fbpx

Валентина Чупик ба муҳоҷирон: Фирефтаи шаҳрвандӣ шуда ба ҷанги Украина наравед, ин ҷанги Шумо нест

Чанд рӯз пеш Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки як муҳоҷири узбек бар ивази шаҳрвандӣ ва маоши хуб ба ҷанг ба Украина рафтааст.


0

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия Валенитина Чупик ба муҳоҷирон муроҷиат намуда гуфтааст, ки фирефтаи ҳар гуна ваъдаҳо нашаванд ва аз рафтан ба ҷанги Украина худдорӣ кунанд.  Ҳамчунин намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардааст, ки ба таҳлука дода нашаванд ва қонунгузории кишвари будубошро риоя намоянд.

Ба даст овардани шаҳрвандб дурӯғ аст

Муроҷиатномаи Валенитина Чупик дар гуруҳи “Мы, мигранты” (Мо, муҳоҷирон) дар Facebook рӯзи 2 март нашр шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки вазъият дар Русия хеле бад аст ва муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд қурбонии аввалини он шаванд.

“Бисёре аз қаллобон кӯшиш мекунанд, ки аз ҳисоби соддалавҳӣ ва бе муҳофизат будани шумо пул кор кунанд. Масалан, Баҳром Исмоилов, яке аз муҳоҷирбадбинон (мигрантофоб) ва дӯсти наздики  Жириновский, як навори видеои комилан бардурӯғ нашр кард, ки гӯиё барои имзои қарордод дар артиши Русия баъд аз 3 моҳ ба шумо шаҳрвандӣ дода мешавад. Ин дурӯғ аст”, – менависад вай.

Чупик дар идома гирифтани шаҳрвандӣ дар муддати 3 моҳро рад намекунад ва мегӯяд, ки мувофиқи лоиҳаи қонун дар бораи шаҳрвандӣ, ки ба Дума пешниҳод шуда ва то ҳол ҳоло қабул нашуда, аризаи дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) барои гирифтани шаҳрвандии Русия, ки тибқи қарордод дар артиши Русия хидмат мекунанд, бояд дар муддати 3 моҳ баррасӣ шавад.

“Ин ҷанги Шумо нест”

“Ин барои гирифтани шаҳрвандии Русия асос шуда наметавонад, аммо кам шудани муҳлати он барои дорандагони Ҳуҷҷати иҷозаи зист аз имкон дур нест. Вале он хеле шубҳанок аст, чун волидону фарзандони русиягиҳо бояд дар 3 моҳ шаҳрвандӣ гиранд, вале 1 сол ва аз он ҳам зиёдтар мунтазир мешаванд”, – қайд кардааст Чупик.

Ӯ дар идома мегӯяд, ки аллакай муҳоҷироне ҳастанд, ки ба ин дурӯғ бовар карда ба ҷанг рафтаанд.

Дар фарҷоми муроҷиати худ ӯ ба муҳоҷирон мегӯяд, ки ба иғвоҳо дода шуда, худро фиреб надиҳанд, чун ин ҷанги онҳо нест.

“Агар дар Русия кор бошад, кор кунеду маошатонро саривақт талаб намоед, аз ҳуқуқҳоятон бо роҳҳои қонунӣ ҳимоят кунед. Агар кори хуб набошад, ба дигар кишварҳо равед ё ба ватан баргардед. Қурби рубл поин рафта, барои муддати тӯлонӣ ба сатҳи қаблии худ барнамегардад. Дар Русия кор ва ҳатто пул ҳам камтар шуда, қаллобӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон бештар мешавад”, – мегӯяд Чупик.

Вазорати меҳнат: Ба таҳлука дода нашавед

Намояндагии вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия дар муроҷиатномаи худ ба муҳоҷирон гуфтааст, ки вобаста ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука дода нашуда, меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Русияро тибқи тартиби муқараргардида, риоя намоянд.

“Вобаста ба овозаҳои беасос дар иртибот ба фаъолияти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово», ки дар воситаҳои ахбори омма, дар шабакаҳои иҷтимоии блогерон ва шахсони манфиатҷӯ нашр гардидааст, бовар накарда, маълум менамоем, ки Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово» тибқи тартиби муқараргардида, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 20:00 барои шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамояд”, – омадааст дар муроҷиатномаи намояндагӣ.

Дар идома намояндагии вазорат ба муҳоҷирон тавсия дода медиҳад, ки ҳангоми пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) аз хизматрасониҳои бонкҳо истифода намуда, баргаи (чек) онро бо худ то дер нигоҳ доранд. Дар иртибот ба вазъи ба амаломадаи бонкӣ пардохти пеш аз муҳлати он (2-3 рӯз пеш) ба манфиат мебошад.

“Аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ намоед”

Ҳамчунин ба муҳоҷирон тавсия дода шудааст, ки вобаста ба тағийрёбии қурби асъор аз хароҷотҳои дуёминдараҷа ва зиёдатӣ худдорӣ намуда, маблағҳои худро сарфакорона истифода намоянд. Инчунин, пеш аз убури сарҳади давлатии Русия маълумотҳои худро аз махзани маълумотии Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба манъи вуруд тафтиш намуда, пасон сарҳади давлатиро убур намоянд.

“Дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимоли сари вақт напардохтани музди меҳнат шояд зиёд гардид, аз ин лиҳоз тавсия дода мешавад, ки ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботҳои шартномаи феҳнатӣ фаъолият намоед. Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонидашуда, нусхаи онро ҳатман дар худ маҳфуз доред”, – омадааст дар муроҷиатнома.

Дар охир намояндагӣ  иҷрои қонунҳои кишвари будубош ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро ҳангоми пурсон шудани кормандони тартиботи ҷамъиятӣ зарур шуморидааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend