Оби Норак кофист, аммо лимити ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон идома дорад
Айни замон ҳаҷми об дар обанбори Норак дар нишондиҳандаи ниҳоӣ қарор дошта, барои истеҳсоли мунтазами барқ дар кишвар ҳамаи шароит фароҳам аст. Ба гуфтаи кормандони неругоҳ, маҳдудият (лимит)-и ҳозираи истифодаи барқ дар деҳот ба ҳеҷ ваҷҳ ба захираи об дар обанбори Норак рабт надорад.
“Бо вуҷуди имрӯз ба миқдори кофӣ – ба ҳисоби миёна 43,5 млн кВт/соат дар як шабонарӯз истеҳсол шудани барқ дар кишвар, аз аҳолӣ даъват мекунем, ки барқро сарфакорона истифода баранд”, – даъват мекунад ширкати “Барқи тоҷик”, ки сабаби асосии лимити барқро ба аҳолӣ то ҳол шарҳ намедиҳад.
Ширкат ҷорӣ гардидани лимитро рад намуда, реҷаи маҳуди истифодаи барқро, ки аз 7 октябр дар минақаҳо идома дорад, ба баргузории корҳои таъмир дар иншооти барқӣ вобаста медонад.
Мутахассисони неругоҳи Норак изҳор намуданд, ки барои кори муътадил ва пурсамар дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 дар ҳамаи навъи гидроагрегат ва таҷҳизоти ёридиҳанда корҳои омодагӣ ва таъмирро ба анҷом расонидаанд.
Рӯзи дувуми тазоҳурот дар маркази Бадахшон. Талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дуюм аз раиси вилоят, Алишер Мирзонаботов, хостаанд, ки ба назди эътирозгарон барояд.
Садҳо нафар ду рӯз боз дар шаҳри Хоруғ ҷамъ омадаанд. Онҳо эътироз доранд, ки Гулбиддин Зиёбеков, сокини 29-солаи ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти ниҳодҳои қудратӣ кушта шудааст. Додситонии Бадахшон амалиётро тасдиқ кард, аммо дар баёнияи расмӣ танҳо захмӣ шудани Зиёбековро зикр намуд.
Бахтовар Бахтиёров, яке аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ ва иштирокдори мулоқот бо раиси вилоят, рӯзи 26-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, Алишер Мирзонаботов дар ҳузури ҳама ба талабҳои мардум, хусусан барои мулоқот бо онҳо, ҷавоби рад дода, гуфтааст, “чунин салоҳиятро надорад”.
Бахтиёров гуфтааст, рӯзи 25-уми ноябр низ бо Алишер Мирзонаботов мулоқот доштанд ва ӯ пешниҳоди бас кардани оташкушоиро ба тарафи мардум пазируфтааст.
Раиси вилоят ваъда додааст, ки дар муддати 2-3 моҳи наздик тафтиши қазия ва ҳамчунин тирпаронӣ дар майдонро анҷом хоҳанд дод.
Дар пайи кушта шудани Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар ноҳияи Роштқалъа, садҳо нафар ду рӯз боз дар назди бинои ҳукумати вилояти Бадахшон ҷамъ шудаанд. То ин дам дар бораи кушта шудани ду нафари дигар гузориш расидааст. Мақомот дар бораи захмӣ шудани 5 корманди ниҳодҳои қудратӣ хабар дода, дар бораи ҳалокшудагон чизе намегӯянд.
Таҷаммӯи зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия
Беш аз сад нафар аз бадахшониёни муқими Русия шоми 25-уми ноябр бо нишони эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҷаммуъ карданд.
Онҳо аз амалиёти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар минтақа норозӣ ҳастанд, ки дар пайи он рӯзи 25-уми ноябр як сокини Роштқалъа кушта шудааст. Мақомот мегӯянд, Гулбиддин Зиёбекови 29-сола ҳангоми амалиёти боздошт “муқобилият нишон дод ва захмӣ карда шуд”.
Яке аз эътирозгарон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо аз ҳукумат талаб доранд, ки иртиботро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барқарор карда, омилони марги сокини Роштқалъаро ҷазо диҳанд.
Ба гуфтаи онҳо, пас аз сар задани ҳодиса, иртибот бо Бадахшон қатъ шудааст ва Интернету симкортҳои телефонҳои мобилӣ кор намекунад.
Дар Тоҷикистон 50 касро барои саркашӣ аз хидмат ба ҷавобгарӣ кашидаанд
Додситониҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 50 ҷавонро барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ (дар мавсими даъвати имсолаи баҳорӣ) ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми ноябр хабар дод, ки дар даъвати баҳории соли 2021 дар кишвар 2427 даъватшаванда “бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ” ба артиш бурда шуданд.
Ба иттилои манбаъ, шуморе аз даъватшавандаҳо ҳанӯз аз хидмат дар сафи артиш худдорӣ карда, ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир нашудаанд ва бинобар ҳамин, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Аваз Кабир: “Хабари тахриби бозори “Султони Кабир”-ро аз расонаҳо хондам”
Аваз Кабир молики бозори “Султони Кабир” дар як мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” дар пайи хабари тахриби бозори “Султони Кабир” гуфтааст, ки ӯро мақомот расман аз кӯчонидани бозор огоҳ накардаанд.
“Дар расонаҳо хондем, ки бозори моро то моҳи март тахриб мекунанд ва соҳибкорон фаъолияташонро дар дигар ҷой идома медиҳанд. Аз ин зиёд чизе намедонам. То ҳол моро расман аз ин тасмим огоҳ накардаанд. Хабари тахриби бозор байни савдогарон низ паҳн шудааст, вале то ҳол ягон маҷлисе ташкил накардам, чун ягон иттилои дақиқ дар ин бора надорам” – гуфтааст Аваз Кабир.
Хабари барҳам додани бозорҳои бузурги сохтмонӣ аз ҷониби шаҳрдории Душанбе шоми 24-уми ноябри соли 2021 паҳн гардид.
Бар асоси хабарномаи шаҳрдорӣ ин ду бозор ва маркази савдои “Мадад”, ки ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо марбут аст, аз 1-уми марти соли 2022 барҳам дода мешаванд ва дар ҷойи “Султони Кабир”-у “Осиё” шаҳркаи муосири тиббӣ бунёд мешавад.
Дар Тоҷикистон намояндагии бузургтарин ширкати аудитории ҷаҳон барҳам дода шуд
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи шикати Deloitte & Touche, ки аз бузургтарин ширктаи аудиоторӣ дар ҷаҳон аст, бозхонд кард.
Қарори раёсати БМТ дар ин бора аз 25 ноябри соли 2021, таҳти №182 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” содир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бозхонди иҷозатнома бо дархости худи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Deloitte & Toucheсурат гирифтааст.
Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ширкати Deloitte & Touche, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар низоми бонкӣ аз 26 декабри соли 2018, таҳти №174 дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Муҳриддин аз Лавров хост, гунаҳкорони куштори тоҷикон дар Русия муҷозот шаванд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои русаш Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дода, дар он қазияи кушта шудани шаҳврандони Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
“Мусоҳибон қазияеро, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух додааст, ки дар натиҷаи он шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, муфассал баррасӣ карданд”, — зикр намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.
Муҳриддин таваҷҷуҳи Сергей Лавровро ба зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин ҳодиса ва ҷазои гунаҳкорони ҷиноят ҷалб кард.
Манбаъ афзуда, вазирон ба тавофуқ расиданд, ки қазияи мазкурро таҳти назорати махсуси вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия қарор медиҳанд