Дӯстдорони ҳазл Алишер Шамсиевро аз лоиҳаҳои ҳаҷвии “Территория Юмора” ва “Худжандский стендап” хубтар шинохтаанд. Аслан, ӯ соҳиби ихтисоси муҳандиси сохтмон аст, аммо чун дар дилаш меҳри саҳна ҷӯш мезанад, ҳаҷвро пешаи доимии худ кардааст.
Муаллифи Your.tj бо Алишер Шамсиев ҳамсуҳбат шуд. Ӯ дар бораи чӣ гуна ба ҳаҷв роҳ ёфтан, таъсири таҷрибаҳои ҳаётӣ дар интихоби мавзӯъи ҳазлу шӯхӣ ва бо роҳи стендап шикастани баъзе аз стереотипҳо гуфт.
Қадами ҷиддӣ ба ҳаҷв пас аз сарбозӣ
Алишер Шамсиев айни донишҷӯӣ яке аз фаъолони Лигаи хуҷандии маҳфили “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” буд. Вақте донишҷӯи соли сеюм шуд, барои адои хизмати ҳарбӣ рафт.
Солҳои 2014-2016 дар Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун адои хизмат кард. Чанде аз низомиёни баландрутба пешниҳод карданд, ки бо чунин қобилияту зиракие, ки дорад, дар оянда соҳаи низомиро интихоб намояд. Аммо Алишер наметавонист, ки худро берун аз саҳна тасаввур кунад.
“Дар замони донишҷӯӣ дар лоҳиҳаи ҳаҷвии “Битва на смех” ҳунарнамоӣ карда будам. Агар гӯям, ки ба саҳнаи ҳаҷв бо роҳнамоии Далер Камилов ва Ҷамил Камолов роҳ ёфтаам, хато намекунам. Боре онҳоро дар соҳили Баҳри тоҷик машғули бозии волейбол дида, аз наздик шинос шудам.
Ба онҳо гуфтам, ки ба ҳаҷв шавқи зиёд дорам, мехоҳам дар саҳна ҳунари худро диҳам. Рақами телефонашонро ҳам гирифтам. Ҳамин тариқ, пас аз адои хизмати ҳарбӣ боз бо онҳо вохӯрда, ба гурӯҳи бачаҳои “Территория Юмора” пайвастам”,- нақл кард ӯ.
“Хандонидан кори осон нест”
Алишер дар яке аз консертҳои “Территория Юмора” ҳамчун тамошобин иштирок кард. Бачаҳои ин гурӯҳ ӯро аз аудитория шинохта, пурсон шуданд, ки чӣ гуна хизмати ҳарбиро паси карда омад. Сарбози нав рухсатшуда ҳозирҷавобиро аз даст надода, бо ҳаҷву мутоиба сухан ронд.
Вақте аз ҳаёти сарбозӣ лаҳзаҳои ҷолибу таъсирбахшро нақл мекард, аҳли толор ба суханрониш гӯшу ҳуш дода буданд. Онҳо аз маҳорати хуби актёрии Алишер ба ваҷд омада буданд.
“Пас аз суханронии ногаҳонӣ бароям имкон даст дод, ки дар консертҳои дигари “Территория Юмора” ҳамчун ҳаҷвнигор иштирок кунам. Дар дуюмин нашри ин лоиҳа бо ҳамроҳии Музаффар Заидов сенарияи чанд саҳнаи ҳаҷвиро навишта, иҷро кардем. Он рӯзҳо чунин эҳсос мекардам, ки латифаи гуфтаам танҳо ба худам маъқул асту ба ҳама не, ё баръакс.
Вақте ҳаҷви дилчаспе тайёр мекардам ва он ба дили ҳамагон роҳ меёфт, хурсанд мешудам. Аммо на ҳама ҳадафи шӯхиву ҳазлро ба як бор мефаҳмидаанд. Дар натиҷа, ба андеаше омадам, ки ҳунарманд ва муаллифи сенарияи хуб шудан кори осон набудааст”,- иброз дошт қаҳрамони мо.
Қиссаи ворид шудан ба стендап
Барои Алишер лоиҳаи ҳаҷвии “Территория Юмора”, ки қариб ду сол дар он фаъолият кард, бисёр чизҳоро дод. Маҳз ба шарофати он зарфияту қобилияти худро хубтар фаҳмид.
Баъдан, соли 2018 лоиҳаи “Худжандский стендап” фаъол шуд. Бар дӯши ӯ гузаронидани кастинг ва дигар масъалаҳои ташкилиро вогузоштанд. Вай ин масъулиятро уҳдабароёна иҷро мекард.
Баъзан вақт бачаҳо бо сабабҳои гуногун сари вақт ба консерт омада наметавонистанд. Баъдан роҳбари гурӯҳи эҷодӣ ба Алишер пешниҳод кард, ки дар “Худжандский стендап” ҳам ҳунарнамоӣ кунад.
“Аввалин монологи ман дар саҳнаи стендап дар бораи ҷиҳатҳои фоиданоки ба хидмати ҳарбӣ рафтан буд. Онро аввал ба бачаҳо нақл кардам. Хуш қабул карданд. То ҳозир низ матни онро азёд медонам. Ин мавзӯъест, ки дар ҳар консерти стендап пайгирӣ мекунам. Он кӯҳна намешавад, аз ҳар паҳлӯ ва ракурс ба он баргаштан мумкин аст”,- афзуд ҳаҷвнигор.
Стендап танҳо барои хандонидан нест
Стендап на фақат барои хандонидан аст. Ҳадафи асосии он бо нақли латифаву қиссаҳои бофтаву сохта гаранг кардани касе нест. Бо ин жанри ҳаҷв метавон масъалаҳои муҳими рӯзро ба чашму гӯши мухотабон расонд.
“Аз соли 2018 то имрӯз дар саҳна стендап мегӯям, боре ҳам латифаҳоро такроран нагуфтаам. Агар онро такрор гӯям, таъсираш гум мешавад. Барои пайдо кардани як латифаву ҳазли хуб зарур аст, ки дар кӯча, ҷамъият ва нишасту вохӯриҳои дӯстон мушоҳидакор бошем”,- афзуд Алишер.
Ба гуфтаи ӯ, ҳатто дар мавзӯи тарбияи дурусти кӯдакон ҳаҷви хубе пешниҳод кардан мумкин аст. Ҳамсуҳбати мо таъкид кард, ки ҳаҷв аз масхара фарқи калон дорад.
“Бо ҳаҷв хандонидан осону тарбия кардан мушкил аст. Масалан, калонсолон бо як панду насиҳат моро аз кори хато мегардониданд. Имрӯз мо гӯё бачаамонро беҳад нағз мебинем, ки намехоҳем, касе дар кӯча ӯро тарбияро кунад”,- гуфт ҳаҷвнигор.
Ҳазл барои ҳама ҷолиб буда метавонад?
Алишер Шамсиев бар ин назар аст, ки дар бораи волидони ҷавон, ки аз роҳҳои гуногуни тарбия истифода мебаранд, метавон ҳаҷвияҳои ҷолибе барои стендап омода кард.
Ӯ бештар он мавзӯъҳоеро интихоб мекунад, ки барои хурду калон фаҳмо бошад. Кӯшиш мекунад, ки шӯхиҳояш барои ҳар як аъзои оила, ҳатто дар ҳолати нишасти оилавӣ, ҷолиб ва фаҳмо бошад. Ҳаҷв бояд ба тарзи фикр ва тарбияи кӯдакони хурдсол таъсири манфӣ нарасонад.
“Шукр, то имрӯз касе нагуфтааст, ки шӯхиҳои ту берун аз чаҳорчӯбаи одоб аст. Барои он ки назари одамон нисбат ба стендап ва дигар жанрҳои ҳаҷвӣ мусбат шавад, зарур аст, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳунару истеъдоди худро ба таври назаррас муаррифӣ кунем”,- бовар дорад стендапер.
Ӯ сари вақт идеяву мавзӯи латифаҳоро, ки ба сараш меояд, менависад ё сабт мекунад. Ҳатто баъзан луқмаҳо ҳангоми аз хоб бедор шудан ба сараш меомадааст.
Дар ин вақт сарро аз болин бардошта, диктофони телефонро пахш карда, онро ба забон оварда, сабт мекунад. Чунин сабти овозиро борҳо коркард карда, дар саҳна гуфтааст. Онро аудитория низ хуш қабул кардаанд.
Қолабҳои нонавишта – манбаи мавзӯъ барои ҳаҷв
Ҷавони ҳаҷвнигор аз рӯйи мушоҳида мегӯяд, ки имрӯз дар миёни ҷомеа фикрҳои шахшуда дар бораи адои хизмати ҳарбӣ зиёд паҳн шудааст. Хусусан, модарон хавф доранд, ки писаронашон дар ҳарбӣ азоби сахт мекашанд.
Дар баробари ин, барои писарбачагон ҳифзи Ватан-модар қарз аст. Ин қарзро агар худи онҳо соф накунанд, кӣ мекунад?,- гуфт ӯ бо суол.
“Модарон метарсанд, ки аз писаронашон дур мешаванд. Ба назари онҳо, дар он ҷо фарзандашон сари ҳар қадам калтак мехӯрад. Ин чандон дуруст нест”,- бовар дорад Алишер.
Аммо онҳо андеша намекунанд, ки агар дар ҳаёти мустақилона низ қадами нодуруст гузоранд, аз ҳаёт ва одамони дигар низ калтак мехӯранд, илова кард ҳамсуҳбати мо.
Алишер инчунин аз таассубкории одамон танқид карда, гуфт, саволи “аз дигарон чӣ камӣ дорам?” шахсро ба кадом фикру хаёл ва амалҳое мебарад, ки оқибати хуб надорад.
Ӯ тӯйҳои хонадоршавиро мисол овард, ки дар он мардуми мо кӯшиш мекунанд, бо харҷи маблағи зиёдтар “меҳрубонӣ” ва “саховат”-и худро нишон диҳанд.
“Аммо кам касон фикр мекунанд, ки қарзҳоро домоди бечора то чанд соли дигар бояд соф кунад”,- бо таассуф афзуд Алишер.
Ҳаҷвнигор дар асоси мушкилоти дӯстонаш латифаву луқмаҳои ҷолибе офарида, дар саҳнаи стендап нақл мекардааст. Баъдан, вақте дар ҷойи ҷамъиятӣ бо одамон рӯ ба рӯ мешавад, бо лабханд мегӯянд, ки “мо ҳам ҳамин хел лаҳза ё мушкилот доштем, дар стендап гуфтед-ку!”.
“Ростӣ, аз ин хурсанд мешавам, чунки ин як далели он аст, ки шӯхиву ҳазлҳои ман ҳавоӣ нест. Аслан, ҳаҷв набояд масхара бошад, он оинаи амалу рафтори мост ва бояд барои бартараф кардани дилхоҳ ҳолату мушкилӣ ба фикру андеша водор созад”,- бо қаноатмандӣ гуфт вай.
Касбу шуғле, ки ба ҳаҷвнигор илҳом мебахшад
Алишер Шамсиев имрӯз ягона ҳаҷвнигор аз хонаводаашон нест. Додараш – Амир низ дар лоиҳаи “Худжандский стендап” ҳунарнамоӣ мекард. Алҳол вай дар Русия таҳсил дорад.
Дигарон дар соҳаҳои ба қавле обрӯманд фаъолият доранд. Касе дар рӯ ба рӯи вай нагуфтааст, ки “дар саҳна ҳазлгӯӣ зеби ту нест”.
Аҳли оила низ зид нестанд, ки Алишер ба шуғли шавқдоштааш машғул шавад. Ба гуфтаи ӯ, дипломаш низ ҳоло “дар кунҷе хоб нест”.
“Дар пайравӣ ба падару бобоям соҳаи муҳандиси сохтмонро интихоб кардам. Имрӯз барои дӯстон дар тарҳрезӣ, назорат ва идоракунии лоиҳаҳои сохтмони хона кӯмак мерасонам. Вақте ба онҳо машваарт медиҳам, дар кори сохтмон зарару харҷи дубора намебинанд”,- шарҳ дод муҳандиси сохтмон.
Қаҳрамони мо масъулияти маркетологии корхонаи “Қолинҳои Қайроқум”-ро низ бар дӯш дорад. Барои рушди кори ин ширкат ҳисса мегузорад. Ҳарду ин кор низ барояш илҳомбахш аст.
Бо одамони гуногун рӯ ба рӯ шуда, дар бораи мавзӯъҳои ҳаётӣ ҳамсуҳбат мешаванд. Ин ба вай кӯмак мекунад, ки то ҳаҷвияҳои хубтару беҳтар нависад. Барояш аз саҳнаи ҳаҷв дур шудан ғайримикон аст.
Аз айёми кӯдакӣ дар саҳнаи ҳунар
Алишер Шамсиев сокини шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ хатмкардаи Гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, истеъдоди нақшофарӣ ҳанӯз аз айёмӣ кӯдакӣ дар вуҷудаш пайдо шуда буд.
“Замоне, ки дар синфи 2-юм мехондам, бори нахуст дар саҳнаи театри давлатии мусиқии тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд ба номи Одил Назаров нақш офарида будам. Маҳз дар ин ҷо нахустин маротиба имтиҳони актёрӣ супорида будам. Матнро тез аз худ мекардам.
Мегуфтанд, ки ту ҳар нақшро бозида метавонӣ. Нақши хирсу гурба ва дигар ҳайвонҳоро бе ягон мушкилӣ иҷро мекардам. Ёд дорам, ки 16 сомонӣ гонорар мегирифтам”,- ба ёд овард Алишер.
“Ханда одамонро хушбахт мекунад!”
Қаҳрамони мо ба одамоне, ки ба телефонбозӣ бисёр дода шудаанд, тавсия медиҳад, ки ба меъёри хоб риоя кунанд, барои оилаашон вақт ҷудо кунанд.
Алишер мегӯяд, зиндагӣ агар бо ҳаҷву ханда оро ёбад, лаззаташ беҳтар мешавад. Чун агар мо худро тасаллӣ дода, ба хандаву шӯхӣ майл накунем, кам касоне ҳастанд, ки табъи моро хуш кунанд.
“Барои дар ҳар соҳа комёб шудан рӯҳангезӣ аҳамияти калон дорад. Онҳое, ки ҳаҷвро як чизи бефоида мешуморанд, ҳадди ақал як бор ҳаҷвҳои моро тамошо карда, ҳаловат баранд, аз заҳмати эҷоду ба саҳнагузорӣ хаста намешаванд. Кафкӯбии самимии онҳо бароямон қувват мебахшад”,- хулоса кард ӯ.
Бояд гуфт, ки Алишер ба наздикӣ дар Қасри Ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ консерти навбатии стендапро таҳти унвони “Раҳмат ба хизмат” баргузор мекунад.
Файзуллохон Обидов