fbpx

Тағйироти кадрӣ. Ин навбат дар КДАМ ва судҳои Тоҷикистон

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Акс аз Хадамоти матбуоти президент

Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд

Дар Намангон ду марде, ки шаби 10 август нусхаи дастнависи Қуръони каримро аз маҷмааи “Султон Увайси Қаранӣ” дуздида буданд, боздошт шуданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин амал як сокини Намангон ва сокини ноҳияи Чартак боздошт шуданд. Нусхаи Қуръонро онҳо дар яке аз манзилҳои хонаҳои баландошёна дар кӯчаи Навоии шаҳри Намангон пинҳод кардаанд.

“Онҳо боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд, – омадааст дар хабар. – Ба дастнависи Қуръон осебе нарасидааст”.

Нусхаи дуздидашудаи Қуръони Карим аз абрешим соли 1874 тайёр шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш – 51 сантиметр ва ғафсиаш – 12 сантиметрро ташкил медиҳад. Дар ҳар кадоме аз 426 саҳифаи китоб 13 сатр оятҳо навишта шудааст.

Маҷмааи «Султон Увайс Қаранӣ» дар деҳаи Баликликӯли ноҳияи Чорток ҷойгир буда, на танҳо барои сокинони Ӯзбекистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя низ зиёратгоҳ маҳсуб мешавад. Он ба як авлиё бахшида шудааст, ки дар замони Паёмбар Муҳаммад (с) зиндагӣ мекард. Увайс Каранй зодаи Яман, тибқи ривоят, барои таблиғи ислом ба қаламрави Ӯзбекистони муосир омадааст.

Тағйироти кадрӣ. Ин навбат дар КАДАМ ва судҳои Тоҷикистон

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор судяҳо ва кормандон КДАМ аз вазифаҳояшон барканор шуданд. ЧунончӣМирзозода Сафаралӣ Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Назарзода Турабек Камол дар ин вазифа таъйин гардид.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ Назирзода Сафаралиро муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ таъйин кард.

Илова бар ин, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз судяҳои шаҳру ноҳияҳои кишварро таъйин ва озод намуд.

Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб аз вазифаи судяи суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод гардида, раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод аз вазифаи раиси суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Сунатуллозода Умедҷон аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Ҳукуматзода Муҳаммад Мирзошо аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Холдорзода Хусрав Зайнудин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шавад.

Зикирзода Лоиқ Хурсандқул аз вазифаи раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин карда шавад.

Раҳимзода Зарина Абдухолиқ аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шавад.

Қурбонзода Хуршеда Гулмат аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин карда шавад.

Искандарзода Бахтиёр Мустафо аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Ашурзода Нурулло Абдувосит аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.

Бурҳониён Маъруфҷон судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.

Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Нуруллозода Шаъмигул Сайвалӣ аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, муовини якуми раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин карда шавад.

Ҳамаи фармонҳои президент дар бораи таъиноти онҳо имрӯз, 19-уми август, дар сомонаи расмии президент нашр шудаанд.

Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?

Дар Тоҷикистон ҳудуди 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд, ки беш аз 50% аз ҳосили ғуншударо дар соли 2021 ташкил медиҳад. Соли 2021 дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда буд.

Нимаи аввали соли 2022 болоравии назарраси нархи пиёз дар саросари ҷаҳон ба мушоҳида расид. Моҳҳои март-июни соли 2022 нархҳо ба нишондиҳандаи баландтарин расида, дар бозори дохилӣ арзиши 1 кило пиёз ба 8 сомонӣ расид.

Болоравии нархи пиёзро ба коҳиши заминҳои кишти он, афзоиши содирот ва ба охир расидани захира дар анборҳо марбут медонанд.

Дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистон ба хориҷи кишвар начандон зиёд пиёз мефурӯшад, лекин аз содир намудани пиёзи барвақтӣ истифода мебарад. Айни замон содирот аз кишвар маҳдуд шуд, чунки бо сабаби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсол дар кишварҳои содиркунанда, нархи воридот ҳам поин рафт.

Бино ба маълумоти коршиносони соҳа, дар моҳҳои июл-октябр аз поинравии мавсимии нархи пиёз интизорӣ меравад.

Айни замон нархи 1 кило пиёз дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 4-5 сомониро ташкил медиҳад ва минбаъд боз арзон шуда метавонад, лекин нархҳо бештар ба ҳаҷми ҳосили ҷамъоварда дар соли 2022 вобаста хоҳад буд.

Тибқи маълумоти Агентии содироти Тоҷикистон, соли ҷорӣ ҳудуди 66 ҳазор тонна пиёз ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки 18 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар таносуби фоизӣ камшавӣ 22,5%-ро ташкил дода, он замон ин нишондиҳанда ба 83,9 ҳазор тонна баробар буд.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки дар муқоиса бо соли гузашта даромад аз фурӯши пиёз 36% зиёд шуд. Агар соли 2021 даромад 4,7 млн долларро ташкил дода бошад, пас соли 2022 – аллакай ба 6,6 млн доллар расидааст.

Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд

Шавкат Мирзиёев, ки бо даъвати ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аз 17 то 19 август ба ин кишвар сафар кард, ба шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара рафта, аркони ҳаҷи умраро иҷро намуд.

Ӯ, қабл аз ҳама, ба масҷиди набавӣ, ки дувумин макони муқаддас барои мусалмонон дониста шуда, дар шаҳри Мадина қарор дорад, рафта намоз хонд ва қабри ҳазрати Пайғамбар Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуд.

Пас аз мулоқот бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ ӯ ба шаҳри Ҷидда ташриф оварда, бо як қатор роҳбарони созмонҳо ва бонкҳои исломӣ мулоқот кард.

Ӯ, ҳамчунин, зимни ин сафар ба подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мукофоти давлатии “Дараҷаи олии Имом Бухорӣ”-ро тақдим намуд.

Дар охирин рӯзи сафари худ, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Макка рафт. Ӯ дар ин шаҳр, аркони ҳаҷи умраро ба ҷо оварда, дар Масҷидулҳаром ва дохили Каъба намоз гузошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин сафари Шавкат Мирзиёев пас аз президент интихоб шудани ӯ ба Арабистони Саудӣ мебошад. Роҳбари қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои зиёд барои рӯҳониён дар кишвараш шинохта мешавад, низ 30 сол қабл ба зиёрати хонаи Худо рафта буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend