fbpx

Шавқат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба Ӯзбекистон даъват кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳо рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Як муҳосиби мактаб дар Панҷакент ба сирқати 76 ҳазор сомонии муаллимон муттаҳам мешавад

Дар Панҷакент алайҳи сармуҳосиби мактаби миёнаи рақами 10-и шаҳр бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ” ва “сохтакории хизматӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ба иттилои торнамои расмии Додситонии кулл, сармуҳосиб ин мактаб, Ҳусейн Маҷидов “зимни фаъолияти корияш бо мақсади ғаразнок ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабиаш аз моҳи январи соли 2020 то октябри соли 2021 ведомости пардохти музди меҳнати кормандони муассисаро ғайриқонунӣ тартиб додааст. Ӯ дар санадҳо бо роҳи сохтакорӣ музди меҳнаташро аз 3000 то 9400 сомонӣ барзиёд нишон дода, дар асоси ин ҳуҷҷати расмӣ ба номи худаш дар маҷмӯъ, маблағи 76,534 сомонӣ музди меҳнат гузаронидааст”.

Манбаъ мегӯяд, сармуҳосиб ин маблағро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда ба давлат ба микдори калон зарари моддӣ расидааст.

Додситонии шаҳри Панҷакент, алайҳии Маҷидов Ҳ, парвандаро бар асоси моддаҳои 245 қисми 2 банди “г” ва 323-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ карда, ба додгоҳ ирсол кардааст.

Ин тизор меравад имрӯз, ҳукми Додгоҳи шаҳри панҷакент дар баробари Маҷидов эълон шавад.

Мирзиёев Раҳмонро ба Ӯзбекистон даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони ду давлат ба муносибати иди мубораки Фитр ҳамдигарро шодбош гуфта, сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоиро ба мардумони ҳам таманно намудаанд.

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон дар арсаи мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ аз мавзуъҳои дигари суҳбати роҳбарони давлатҳо будаанд.

Мирзиёев ва Раҳмон аз ҷараёни феълии рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ изҳори итминон намудаанд.

Дар ин суҳбат Шавкат Мирзиёев аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар фурсати муносиб бо сафари расмӣ аз Ӯзбекистон боздид кунад.

Роҳбарони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Қатъи обрасонӣ дар 9 маҳаллаи Душанбе: кадом ва то кай?

Сокинон ва меҳмонони 9 маҳаллаи шаҳри Душанбе барои як шабонарӯз беоб монданд.

Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар саҳифаи расмии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст.

“Рӯзи 4 майи соли равон бинобар рух додани садама дар шоҳқубури дм 500 мм А. Навоӣ, назди маркази савдои “Релакс” интиқоли оби ошомиданӣ қатъ карда мешавад”, – омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки интиқоли об барои 9 минтақаи пойтахт маҳдуд мешавад.

Ҳамин тавр, тибқи гузориши ин ниҳод, сокинони шаҳракҳои 82, 101, 102, 112 ва маҳаллаҳои Испечак, Қазоқон, Зафар Зарафшон то дарвозаи Ҳисор бе оби ошомиданӣ мемонанд.

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Авул ва шаҳракҳои 83, 84, 103 ва 104 фишори об паст мешавад.

КВД “Обу корези Душанбе” афзуда, ки мутахассисони корхона давоми рӯз садамаро бартараф хоҳанд кард.

Нақшаи даъват ба артиш дар Тоҷикистон 70% иҷро шуд

Дар зарфи як моҳ нақшаи даъват ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 70% иҷро шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ, шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.

Гуфта мешавад, то ин дам 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд.

Иҷрои нақшаи даъват дар ноҳияҳои тобеи марказ зиёда аз 70%-ро ташкил дода, дар ин давра ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш аз иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ҳисобот доданд.

Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 70% ва дар вилояти Суғд – 55%-ро ташкил медиҳад.

4 нафар Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон намояндагӣ мекунанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки рӯзҳои 6-21 май дар шаҳри Истамбули Туркия бо иштироки беш аз 400 муштзан аз 93 кишвар баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар чаҳор варзишгар – Сумайя Қосимова (-48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (-50 кг), Миҷгона Самадова (-57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (-63 кг) – дохиланд.

Рақобатҳо миёни занон дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи 12 дараҷаи вазнӣ сурат мегирад: 48 кг; 50 кг; 52 кг; 54 кг; 57 кг; 60 кг; 63 кг; 66 кг; 70 кг; 75 кг; 81 кг; +81 кг.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 2,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн ба ҷуз аз медали тилло, 100 ҳазор доллар мегиранд. Ба барандагони медалҳои нуқра 50 ҳазор ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 25 ҳазор долларӣ супурда хоҳад шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend