Мурсал Тоҳирӣ як ҷавондухтари 23-солаи афғон аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, таъмини аҳли хонаводаашро ба пуррагӣ бар души худ гирифтааст. Ӯ барои ин касби дӯзандагиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ҳоло Мурсал ба 25 нафар ҷавондухтарони тоҷик дӯзандагиро меомӯзад.
Ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба сар мебарад. Хонадони Мурсал соли 2006 бинобар шиддати даргирӣ дар Афғонистон ба Тоҷикистон муҳоҷират карданд, то аз ин тариқ ба кишвари сеюм бираванд. Вай мегӯяд, “вазъи даргир дар ватанамон моро водор кард, то гуреза шавем. Дарёфтем, ки тариқи Тоҷикистон имкони ба кишвари сеюм рафтан мавҷуд аст ва хонаводаи мо ин кишварро интихоб карданд”.
Ба қавли ӯ, падараш дар Афғонистон маъмури барқ буд, аммо пас аз ҳиҷрат дар бозори “Сафариён” (маъруф бо Автовокзал) дӯкон гирифт ва фурӯши либосҳои дасти дуюмро ба роҳ монд.
“Падарам тақрибан 2 сол либос савдо кард, аммо мушкиле пеш омаду ба кораш идома дода натавонист. Вазъи саломатиаш яку якбора вазнин шуд, тӯли чандин моҳ ба мо аммаҳоям, ки дар Канада зиндагӣ мекунанд, кӯмак мерасониданд” – мегӯяд Мурсал.
Ҳоло бошад худи Мурсал дӯзандагӣ мекунад ва зиндагии хонаводаашро таъмин менамояд.
Роҳ ба сӯйи орзуҳо
Мурсал пас аз хатми мактаб мехост донишҷӯ шуда, соҳибкасб гардад. Ӯ хост тариқи барномае, ки паноҳандагони афғонро ба таҳсил фаро мегирад ба донишгоҳ дохил шавад, аммо ӯ ин навбатро ба апааш дод.
“Ману апаам мактаби миёнаро дар як сол тамом кардем. Инҷониб мехостам ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода супорида, мутахассиси забони инглисӣ шавам. Вале барои таҳсил маблағ надоштем.
Аз намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хабар ёфтем, ки барои таҳсили паноҳандагон барномае ҳаст. Дар сурати шарафёб шудан ба номи донишҷӯ, онҳо омодаанд шартномаи таҳсили як нафарро бипардозанд. Азбаски апаам ҳам мехост донишҷӯ гардад, ман ба донишгоҳ ҳуҷҷат насупоридам”, – нақл мекунад, Мурсал.
Дар ивази ин Мурсал барои ҳунаромӯзӣ ба як кошонаи ҳусни шаҳри Душанбе рафт. Ҳудуди як моҳ кор кард. Дар шафати кошона коргоҳи дӯзандагӣ қарор дошт, ки Мурсал дар ҳамон ҷо касби дӯзандагиро низ аз худ кард.
“Аз хурдӣ ба дӯзандагӣ меҳр доштам. Аз ин рӯ дар вақтҳои холигӣ ба дӯкони либосдӯзӣ рафта, кӯмак мекардам. Пешниҳод карданд, ки бо онҳо кор кунам”.
Мурсал мегӯяд, пасон ба кори дӯзандагӣ гузаштам. Бо ин роҳ хонаводаро таъмин ва иҷорапулии хонаро пардохт мекардам. Ҳатто имкон ёфтам, ки синфи 12-ро дар мактаби афғонии “Сомониён” хатм кунам.
Рашки раиси коргоҳ
Мурсал тӯли панҷ сол дар коргоҳҳо дӯзандагӣ намуд. Кораш хуб ҷараён мегирифт, аммо дар ин миён кор ранги дигар гирифт. Аз ҳасудии раиси коргоҳ ӯ маҷбур шуд, ки корро дар хона идома диҳад.
“Дар коргоҳ мо се дугона будем. Бинобар фармоиши бештар доштани мо, раиси коргоҳамон аз бахилӣ бо мо муносибати хуб намекард ва ҳарфҳои носазо мегуфт. Ҳатто баъзан калиди идораро аз мо пинҳон мекард, то мо сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шуда натавонем.
Рашку нотавонбинӣ ва бухл водорам намуд, то фаъолияти мустақилона ба роҳ монам ва дар хонаамон фармоиш бигирам. Дар оғоз барои пайдо кардани муштарӣ дар хонаамон эълон овезон кардам. Муштарӣ низ пайдо намудам. Якчанд модар барои омӯзондани ин ҳунар духтарҳояшонро ба наздам шогирдӣ оварданд”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.
Бо худкифо шудан, Мурсал соли 2018 ҳуҷҷатҳояшро дигарбора ба донишгоҳ супурд, аммо ба дигар ихтисосос: ихтисоси бонкдории Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Шартномавӣ ба он дохил шуд ва ба орзуи деринааш расид.
Модараш аз бемории носур (киста) ранҷ мекашид. Соли 2019 тақрибан чор бор ҷарроҳӣ шуд. Дар пайи ташхиси пизишкон маълум гашт, ки гирифтор ба бемории саратон гаштааст.
“Духтурон тавсия доданд, ки барои муолиҷа модарамро ба Ҳиндустон бибарем. Барои табобаташ хешу пайвандонамон дасти ёрӣ дароз карданд ва кумаки молӣ расониданд. Падарам варо ба табобат бурд”.
Ҳамакнун бори зиндагӣ бар дӯши Мурсалу апааш афтид. Додару хоҳари донишҷӯяшонро мебоист бо роҳкиро таъмин намоянд. Кори вай дучанд шуд. “Ҳар рӯз соати 5 аз хоб бармехестам ва то шабонгаҳ медӯхтам. Кӯшиш мекардам, ки ҳарчӣ зудтар фармоишеро ба анҷом расонида дигарашро қабул кунам”, – мегӯяд, Мурсал.
Дуроҳа
Гарон шудани молу маҳсулот, дур будани падару модар, соатҳо сари мошинаи дӯзандагӣ кор кардан ин ҳама ба рӯҳияи Мурсал бетаъсир намонд. Духтур дар бадани вай каҷшавии сутунмуҳраро ба мушоҳида гирифтанд. “Пизишкон тавсия карданд, ки дӯхтанро дигар давом надиҳам. Аммо пизишки дигар гуфт, иҷоза ҳаст ба шарте ки камтар сари мошина бишинам”.
Бо ин вуҷуд вай пуркорӣ мекунад ва шогирд омода менамояд. Ӯ мегӯяд, “надӯзам, зиндагиямон пеш намеравад. Магарам кор кунам. Шукри Худо, дар ҳоли ҳозир чор шогирд дорам, ки аз ин ҳисоб ба зиндагиямон басандагӣ мекунад”.
Ба гуфтаи Мурсал, кори дӯзандагӣ ба асаб таъсири манфӣ дорад. Аз ин рӯ, мехоҳад пас аз хатми донишгоҳ дар яке аз бонкҳои кишвар ба кор бипардозад.
“Агар ба соҳаи бонкдорӣ гузарам, дӯзандагӣ нахоҳам кард. Танҳо барои худ ва хонаводаам хоҳам дӯхт”.
Мурсал Тоҳирӣ орзуҳои бисёр дорад. Сафар ба Канада аз ормонҳои ӯст.
Бино ба оморҳо, шумораи гурезагон ва паноҳандагон афғон дар Тоҷикистон тақрибан 6000 нафарро ташкил медиҳад. Гурезагон дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, се ноҳияи вилояти Хатлон ва ду ноҳияи вилояти Суғд ба сар мебаранд.
Ардашер Пайванд