Собира Раҳимова, ки беш аз 50 сол боз сӯзан дар даст дорад, мегӯяд, ки ин маҳсули даст ҳам дар рӯзи шодӣ ва ҳам дар рӯзи ғами мардум зарур аст.
Собира-хола ҳунарро аз модараш омӯхта, ҳанӯз аз 12-солагӣ ба ин касб дил бастааст. Ӯ нақл мекунад, ки чӣ тавр маҳз ҳамин ҳунар дар солҳои душвори 90-ум оилаи ӯро аз гуруснагӣ наҷот дод. Он замон, ки дасттангӣ ҳукмфармо буд, ӯ сӯзаниҳояшро ҳатто ба як қуттӣ чой ё ду нон иваз карда, рӯзгорашро пеш мебурд.
Имрӯз бошад, ҳавлии ӯ ба як намоишгоҳи зиндаи ҳунари миллӣ табдил ёфтааст, ки аз Самарқанду Бухоро ҳам барои хариди маҳсули дасташ меоянд.
Дар навор Собира Раҳимова дар бораи фалсафаи нақшҳо суҳбат мекунад. Офтоб дар сӯзанӣ — рамзи муҳаббат, анор — рамзи серфарзандӣ ва қаламфур — нишони паноҳ аз чашми бад аст.
Ин сӯзаниҳо на танҳо хонаи арӯсонро зеб медиҳанд, балки тибқи расми аҷдодӣ, ҳангоми видоъ бо азизон болои тобуту қабрро низ мепӯшонанд.
Ӯ ин ҳунарро ба духтар, келин ва набераҳояш омӯзонида, орзу дорад, ки насли ҷавон бештар ба ин санъати аҷдодӣ рӯй оварад.
Бахусус ҳоло, ки Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ” эълон шудааст ва ин ҳунар бренди Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ гардидааст.
Дар ин гузориш бо зиндагии ин зани ҳунарманд ва асрори нақшҳои пурмаънои сӯзаниҳои Панҷакент шинос шавед.
Меҳрофарин Наҷевуллоев, махсус барои Your.tj









