fbpx

Вайнҳои оилавӣ. Чӣ гуна ҷуфти ҷавон саҳнаҳои зиндагиро бо ҳаҷв нишон медиҳанд 

Кӯшиш мекунанд, тариқи вайн ягон стереотипе, ки дар ҳар оила бисёр вомехӯрад, бишкананд, ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, шикастани бархеи он бо роҳи шӯхӣ душвор аст.


1
1 point
Музаффар ва Ева

Музаффар Зоидов ҳаҷвнигори ҷавонест, ки дар доираи лоиҳаҳои ҳаҷвӣ ба мисоли “Comedy шоу”, “Территория Юмора” ва “Худжандский стендап” ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар соли сипарӣ бо Ева Норкулова, ки ба ҳайси хореограф фаъолияти эҷодӣ дошт, оила барпо кард.

Имрӯз дар бахши тоҷикии Instagram ин ҷуфтро чун блогероне, ки дар бораи муносибатҳои оилавӣ вайн сабт мекунанд, мешиносанд.

Муаллифи Your.tj бо Музаффар Зоидов дар бораи фаъол кардани блог, қиссаи шинос шудан бо ҳамсар, сабти вайнҳо, таъсири қолабҳои нонавишта ба ҳаёти ҷавонон, муҳаббат ба ҷонварон ва назари мухталифи мухотабон суҳбат кард.  

Музаффар Зоидов

Музаффар ҳавҷнигори ҷавон Далер Комиловро, ки роҳбари гурӯҳи эҷодии лоиҳаи “Худжандский стендап” аст, устоди худ медонад. Зеро маҳз ӯ дар навиштани сенарияи латифаҳо, ҳаҷвияҳо дасташро ба қавле рост кардааст.

Дар сабт, танзим ва беҳтар шудани сифати контентҳояш ёрӣ расонидааст. Барои дар саҳнаи ҳаҷв ному нон ёфтанаш саҳми калон гузоштааст. Аз ҳамкорӣ бо дигар дӯстон, ки якҷоя дар лоиҳаҳои марбут ба ҳаҷв кор карданд, таҷрибаи зиёд омӯхт.

Ҳамаи ин имрӯз сабаб шуд, ки блоги худро фаъол кунад ва дар асоси муносибатҳои оиладорӣ бо ҳамсараш Ева вайнҳои ҷолиб сабт кунад.

Музаффар чӣ гуна бо Ева шинос шуд?

Ҳарду дар майдони сабт шинос шудаанд. Дидори аввалини онҳо моҳи феврали соли 2022 зимни сабти намоҳанги сароянда Фирдавс Муҳиддинов иттифоқ афтода буд. Дар ин тарона Музаффар ва Ева, ки хореографи касбӣ аст, нақши асосиро мебозиданд. Барои сабт як рӯз пурра сарф шуд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

“Мехостам бо духтаре хонадор шавам, ки дар оилаи интернатсионалӣ ба воя расидааст. Дар симои Ева, ки модараш рус ва падараш тоҷиканд, маҳз ҳамин гуна духтаракро пайдо кардам. Рӯзи сабти клип бо ҳамдигар фурсати зиёд барои суҳбат доштем. Ҳамон рӯз ба худ гуфтам, ки маҳз Ева ҳамсари ояндаам буда метавонад”,- дидори нахустинро ба ёд овард Музаффар.

Баъдан ҷавон қарори қатъӣ баровард, ки ба духтарак пешниҳоди оиладоршавӣ мекунад. Дар ин вақт монанди дигарон аз ҳамсояҳои Ева пурсон нашуд, ки вай чӣ гуна духтарак аст. Аллакай, дар аввалин суҳбат бо худи Ева ва дугонаҳои наздикаш хулосаи зарурӣ бароварда буд. Аз ин рӯ, бо боварӣ ба духтарак пешниҳод кард, ки оиладор шаванд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Eвa | Хореограф | Taджикистан (@eva_norkulova)

“Аз таклифи ногаҳонӣ Ева ба ҳаяҷон афтод ва гуфт, нахуст бо падарам шинос бояд шавед. Бо падараш Анвар Норкулов, ки мураббии футбол аст, ҳамсуҳбат шудем. Ба он кас ҳадафамро фаҳмонида тавонистам. Баъдан оилаи мо бо оилаи Норкуловҳо вохӯрданд.

Хостгорӣ бо комёбӣ анҷомид ва ҳама барои оиладоршавии мо розӣ шуданд. Тӯй кардем. Имрӯз худамон ҳам нафаҳмида мондем, ки чӣ гуна аз рӯзи висоламон, ки таърихи 6-уми октябри соли гузашта иттифоқ афтода буд, соле сипарӣ шудааст”,- бо шавқ гуфт Музаффар.

Идеяи сабти вайнҳо чӣ гуна пайдо шуд?

Бачаҳои лоиҳаҳои “Територия Юмора” ва “Худжандский стендап” ҳамдигарро дӯсту ҳамкори наздик медонанд. Рӯзи тӯйи Музаффар чун ҷӯраҳои домод шодишарикаш буданд.

Вақте дари тарабхонаро кушода, арӯсу шаҳ вориди он мешаванд, ҷӯраҳои домод зери ҳавои суруди ҳиндӣ рақс мекунанд. Зеро Музаффар бо суруди ҳиндӣ ба саҳнаи стендап баромаданро меписандад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Jamil Kamolov (@jamil.kamolov)

Навори ин рақси аҷоибу ғалатӣ, ки дар тӯйҳои тоҷикӣ хос нест, дар Instagram бинандаи зиёд пайдо мекунад. Хабари оиладор шудани ҷуфти ба ҳам зебанда маҳз тариқи ин навор паҳн шуда, ба саҳифаи Instagram-и домоду арӯс корбарони зиёд обуна мешаванд.

“Мо пеш аз оила барпо кардан низ нақша доштем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи оиладорӣ ва қолабҳои нонавиштае, ки зану шавҳари ҷавон бояд дар чаҳорчӯбаи он зиндагӣ кунанд, контент тайёр мекунем. Баъд аз паҳн шудани навори рақси дӯстон ва пайвастани обуначиёни зиёд ба саҳифаҳоямон хостем, ки нақшаи қаблан тарҳрезишударо амалӣ кунем”,- нақл кард қаҳрамони мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Eвa | Хореограф | Taджикистан (@eva_norkulova)

“Забони тоҷикиро ёд гирифта истодаем”

Ева забони тоҷикиро дар сатҳи хуб намедонад. Музаффар кӯшиш дорад, ки ҳамсараш забони тоҷикиро омӯзад. Ҳарду ва мухотабон ҳам муҳтавое, ки дар он Ева кӯшиши тоҷикӣ сухан гуфтанро мекунад, маъқул кардаанд.

Барои таҳияи наворе, ки духтарак ба тоҷикӣ суханронӣ мекунад, сенарияи тайёр лозим набудааст. Ин гуна муҳтаво бе тайёрӣ бадоҳатан рӯйи кор меояд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Eвa | Хореограф | Taджикистан (@eva_norkulova)

“Рӯзе ба хона меҳмон бояд меомад. Ева ба корҳои хона банд шуда, ҳангоми оростани дастархон бо тоҷикӣ гап зад. Кӯшиш кард, ки калимаҳои тоҷикиро ба ёд оварда, онро дуруст талаффуз кунад. Ман суханронияшро пинҳонӣ сабт кардам.

Чанд рӯз пас ин наворро дар  Instagram гузоштам. Ҳафтае нагузашта, он беш 1 миллион бинанда ёфт. Саҳифаи Ева маҳкам буд. Гуфтам, ки онро кушо ва якҷоя контентҳои нав ба нав меофарем. Бо нигоҳи муосир ва таҷриба кардани форматҳои гуногун муносибатҳои оилавиро нишон медиҳем”,- илова кард шавҳари ҷавон.

Дар вайн ҳаётро чӣ гуна метавон тасвир кард?

Ҷуфти ҷавон барои сабт кардани вайн на фақат аз ҳаёти худ мавзӯъ мегиранд, балки ба мисолҳо аз ҳаёти дигарон низ аҳамият медиҳанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

“Рафтори ҳамсарон дар хонаю кӯча, баҳонаҷӯии шавҳар барои нахаридани ягон фармоиши зан, боз сабабу баҳона пеш овардани зан, ки фикрашро ба шавҳар гузаронидан мехоҳад, барои таҳияи як вайни оилавӣ асоси хубе шуда метавонад.

Қабл аз сабти дилхоҳ вайн ҳар бор аз ҳамдигар мепурсем, ки доир ба ҳамин сенария чӣ андешаҳои дигар дорем ва боз кадом идеяро илова кунем ба фоидаи кор аст. Бо ҳамин роҳ, ба як фикр меоем”,- афзуданд блогерони ҷавон.

Онҳо кӯшиш мекунанд, тариқи вайн ягон стереотипе, ки дар ҳар оила бисёр вомехӯрад, бишкананд, ҳарчанд ба гуфтаи ин ҷуфт, шикастани бархеи он бо роҳи шӯхӣ душвор аст.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

Мисол, аксарият бар он боваранд, ки барои зан телефон ва интернетро муҳайё кардан ба зарари кори хона аст. Вақте зан ба ин ду чиз дастрасӣ ёфт, гӯё ӯ ба кори хона, тарбияи кӯдак кам аҳамият медиҳад.

“Аммо на дар ҳама хонавода вазъият чунин мешавад. Фикр мекунам, ки бонувони тоҷик ба ҳама кор вақт ҷудо карда метавонанд, агар онҳоро дасгирӣ кунем”,- афзуд Музаффар.

Ҷавонон ва қолабҳои нонавишта

Музаффар низ ба монанди ҳамсараш Ева дар оилаи интернатсионалӣ ба воя расидаст. Бибии падариаш рус ва модараш тоҷиканд. Аҳли хонавода ба сари ҷавон ягон фикри шахшударо бор накарданд.

Мегуфтанд, дар синне, ки худат мехоҳӣ, бе маҷбурӣ номзади интихобкардаатро ба занӣ мегирӣ. Замоне барояш дар интихоби касб озодӣ дода буданд, инак, дар барпо кардани оила низ. Ҳамеша талқин мекарданд, ки ба роҳи рост равон шав.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

“Дӯстони зиёдеро медонам, ки дар вақти интихоби ҳамсар бо стереотипҳо рӯ ба рӯ шуданд. Барояшон мегуфтанд, ки танҳо бо духтараки хеш ва шинос, ки ба хуб будани он боварӣ зиёд аст, хонадор мешавӣ.

Чанде аз дӯстон духтареро дӯст медоштанд, аммо бо исрори наздикон ба нафаре, ки падару модар гӯё одамони хубу бовариноканд, оиладор шуданд”,- арз дошт қаҳрамони мо.

Баҳсҳо дар паси камера. Онро чӣ гуна пушти сар кардан мумкин?

Дар ҳар оила қаҳру ғазаб рӯ мезанад, аз ҷумла, дар оилаи қаҳрамони мо ҳам. Агар дар майдони сабт миёни ҳарду ягон нофаҳмӣ сар зада монад, наворгириро ба рӯзи дигар мавқуф мегузоранд.

“Вақте фикрҳо зид шуд, нофаҳмӣ пайдо мешавад. Баъдан зарурат пеш меояд, ки дилҷӯӣ карда, ба ҳамсарам фикрамро чуқуртар фаҳмонам. Хушбахтона, боре ҳам нашудааст, ки ӯ ба коре монеа шавад ва фикру пешниҳодамро пурра рад кунад. Ҳама вақт бо ҳам роҳи ҳалро меёбему ба як фикр мерасем”,- бо хушнудӣ афзуд блогер.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

Музаффар нақл мекунад, рӯзе барои сабт бо худ чанд намуд сепоя (штатив) гирифта ба кӯча баромаданд ва дар чанд нуқта бояд навор мегирифтанд. Аммо нисфи рӯзашон бо интихоби зовия ва розӣ кардани соҳибони макон сарф шуд.

“Ҳарду хаста ва гурусна ҳам мондем. Акнун сабтро сар карданӣ будем, ки як штативи зарурӣ намерасад. Баъд фаҳмидем, ки Ева онро дар куҷое гум кардааст. Он лаҳа низ камтар ҷанг кардем. Рӯзе гузашт, аз ҳамдигар узр пурсидем. Узру бахшиш калимаҳои сеҳрноканд, ки ҳар нофаҳмиро бартараф месозанд”,- ба ёд овард ӯ.

Меҳр ба ҳайвонот: сохтани хоначаҳо барои гурбачаҳо

Вақте Музаффару Ева дар кӯча сагу пишакеро ногаҳон дида монанд, аз пеши онҳо бе аҳамият гузашта наметавонанд. Ҷонварони безабон низ гӯё дили меҳрубон доштани онҳоро ҳис кардаанд, ки дидан замон ба сӯяшон медаванд. Дар хонаашон низ ду гурбачаи зотӣ нигоҳубин мекунанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

“Зимистон фаро мерасид. Хонаи мо дар дуюм ошёна аст. Рӯзе чашми Ева ба поёни бинои истиқоматӣ меафтад, ки гурбачаи гуруснаву бемор истодааст. Арӯсам ба вай хӯрданӣ тайёр карда, оварда медиҳад.

Баъди чанд рӯз боз ду-се гурбаи дигар пеши хонаи мо меояд. Ба онҳо низ хӯрок тайёр карда медиҳад. Ғамхории ӯ ба ҷонварони майда беохир аст”,- бо лабханд афзуд шавҳари ҷавон.

Ева ба Музаффар пешниҳод кард, ки барои дар ҳавои хунук азоб накашидани онҳо як хонача созанд. Онҳо бо як картони ғафсе хоначае сохта, ба дарунаш сачоқу матои ғафс гузоштанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Eвa | Хореограф | Taджикистан (@eva_norkulova)

Дар он 7-8 пишак меғунҷад. Вақте ҳаво хунук ва ё боронӣ шуд, хоначаро ба ҷои амн медароранд. Ҳар гоҳе Музаффар ба мағозаву бозор барои харид равад, ҳатман барои гурбачаҳои хонаву кӯча хӯрок мехарад.

“Аксарият вақте пишакро бинанд, “пишт”-гӯён поро ҳаво дода метарсонанд. Ҷонварон безабонанд, фикр мекунам, ки Худованд ризқи онҳоро тариқи мо, инсонҳо додааст”,- афзуд ӯ.

“Дигарон чӣ мегӯянд!” – бояд садди роҳ нашавад!

Тавре қаҳрамони мо иқрор шуд, боре ҳам дар суҳбати рӯ ба рӯ, дар кӯча аз касе ҳарфи дағал нисбат ба кораш нашунидааст. Сухани бад, таҳқир ва нотавонбинии бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро танҳо дар шарҳҳои зери наворҳояш мехонад.

““Кори дигар надорӣ, ки марди калон ба саҳна баромада, дар бораи ҳаётат, оилаат гап мезанӣ”. “Ҳамаи ин бояд махфӣ шавад”. Аммо ман ба ин чизҳо аҳамият намедиҳам.

Шояд он марди зандоре, ки назари “дуруст”-ашро дар шарҳҳо менависад, худаш шабона дар клубҳо мегардад. Дуруст аст, ки кас набояд нафари дигарро ҳукм кунад. Агар танқиди созанда бошад, фоида меорад”,- бовар дорад Музаффар.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

Ӯ бисёр бачаҳоеро мешиносад, ки ҳаваси дар саҳана сухан гуфтан, ҳаҷв карданро доштанд. Аммо ибораҳои нозарури “одамон чӣ мегӯяд”, “фалонӣ ту наметонӣ гуфт”-ро фикр карда, аз роҳи худ гаштанд. Имрӯз онҳо дар ғарибӣ ҳастанд ва ба корҳое, ки дӯст намедоранд, машғуланд.

Дилбастагӣ ба ҳунари актёрӣ ва варзиши дастхобонӣ

Музаффар Зоидов хатмкардаи гимназияи №1-и шаҳри Гулистон ва факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аст. Ӯ аз хурдӣ орзу дошт, ки актёр шавад.

Вақте дар синфи 4-ум мехонд, бо камераи телефон (он вақт телефон-раскладушка маъмул буд) ҳамроҳи ҳамсинфон навор сабт мекард. Дар компютер наворҳои хираро ҳаваскорона танзим карда, гӯё филм месохт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Muzaffarzaidov (@muzaffarzaidov_official)

“Ба ҳамсинфонам навори тайёршударо, ки актёру коргардонаш гӯё ман будам, нишон дода, мегуфтам, ки филмамро мебинед. Ҳама якҷоя  бо шавқу завқ тамошо мекардем. Бо мурури замон ба варзиши касбӣ рӯ овардам. Аз рӯйи намуди варзиши дастхобонӣ ҷоизадори Тоҷикистон ва берун аз он низ шудам”,- бо ифтихор ба ёд овард ӯ.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend