифона Ҳайдар ҳоло дар арафаи хатм буду диплом надошт. Аз ин сабаб баъди супоридани имтиҳони хатм, роҳ ҷониби Кореяи Ҷанубӣ гирифт.

Ӯ имсол хатмкунандаи донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ аст. Рисолаи хатми Ҳайдар дар мавзӯи “Якҷоя кардани алгоритмҳои афзоишёбанда барои таснифи саратони бачадон” (Utilizing Boosting algorithms for Cervical Cancer classification) мебошад. Ин рисола метавонад барои сохтани модели бемории саратони бачадон кумак расонад.

“Ҳар сол аз сабаби дар зинаи охирон муайян шудани ин беморӣ, дар тамоми дунё тақрибан 300 ҳазор зан вафот мекунанд. Агар хосиятҳои ин беморӣ дар зинаҳои аввал пайдо шавад, мумкин аст муолиҷа самаранок бошад”,- гуфта мефаҳмонад қаҳрамони мо.

Ҳайдар мехоҳад якчанд сол дар Кореяи Ҷанубӣ таҷрибаомӯзӣ кунад ва баъд дар Тоҷикистон фаъолияташро идома диҳад. Ӯ орзу дорад, ки дар 10-15 соли оянда ширкатеро созмон диҳад, ки яке аз беҳтарин IT-ширкатҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Нодира Собирзод

Skip to toolbar