fbpx

Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” чор утоқи беморхонаи ноҳияи Деваштичро таъмир кард

Ӯтоқҳо дар доираи Лоиҳаи “Дастрасии мардуми деҳот ба хизматрасонии баландсифати тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби ТҶ “Садоқат” бо дастгирии молиявии Ташкилоти “TDH Germany” таъмир карда шуданд.


0

30 апрел Ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти “Terre des Hommes Germany” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич чаҳор утоқи кӯдаконаи навтаъмиршударо дар шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич ба истифода дод.

Ӯтоқҳо дар доираи Лоиҳаи “Дастрасии мардуми деҳот ба хизматрасонии баландсифати тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби ТҶ “Садоқат” бо дастгирии молиявии Ташкилоти “TDH Germany” таъмир карда шуданд.

Лоиҳаи мазкур аз ду қисмат рушди инфрасохтор ва омӯзиш иборат аст. Дар қисмати омӯзишии лоиҳа 12 семинари дурӯза оид ба бемориҳои кӯдаконаи афзалиятнок дар байни 45 корманди соҳаи тиб аз ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан ва чаҳор маъракаи иттилоотӣ оид ба ғизои солими кӯдак дар байни 200 нафар занҳои синни репродуктивӣ аз ноҳияи Деваштич гузаронида мешавад.

“Мо аз он хушҳолем, ки фаъолияти худро оид ба беҳбуди иншооти иҷтимоӣ дар соҳаи тандурустӣ дар кишвар идома дода истодаем. Ба Ташкилоти “TDH Germany”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич, ба маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳа миннатдории худро изҳор менамоем”, – мегӯяд, директори ТҶ “Садокат, Нигора Негматуллоева.

Намояндаи Ташкилоти “TDH Germany” Крис Ҳарман мегӯяд, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки дар дастрас кардани муассисаҳои тиббӣ ба кӯдакони ноҳияи Деваштич ва инчунин такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ва аҳли ҷомеа саҳми худро бештар гузоранд.

Маъмурияти Беморхонаи марказии Деваштич аз беҳтар гардидани шароити беморхона барои кӯдакон хушҳоланд. Сардухтури беморхона Ҳазратқул Миров мегӯяд, ки ин аввалин маротиба нест, ки ТҶ “Садоқат” ба беморхонаашон кӯмак мекунад.

“Ин лоиҳа як қадами дигар дар самти беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ аст. Мехоҳам миннатдории самимии тамоми кормандони беморхонаро ба Ташкилоти “Terre des Hommes Germany” барои дастгирии молиявии назаррас ва ба дастаи кормандони фидокори ТҶ “Садоқат” барои саъю кӯшиши доимиашон барои беҳбуди шароити беморхона баён кунам”, – мегӯяд, Ҳазратқул Миров.

ТҶ “Садоқат” ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки соли 2000-ум таъсис ёфтаст. Ҳадафи асосии ташкилот беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути фаъолият ва ҳамкории пурсамар мебошад.

Ташкилот дар давоми 20 соли фаъолияти худ бо дастгирии ташкилотҳои гуногуни донорӣ тақрибан 25 лоиҳаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла васеъ намудани имкониятҳои занону ҷавонон, саломатии репродуктивӣ, тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон, баланд бардоштани малакаҳои забони англисӣ, инчунин инфрасохтори муассисаҳои тандурустиву маориф татбиқ намудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend