fbpx

Абдуи хуҷандӣ кист? Қиссаи зиндагии ҳаҷвнигор Фаррух Сангинов

Фаррух – яке аз резидентони муваффақи гуруҳи ҳаҷвии “Территория юмора” дар шимоли Тоҷикистон.


1
1 point

Фаррух Сангинов – ҳаҷвнигори ҷавон ва муваффақи тоҷикро мардум бо тахаллуси Абдуи хуҷандӣ мешиносанд. Бо шарофати нақшофарӣ дар силсилафилми “Муҳоҷирон” дар Осиёи марказӣ маъруф мегардад. Ӯ дар ин филм яке аз нақшҳои калидиро бозидааст.

Фаррух ба Your.tj дар бораи чӣ тавр ба дунёи ҳаҷв омадану ба силсилафилми “Муҳоҷирон” роҳ ёфтанаш, қисса карда буд. Мо дар рӯзи ханда – 1 апрел лозим донистем, ки бори дигар аз он ёдоварӣ кунем.

Роҳ ба сӯйи “Муҳоҷирон”

Фаррух Сангиновро ба силсилафилми “Муҳоҷирон” як дӯсташ даъват мекунад, ки яке аз дастандаркорони филм буд. Ӯ даъвати дӯсташро пазируфта, барои нақшофарӣ ба Русия меравад. Ӯ дар филм нақши ҷавони тоҷикеро бо номи Фарҳод бозидааст, ки он маълумоти олӣ надорад ва дар тарабхонае ҳамчун фаррош кор мекунад.

Фаррух ҳангоми сабти филм сенарияро пурра аз худ накардааст ва ҳангоми сабт худ ба образ даромада суханҳои лозимаро мегуфт, ки коргардон аз ин дар ҳайрат мемонд.

“Ба ман сенарияи филмро, кии борат аз 60 саҳифа буд, 3 моҳ пеш фиристода буданд. Вақте дар фурудгоҳ бо коргардон вохӯрдам, ӯ “сенарияро аз ёд кардӣ?” – гуфта пурсид. “Аз ёд накардааму муҳтавояшро медонам. Аз рӯйи он гап мезанам” – гӯям, вай ҳайрон шуд. Баъд дар майдони сабт бадоҳатан берун аз сенария ягон гапе мегуфтам, ё амалеро иҷро мекардам. Коргардон дарҳол “стоп, снята, молодец, красавчик” – гуфта маро ҳавасманд мекард”, – нақл кард, Фаррух.

Силсилафилми “Муҳоҷирон” аз 8 қисм иборат аст, ки дар YouTube нашр мешавад. Идеяи филм дӯстии байни муҳоҷирон, аз ҷумла, тоҷикону ӯзбекон ва қирғизу қазоқонро тарғиб мекунад. Он дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Маскав наворбардорӣ шудааст. Ҳоло маълум нест, ки филм идома меёбад ё на.

Он замон ман кайф кардам

Фаррух тамоман дар сар фикри ҳаҷвнигор шуданро надошт, вале аз хурдӣ бачаи шӯху гапдон буд. Ҳаёти ояндаи ӯро маҳфили хушдилон (КВН) куллан дигар сохт.

“Синфи 9 мехондам, муаллимони мактаб доимо мегуфтанд, ки “дар аттестатсия падару модаронро даъват карда, рафтору кирдори ҳар як хонандаро ба онҳо мегӯем”. Чун ман шӯхи синф будам, аз таъкиди муаллимон метарсидам. Баъди чанд муддат, аз куҷое дар бораи озмуни “КВН” байни хонандаҳои макотиби вилоят огоҳӣ ёфтам. Даррав ба он худро номнавис кардам.

Дар толори “Қасри ҷавонон” 700 нафар нишаста, баромади моро тамошо мекарданд. Вақте ман ба саҳна баромадам, ҳама ба хандакунӣ даромаданд. Он замон ман кайф кардам. Пас аз он шавқи дар саҳна баромад кардан, дар дилам пайдо шуд”, – ба хотир меорад, ҳаҷвнигор.

Дар маҳфил дастаи мактабашон ҷойи аввалро соҳиб шуд ва Фаррух аз танқиди муаллимон дар назди модараш наҷот ёфта, роҳи ояндаи худ дар зиндагиро пайдо намуд.

Пас аз хатми мактаб Фаррух ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи кӯҳи – металургии Тоҷикистон, факултети Металургияи металҳои ранга месупорад. Аммо пас аз хатми он аз рӯи ихтисос кор намекунад.

Фаррух дар “Территория юмора”

Баъд аз таъсис ва нокомии чанд гуруҳи ҳаҷвӣ, Фаррух бо дӯстонаш гурӯҳи ҳаҷвии “Территория юмора”-ро таъсис медиҳанд. Пас аз хатми донишгоҳ қаҳрамони мо ҳамроҳи дигар дӯстонаш, ки дар КВН ошноӣ пайдо карда буданд, “Территория юмора”-ро таъсис медиҳанд.

“Аввал ба гуруҳ “Comedy Шоу” ном дода будем. Бо ин гуруҳ 5-6 маротиба консерт барпо кардем. Дигар дӯстони ҳаҷвнигорамон гурӯҳҳои “Tajik – шоу” ва “Дигар – шоу” низ таъсис дода буданд. Баъдан, телевизиони маҳаллии “Азия” пешниҳод кард, ки аз ин дастаҳо бачаҳои боистеъдодро якҷо кунему, гуруҳеро бо номи “Территория юмора” таъсис диҳем. Мо ба ин таклиф розӣ шудем. Лоиҳа аз соли 2016 корро оғоз намуд”, – қисса кард, Фаррух.

Гуруҳи “Территория юмора” то имрӯз зиёда аз 40 консерт барпо кардааст. Ин лоиҳа аввалин консерти худро дар ресторани “Челси” барпо карда буд.

Қаҳрамони мо соли 2011 дар шаҳри Остона ва Бишкек, соли 2015 дар шаҳри Сочи мунтахаби дастаи “КВН” – чиёни Тоҷикистонро муаррифӣ карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд.

Фаррух мегӯяд, ки саҳнаҳои нав навиштан кори осон нест, чун онҳо ҳама вақт саҳнаҳоро аз ҳаёти воқеӣ мегиранд.

Фаррухи қизиқчӣ

Фаррух Сангинов ба ғайр аз фаъолияти ҳаҷвнигорӣ, боз дар ширкати “Энергетик жара” ба ҳайси маркетолог кор мекунад. Фаррух бо дигар ҳамкоронаш аз “Территория юмора” ҳар рӯз баъди соати 7 – и бегоҳ ҷамъ шуда, болои идеяҳои нав фикр мекунанд.

“Дар вохӯрии аъзоёни гуруҳи “Теротория юмора” ҳар нафар 4-5 ҳодисаҳои ҷолиб, ки дар давоми рӯз аз сар гузаронд, нақл мекунад. Мо онро баррасӣ намуда, идеяҳоро такмил дода, як чизи наверо меофарем. Баъзан образи фантастикӣ низ меофарем. Баъзан аз сомонаҳои русӣ идея гирифта, мазмуни онҳоро ба минталитети худ мувофиқ карда, саҳна месозем”, – шарҳ медиҳад, Фаррух.

Рӯзе дар яке аз саҳнаҳо, Фаррух чунон ба образ медарояд, ки нохост “ҳаромиҳо” гуфта дод мезанад. Баъдан ӯ аз дӯстон ва тамошобинон узрхоҳӣ намудааст.

“Он рӯз чунон ба образ даромада будам, ки саҳнаро чун ҳаёти воқеӣ эҳсос карда будам. Албатта, гапи қабеҳро гуфтани ман нодуруст буд, бинобар ин аз бааҳо ва тамошобинон узрхоҳӣ карда будам. Мо пеш аз барномаро ба саҳна гузоштан, ҳама ҷузъиёти онро фикр мекунем. Аммо шахсоне пайдо мешаванд, ки баъзан шӯхиҳои моро дуруст намефаҳманд ва норозигии худро баён менамоянд. Вақте мо дигар тарафашро мефаҳмонем, баъдан мақсади моро дуруст дарк мекунанд. То имрӯз ягон хел эродҳои ҷиддӣ ба шӯхиҳои мо нашудааст”, – мегӯяд, Фаррух.

Вақте сокинон ӯро дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд мебинанд, Фаррухи қизиқчӣ мегӯянд. Аз вай ягон латифа мепурсанд.

“Вақте маро мухлисон ва хоса ҷавонон дар кӯча бинанд, “Абду” гуфта ҷеғ мезананд. Ин як образи ҳаҷвӣ буд, ки чанд сол пеш офарида будем.

Фаррух мегӯяд, ки ба аҳволи як кас хандидан осон аст. Аммо касеро хандондан, кори хеле душвор аст. Одамоне, ки ба консертҳои мо меоянд, аксарият ҳазору як проблема доранд. Кӯшиши мо ин аст, ки онҳо дар деги мо даромада, аз мушкилоти рӯзгор каме дур шаванду, ханда кунанд.

Ин ҳаҷвнигори ҷавон мегӯяд, ки ҳаҷви тоҷик камбудӣ надорад.

– Танҳо камбудӣ он аст, ки ҷавонони мо дар ин соҳа пули зиёд кор карда наметавонанд. Агар ҷавонони боистеъдоди мо дар Русия ё дигар кишвари хориҷӣ мебуданд, ҳатман “алигарх” мешуданд”, – тахмин мезанад, Фаррух

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend