fbpx

Русия аз шиддати вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-1
-1 points
Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон
Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз dw.com

Оғози пардохти ҷубронпулӣ ба пасандоздорони бонки муфлисшудаи “Тоҷиксодиротбонк”

Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ дар сомонаи худ иттилоъ додааст, ки рӯзи 23 июни соли равон пардохти ҷубронпулии суғурта аз рӯи пасандозҳои суғурташуда ба пасандоздорони бонки муфлисшудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” оғоз кард. Хазина таъкид доштааст, ки ҶСК “Ориёнбонк” ба сифати бонк-агент таъин карда шуда, аз ном ва ҳисоби Хазина ҷубронпулии суғуртаро ба пасандоздорони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” пардохт мекунад.

Гуфта шудааст, ки ҳангоми муроҷиат ба бонк-агент пасандоздорон бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ариза дар бораи пардохти ҷубронпулии суғуртаро дар шакли муқарраркардаи Хазина пешниҳод намоянд. Ҳамзамон қайд шудааст, ки пасандоздороне, ки имконияти шахсан ба бонк-агент омаданро надоранд, метавонанд ба намояндаи худ супориш диҳанд, ки аз номи онҳо дар асоси ваколатнома ариза пешниҳод намоянд.

Дар бонк-агент намояндаи пасандоздор бояд бо худ ваколатнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошад. Маблағи ҳадди ниҳоии ҷубронпулии суғурта, ки қонунгузории амалкунанда муайян кардааст, барои пасандозҳо бо пули миллӣ на бештар аз 30 ҳазор сомонӣ ва барои пасандозҳо бо асъори хориҷӣ на бештар аз 21 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки иҷозатномаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2021, барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ бозхонд карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон котибони Шӯрои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад. Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи короновирус масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддит гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт.

Тоҷикистон барои низомиён дар марзи Афғонистон ҳолати омодабош эълон кард

Тоҷикистон амният дар марз бо Афғонистонро тақвият дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов.

Марзбонон дар қисмати сарҳадии ВМКБ ба ҳолати омодабош гузаштанд. “Вазъи хатарноки Афғонистон моро даъват мекунад, ки суботи дохилиро таъмин намоем, дар сурати вайрон кардани эҳтимолии сарҳади давлатӣ, марзбонон дар ҳолати омодабош мебошанд”, – гуфтааст Файзов.

Сардори минтақа омодагии худро барои қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз Афғонистон ҳангоми бадтар шудани вазъ дар марз эълон кард. “Имкониятҳои иқтисодӣ ва сиёсии худро ба назар гирифта, мо омодаем беш аз 10 ҳазор гурезаҳои афғонро қабул кунем ва бораи онҳо ғамхорӣ кунем” , – ваъда додааст Файзов. Зимнан, Ёдгор Файзов илова намудааст, ки ҳоло вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар минтақа қарор дорад ва вазъи марз бо Афғонистонро меомӯзад.

Кремлин аз шиддати вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст

Дар пасманзари хуруҷи неруҳои ҳарбии эътилофи кишварҳои Ғарб Русия аз шиддати вазъ дар Афгонистон ва рӯйи кор омадани манбаи нави ташаннуҷ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст. Дар ин бора сухангӯи президент Русия Дмитрий Песков рӯзи чоршанбе ба рӯзноманигорон изҳори назар кард, хабар медиҳад ТАСС.

“Дар маҷмӯъ, ҷараёни рушди вазъ дар Афғонистон дар баробари хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва дигар неруҳо аз ин кишвар сабаби таваҷҷуҳи хос ва нигаронии мост <…> Тоҷикистон кишвари ба мо хеле наздику шарик аст. Дарвоқеъ, аз пайдо шудани манбаи нави шиддат ва таҳдидҳо нигаронем”, – гуфтааст намояндаи Кремл.

Чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки Шерхон Бандар, гузаргоҳи муҳими гумрукиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ба дасти “Толибон” гузашт.

Қазоқистон ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд ҳадия кард

Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона, 10 ҳазор тонна орд додааст. Шаҳодатномаи борро сафири Қазоқистон ба муовини раҳбари агентии захираҳои давлатии моддии Тоҷикистон супоридааст. Сафорати Қазоқистон мегӯяд, ёрии навбатӣ барои пур кардани захираҳои озуқаворӣ дар шароити вазъи бӯҳроние ки бар асари пандемияи коронавирус ба амал омадааст, расонида шуд.

Зикр шудааст, ки тавофуқ барои интиқоли орд, моҳи гузашта зимни сафари Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон ба Душанбе ҳосил шудааст. Ҳаҷми умумии кӯмак беш аз 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар айни замон Қазоқистон тасмим дорад беш аз 700 ҳазор тонна сабзавотро ба кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон содир кунад. Мақомоти қазоқ мегӯянд,бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои ҳамсоя нархи маҳсулот ба мисли сабзиро, ки ҳоло дар Тоҷикистон аз 8 то 12 сомонӣ нарх дорад,коҳиш медиҳад.

Дастури чораҳои ҳатмии беҳдоштӣ дар масҷидҳои Тоҷикистон

Кумитаи умури дини Тоҷикистон бо ирсоли барқияе ба ҳукуматҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва манотиқи тобеи ҷумҳурӣ тавсия додааст, ки назорати беҳдоштӣ ҳангоми баргузории ҷашну сур ва намозҳои дастаҷамъӣ пурзӯр карда шавад. Хабаргузории Спутник мегӯяд, ин барқияро дар ихтиёр дорад ва дар он гуфта шудааст, то замоне ки қойидаҳои бехатарии эпидемиологӣ ба таври қатъӣ риоя карда шаванд, фаъолияти масҷидҳо ва баргузории туйҳо манъ намегарданд. Дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави сирояти СOVID-19 ошкор шудааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор масҷидро расман сабтином кардаанд. Масҷидҳо яке аз маконҳои асосии ҷамъ шудани одамон бахусус дар рӯзи ҷумъа аст. Намозгузории дастҷамъона дар онҳо бори охир аз 18-уми апрели соли 2020 то 1-уми феврали 2021 манъ шуда буд.

Чаҳор паҳлавони тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфтанд

Чаҳор ҷудокори тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтанд. Федератсияи байналмилалии ҷудо дар сомонаи расмии худ рӯзи 22-юми июн охирин радабандии олимпиро қабл аз оғози бозиҳо нашр кард. Тибқи радабандии нашршуда, варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кг, Акмал Муродов дар вазни 81 кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кг ва Темур Раҳимов дар вазни 100 кг, соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио -2020 шуданд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон навиштааст, Беҳрӯз Хоҷазода — ҷудокори дигари тоҷик ҳам дар “минтақаи сабзи” ҷадвали радабандии олимпӣ қарор дорад. Аммо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо, аз як кишвар дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад.

Аз Тоҷикистон муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук) низ дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 иштирок мекунанд.

Фаввораи назди чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе тахриб шуд

Фавворае, ки дар тарафи рости чойхонаи маъруфи “Роҳат” дар Душанбе воқеъ буд, тахриб шуд. Ба гуфтаи намояндагони шаҳрдории пойтахт, тахриби фаввора тибқи нақша сурат гирифтааст. “Ин моҳ ҳамчунин қисмати чапи собиқ бинои ҳукумат, ки айни замон дар он шаҳрдории Душанбе фаъолият дорад, низ тахриб мешавад”, – гуфтанд дар ҳукумати пойтахт.

Зикр гардид, ки дар ин ҷо боғе сохта хоҳад шуд, ки ба бинои ҳукумати ҷумҳурӣ пайваст мешавад. Тахриби собиқ бинои ҳукумат ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта оғоз гардид. Тибқи нақшаи нави генералии пойтахт, дар ин ҷо бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ қомат меафрозад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend