fbpx

Соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон. Чӣ гуна метавон ҳам даромад гирифт ва ҳам кӯмак расонд

Чаро имрӯз Тоҷикистон ба қонуни алоҳида дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ ниёз дорад?


0
Акси иллюстратсияшуда

Соҳибкории иҷтимоӣ самти хеле ҷавони тиҷорат аст, ки дар Тоҷикистон низ рушд мекунад. Ин намуди фаъолияти соҳибкорӣ пеш аз ҳама бо фаъолияти иҷтимоӣ алоқаманд буда, як қисми фаъолиятҳо дар доираи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон то ҳол қонуни вижае дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ вуҷуд надорад, дар ҳоле ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла наздиктарин ҳамсояҳои мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ онро доранд.

Ба далели мавҷуд набудани чунин қонун ва таърифи истилоҳ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ соҳибкорони тоҷик дар муқаррар кардани мақоми ҳуқуқӣ, дастгирӣ, маблағгузории нокифоя ва ҳамчунин низоми печидаи андоз барои ин гуна фаъолияти соҳибкорӣ бо мушкилот рӯбарӯ шудаанд.

Ҳамаи ин дар ниҳоят ба иқтидори рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар ҳамчун воситаи шуғли аҳолӣ ва мубориза бо даромади кам ва ҳадди ақали иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории фарогир таъсир мерасонад.

Ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шарикони рушд, коршиносони ҳуқуқии маҳаллӣ ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ, ки дар чаҳор соли ахир борҳо изҳор доштанд, Тоҷикистон ба қабули чунин Қонун манфиатдор аст.

Қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, барои ташаккули насли нави соҳибкорон, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фаъолияти соҳибкорӣ нигаронида шудааст, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда метавонад.

Соҳибкории иҷтимоӣ имрӯз падидаи рушдкунандаест, ки барои дастгирии иҷтимоӣ кӯмак мерасонад. Тавре аз таърифи он, бармеояд:

“Соҳибкори иҷтимоӣ ҳамчун тиҷорати хурд ё миёна ҳисобида мешавад, ки фаъолияташ модели махсуси тиҷоратеро ташкил медиҳад, ки на танҳо ба ноил шудан ба муваффақияти тиҷоратӣ ҳамчун ҳадафи худ, балки ба кӯмак расонидан ба категорияҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири шаҳрвандон, инчунин ҳалли масъалаҳои муҳимтари аз ҷиҳати иҷтимоӣ фоиданок кӯмак мекунад”.

Аммо дар аксарияти қонунгузориҳои минтақа, ки аллакай қонун ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоиро қабул кардаанд, нуқтаи назари ягона дарҷ нашудааст, ки соҳибкори иҷтимоӣ дар ниҳоят ба кадоме аз инҳо дохил карда шавад: субъекти соҳибкорӣ ё намояндаи бахши ғайритиҷоратӣ?

Яке аз намунаҳои муваффақи соҳибкории иҷтимоӣ Ташкилоти ҷамъиятии “Корвони умед”

Ҳоло дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст?

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, ба истиснои корхонаҳои давлатӣ ё унитарӣ тақрибан ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд.

Фаъолият иҷтимоӣ ҳисобида мешавад, агар ташаббусҳои таҳия ва маблағгузории он бевосита ба ҳалли проблемаҳои мавҷудаи иҷтимоӣ нигаронида шуда бошанд, на барои фоида гирифтани соҳибмулк.

Имрӯз Тоҷикистон ба қабули қонуни вижа дар бораи дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ наздик мешавад, аммо дарк ва таърифи дақиқу мувофиқи ин гуна фаъолият ҳанӯз вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, барои шуғл ба фаъолияти соҳибкорие, ки мушкилоти иҷтимоиро ҳал кунад, ягон маҳдудият ва монеа вуҷуд надорад.

Дар баробари ин, дар доираи қонунгузории амалкунандаи андоз соҳибкори иҷтимоӣ дар оянда бояд ба 3 намуди андоз таваҷҷуҳи махсус диҳад.

Андоз аз даромад

Андоз аз даромад аз рӯи низоми содакардашуда барои ташкилотҳои тиҷоратӣ, ҷамъиятӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси шаҳодатнома 6 фоиз (бо усули кассавӣ) ва 18 фоиз (бо усули даромад ва хароҷот) муқаррар карда мешавад. Соҳибкороне, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, вобаста ба намуди фаъолият меъёри муқарраршуда доранд.

Дар хотир доштан зарур аст, ки аз намудҳои зерини шахсони ҳуқуқӣ андоз аз даромад ситонида намешаванд: муассисаҳо, иттиҳодияҳои динӣ, хайриявӣ, ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ (байналмилалӣ)-и ғайритиҷоратӣ.

Ин гуна муассисаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки фаъолияти асосӣ ва хоҷагии худро алоҳида ба ҳисоб гиранд.

Андоз аз даромад, инчунин аз интиқолҳои бемузд гирифтаи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, молу мулки ройгон ва грантҳое, ки барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мешаванд, ҳаққи аъзогӣ ва хайрияҳо ситонида намешавад.

Андози иҷтимоӣ

Меъёри андози иҷтимоӣ барои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ (ба истиснои ташкилотҳои буҷетӣ) 20 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳадди ниҳоии пардохт барои соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, 150 сомонӣ ва180 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маблағ аз рӯи коэффитсиент вобаста ба минтақа фарқ мекунад.

Андоз аз арзиши иловашуда

Аз 1 январи соли 2024 меъёри стандартии андоз аз арзиши иловашуда барои ҳама намуди таҳвили молҳо (кор ва хизматрасониҳо) барои пардохтҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ 14 фоизро ташкил медиҳад.

Барои корҳои сохтмонӣ, хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо ва хӯроки умум андоз аз арзиши иловашуда – 7% ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии дар дохили кишвар истеҳсолшуда, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасониҳоии таълимӣ ва фаъолияти хизматрасонии тиббӣ дар истироҳатгоҳҳи – 5% муқаррар карда шудааст.

Имтиёзҳо ва имкониятҳо

Дар асоси принсипҳои ягонагӣ ва бетарафии низоми андоз созмонҳои ҷамъиятӣ ва дар оянда соҳибкорони иҷтимоӣ метавонанд аз механизмҳои умумии имтиёзҳои андоз истифода баранд.

Бояд ба низомҳои махсуси содакардашудаи андоз диққат дод:

  •       Низоми андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки айни замон 5 минтақаро фаро мегирад: Данғара, Ишкошим, Панҷ, Суғд, Кӯлоб;
  •       Низоми андозбандӣ барои шахсони воқеие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;
  •       Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои соҳибкории хурд;
  •       Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ (андози ягона);
  •       Низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионӣ ва технологӣ то 31.12.2026
Яке аз намунаҳои муваффақи соҳибкории иҷтимоӣ – қаҳвахонаи ҷамъиятии “Дар як замин”-и Ташкилоти ҷамъиятии “ИРОДА”

Мушкилот ва монеаҳо

Баръакси ташкилотҳои тиҷоратӣ, тартиби бақайдгирии ғайритиҷоратӣ, яъне ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар айни замон бо як қатор сабабҳо хеле мураккабтар аст.

Махз ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз рӯи оиннома ва ваколатҳои худ бештар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ машғуланд. Ин фаъолият бештар ба лоиҳаҳо асос ёфтааст ва аз маблағгузории донорҳо вобаста аст.

Маблағгузории созмонҳои донорӣ барои Тоҷикистон сол то сол коҳиш меёбад. Шумораи ками ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳолати мувозинат байни барҳам нахӯрдан ва расонидани кӯмак ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ боқӣ мемонанд.

Аз ин рӯ, зарур аст ба гузаштан ба устувории молиявии бахши ғайритиҷоратӣ тавассути дастгирии соҳибкории иҷтимоӣ аҳамият дод.

Аммо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд фаъолияти соҳибкориро танҳо тавассути таъсиси ташкилоти тиҷоратӣ ва равона кардани маблағҳои бадастомада барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои оинномавии худ пеш баранд:

  • Ассотсиатсияҳои шахсони ҳуқуқӣ бояд ширкати тиҷоратӣ таъсис диҳанд;
  • Фондҳо метавонанд танҳо фаъолиятҳоеро анҷом диҳанд, ки “барои ноил шудан ба ҳадафҳои фоиданоки иҷтимоӣ заруранд”;
  • Хангоми ба қайд гирифтан муассисаҳо бояд имконияти пеш бурдани фаъолияти соҳибкориро нишон дода, даромад ва молу мулки дар натиҷаи фаъолияти муштарак ба даст овардашударо дар тавозуни алоҳида ба ҳисоб гиранд;
  • Кооперативхои ғайритиҷоратӣ бояд пеш аз ҳама ба аъзоёни худ хизмат расонанд.

Андозбандӣ – мушкили асосӣ

Аммо мушкилтар аз ҳама на бақайдгирӣ, балки андозбандӣ аст, мегӯянд созмонҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки ба соҳибкории иҷтимоӣ машғуланд.

“Мушкилоти бештарро мо бо намояндагони мақомоти андоз дорем. Онҳо намехоҳанд дарк кунанд, нафароне ҳастанд, ки ба кӯмаку дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, ҳарчанд дастгирии ин гуна одамон вазифаи асосии давлат аст.

Масалан, мо кӯдакистоне дорем, ки дар он кӯдакони оилаҳои осебпазир ройгон қабул мешаванд. Инчунин, мо кӯшиш мекунем, ба падару модарони онҳоро бо кор таъмин намоем.

Чанде пеш корманди мақомоти андоз хост аз маоши модаре, ки дар мо кор мекунад, барои кӯдак андоз ситонад. Мо мегӯем, ки ӯ имтиёз дорад, имкони пардохт карданро надорад. Аммо ин корманд парвое надорад”,- мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова, муассиси созмони ҷамъиятии “Мӯниси дил”.

Яке аз намунаҳои муваффақи соҳибкории иҷтимоӣ SogdArt

26-уми феврали соли 2024 дар ҷаласаи иттилоотии созмонҳои ғайритиҷоратӣ дар мавзӯи “Рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушкилоти зерин таъкид карда шуданд: нигоҳ доштани андозҳо аз пули лоиҳаҳо ва баҳисобгирии грантҳо ҳамчун фоида, мушкили пешбурди тавозуни алоҳида, андозҳои баланд, ташкили маҷбурии ширкати фаръӣ, саводнокии пасти касбии нозирони Кумитаи андози маҳаллӣ ва ғайра.

“Мо аз Лоиҳаи қонун умеди калон дорем ва интизори он ҳастем, ки натанҳо мақоми мо дар сатҳи қонунгузорӣ тасдиқ карда шавад, балки системаи содатари бақайдгирӣ, андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ низ ба роҳ монда шавад, то мо барои дастгирии чамъият саҳми боз ҳам бештар гузорем”,- мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова.

Тоҷикистон ба қонуни нав ниёз дорад

Рӯзи 7-уми март бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ нахустин муҳокимаи оммавии лоиҳаи Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” баргузор шуд.

Лоиҳаи қонунро раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод муаррифӣ кард.

Зимни муҳокима ба масъалаҳои соҳибкории иҷтимоии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, гирифтани мақоми соҳибкори иҷтимоӣ ё корхонаи иҷтимоӣ, ташкили реестр, имтиёзҳо, намудҳои дастгирии давлатӣ, мақоми ваколатдор ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Тавре Рустам Шоҳмурод бо назардошти муҳимияти соҳибкории иҷтимоӣ барои созмонҳои ҷамъиятӣ иброз дошт:

“Гурӯҳи корӣ пешниҳод менамояд, ки дар лоиҳаи Қонун ба субъектҳои соҳибкории иҷтимоӣ созмонҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дохил карда шаванд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ин як навоварист”,- таъкид кард ӯ.

Бино ба пешниҳоди ӯ, созмонҳои ҷамъиятӣ ба ягон чизи иловагӣ эҳтиёҷ надоранд, танҳо бояд инро дар оинномаҳояшон баён карда, ба меъёр мувофиқ намоянд кифоя аст.

“Лоиҳаи қонун метавонад ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ба таври қонунӣ пеш бурдани соҳибкории иҷтимоӣ ёрӣ расонад. Аммо масъалаи андозбандӣ то ҳол норӯшан аст”,- афзуд ӯ.

Чизи аз ҳама муҳим барои соҳибкорони иҷтимоӣ – мақоми ҳуқуқӣ гирифтан аст

Ёдовар мешавем, ки 2-юми октябри соли 2023 бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таъсис дода шуд.

Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ, раиси Комиссияи мониторинги Низомномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ таъин гардида, ҳамоҳангсозиро аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкилоти ҷамъиятии “Бюрои ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” назорат мекунад. Кори комиссия қариб 5 моҳ давом кард.

Аҳамияти қабули қонуни навро Насибахон Аминова, мудири Анҷумани миллии соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон низ таъкид мекунад.

“Қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ ба соҳибкорони иҷтимоӣ чизи аз ҳама муҳим – мақоми ҳуқуқӣ медиҳад.

Дар сурати мавҷуд набудани заминаи қонунгузорӣ, соҳибкорон аз эътирофи расмӣ (бале, ин ҳам муҳим аст!) ва дастгирии давлат маҳруманд. Ин натанҳо ба рушди ин бахш таъсир мерасонад, балки боиси номуайянӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ ва маҳдудияти дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ мегардад.

Ҳамчунин, бидуни қоидаву меъёрҳои қонунгузорӣ баҳо додан ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои иҷтимоӣ мушкил аст, ки ин ҷалби сармояро мушкил мекунад ва монеа дар пешрафту рушди соҳибкорӣ эҷод мекунад”,- мегӯяд Насибахон Аминова.

Мусаллам аст, ки барои рушди ҳамаҷонибаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон бояд тадбирҳои гуногуни дастгирии корхонаҳои иҷтимоӣ, ба мисли кӯмакпулӣ ва грантҳо, қарзҳои имтиёзнок, барномаҳои махсуси таълимӣ, инчунин тадбирҳои дорои хусусияти молумулкӣ пешбинӣ карда шаванд.

Масалан, ба иҷора додани моликияти давлатӣ ё мунитсипалӣ бо шартхои имтиёзнок. Ин ва бисёр чизҳои дигар аз ҷониби қонунгузорон дархост карда шуданд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун ба назар гирифта шаванд.

Зеро ин ҳама метавонад барои рушди соҳибкорӣ ангезае ба вуҷуд оварад ва ҳамчунин имкон медиҳад, ки қишрҳои осебпазири шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб шуда, даромад ва сатҳи зиндагии шоистатар дошта бошанд.

Ҳоло мо чӣ дорем?

Бо вуҷуди он, ки соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар қиёс ба таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ чизи нав аст, соҳибкорони тоҷик аллакай қадамҳои аввалинро барои ба субъекти комилҳуқуқ табдил додани он мегузоранд.

Мисолҳои муваффақонае ҳастанд, ки новобаста ба мушкилот тавонистаанд ба намунаҳои хуби соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мубаддал гарданд.

Оё мо ба ҷомеа абзори дигаре барои дастгирӣ дода метавонем ё баръакс, аз он маҳрум мегардем, ба бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Хурсандиовар аст, ки дар роҳи ташаккули заминаи ҳуқуқӣ аллакай қадамҳои нахустин гузошта шудааст.

Айни замон лоиҳаи Қонун “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend