fbpx

Зане, ки дар Деваштич худро оташ зада буд, чӣ ҳол дорад?

Рақамҳои телефони Дилфуза, ки ба он корти Душанбе Сити пайваст аст:+992929098211


-3
-3 points

Шаш моҳ пеш Дилфуза Юсупова тасмим гирифт, ки ба ҷони худ суиқасд кунад ва худро оташ зад, аммо мӯъҷиза рӯй доду ӯро наҷот доданд. Вай се амалиёти ҷарроҳии вазнинро аз сар гузаронидааст, ҳоло бошад ду амалиёти дигар дар пеш дорад. Дилфуза аз ин кирдори худ сахт пушаймон аст, аз ин рӯ саргузашти худро нақл кард, то ин амали ӯ барои дигар занони ноумед дарси ибрат шавад.

Даҳшатноктарин чиз дар ин қисса, набудани дастгирии хешовандон ва “қонунҳои нонавишта” – е, ки то ҳол дар деҳаҳои дурдаст ҳукмронӣ мекунанд – зан набояд бе шавҳар бошад. Ҳамаи ин сабаб шуд, ки Дилфуза даст ба худкушӣ бизинад.

Тақдири сахт

Дилфуза Юсупова, сокини 29-солаи деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, модари ду фарзанди 5 ва 6-сола аст. Ҳамин тавр рӯй дод, ки зан дар ҳаёти шахсии худ бадбахт шуд: сарфи назар аз синни ҷавониаш, вай аллакай се маротиба издивоҷ карда буд.

Сарнавишти Дилфуза осон нест: баъди ҷудо шудани волидонаш дар назди падараш монд ва дар бо модари угай калон шуд. Модару хоҳараш ба Ӯзбекистон рафтаанд ва ӯ дигар дар бораи онҳо чизе намедонад.

Тибқи қоидаҳои деҳот, ҳамин ки духтар калон шуд, ӯро фавран ба шавҳар доданд. Аммо зиндагии оилавӣ натиҷа надод ва баъди чанде Дилфуза ба хонаи падараш баргашт.

«Азбаски модарандарам маро ҳеҷ гоҳ дӯст намедошт, бозгашти ман вазъияти бе ин ҳам душворро боз ҳам вазнинтар кард. Занҳои ҷудошуда дар деҳот эҳтиром надоранд, падарам шитоб кард, ки маро бори дуюм хонадор кунад”,- бо гиря нақл мекунад, Дилфуза.

«Пеш аз ман ӯ 7-8 маротиба издивоҷ карда буд. Илова бар ин, ӯ нӯшиданро дӯст медошт. Аксар вақт менӯшид ва бе ҳеҷ гапу кор ҷанҷол мебардошт, маро мезад, вале ман тоқат мекардам. Ҷои рафтан надоштам – дар хона касе маро интизор набуд.

Дар ин издивоҷи шашсола фарзандонам ба дунё омаданд: аввал духтар, баъд аз як сол писар. Аммо ин  ҳам шавхари золимамро боздошта натавонист.

Танҳо бо он ки ӯ ба муҳоҷират рафту дигар барнагашт, халос шудам.Ӯ манзили шахсии худро надошт, маҷбур шудам, ки дубора ба хона баргардам, аммо ин дафъа бо ду кӯдак”, – нақл мекунад, зан.

Ба ёд овардани ин қисмати ҳаёти худ барои Дилфуза боз ҳам мушкилтар аст: алам ва захмҳои дилаш хеле чуқуранд.Бар асари озорҳои тоқатфарсои хонаводагӣ, пас аз 3-4 моҳи зиндагӣ дар хонаи падар, барои ҳама ғайричашмдошт ин зан ба марди 70-солае издивоҷ кард.

“Ман танҳо ноумед будам. Дар хона маро ҳамеша таъна мекарданд, ман ҳатто як бурда нон хӯрда наметавонистам, дар бораи муносибат ба фарзандонам  боша хубаш чизе намегӯям … Аз ин рӯ, ман пешниҳоди як бевазани пирро қабул кардам. Барои ман аз ҳама муҳим хӯрондани кӯдаконам буд”, – интихоби худро шарҳ медиҳад зан.

Аммо дар хонаи муйсафед хам бахти Дилфуза омад намекунад: харчанд шавхараш ба зани ҷавони худ ва фарзандонаш муомилаи хуб карда, як пора нону бом болои сараш медод, дар он ҷо ӯро боз як мусибати дигар интизор буд. Набераҳои калонсоли мӯйсафед дар зани ҷавони бобояшон довталаби хатарноки манзили зистро дида, ўро сахт лату кӯб карданд, ки Дилфуза маҷбур шуд аз ин хона баромада равад.

Занро дар хонаи падараш роҳ надоданд. Падараш гуфт, ки бо пирамард издивоҷ карда, ӯро беобрӯ кардааст. Дилфуза ба ғайр аз он, ки дар гӯшаву канорҳо саргардон шавад, дигар илоҷе надошт.Бо маслиҳати шиносҳо вай дар остонаи ҳукумати маҳаллиро хӯрда карда буд, то ӯро бо манзил таъмин кунанд. Ин зан дар мактаб фаррош шуда, дар саҳроҳои ҳамдеҳааш мардикорӣ мекард.

“Зани бад”

Дилфуза  қадами ноумедонаро ногаҳон монд. Вай мегӯяд, ки муқовимат ба инҷиқуву хоҳишҳои кӯдакон барояш душвор буд.

“Ҳамеша пул намерасид, кӯдакон дар кӯча бозӣ мекарданд ва аз он ҷо ғамгин меомаданд. “Ман дучархаи мисли ӯ мехоҳам”, “Ман инро мехоҳам”, “Ман вайро мехоҳам”. Ҳамаи онҳоро харида наметавонистам, рӯзгорамро базӯр таъмин мекардам.

Рӯзе писарам шикоят кард, ки писари ҳамсоя ба ӯ гуфтааст: «Модарат ғар (зани сабукпо) аст». Умуман, тамоми душворихо ба сари.Гузаштаи худро ба хотир овардам, издивоҷҳои бебарор, мушкилоти манзилу  мубориза барои як луқма нонро фикр кардам. Ман намедонам, ки чаро ман ногаҳон  чунин тасмим гирифтам, кӯдаконамро фикр накарда, ин корро кардам”, – гиря мекунад зан дар охири ҳикоя.

Ҳодиса рӯзи 6 феврал рӯй дод. Дилфузаро бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карданд. Аввал дар беморхонаи ноҳиявӣ, баъдан дар маркази ҷумҳуриявии сӯхтаҳо бистарӣ шуд. Вай се амалиёти мураккаби пайвандсозии пӯстро дар сина ва гардан аз сар гузаронидааст ва ду амали дигар бояд анҷом дода шавад.

«Рӯзҳои аввал ба маблағи 4000 сомонӣ танҳо дору ва сӯзандору харида будам, маҷбур шудам, ки аз ҳамдеҳагонам қарз гирам. Ҷарроҳиро ҳамватанам, Замира Аҳмадҷонова, ки қаблан дар ҳукумат кор мекард ва дар Душанбе Раъно ном як зан пурра пардохт карданд. Онҳо ба дарди ман бепарво буда натавонистанд. Онҳо барои ман бештар аз оилаам кӯмак карданд. Ман аз онҳо то охири умрам миннатдорам”, – қайд мекунад Дилфуза.

Зан аз кори кардааш сахт пушаймон аст, зеро аз ухдаи кор баромада наметавонад, кудаконро бошад хӯронидану пӯшондан даркор.

«Ин қисмҳои сӯхтаи банам дардҳои даҳшатнок доранд. Ба ман иҷозат намедиҳад, ки дар офтоб кор кунам, чангро нафас гирам, бинобар ин ҳама корҳои саҳроӣ ва корҳои марбут ба об манъ аст. Ман аз кор наметарсам, баробари барқарор шуданам, ба кор меравам. Аммо ҳоло ман воқеан ба дастгирӣ ва кӯмак ниёз дорам ”, – мегӯяд зан.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend