Ба кӯдакони дар никоҳи ғайрирасмӣ таваллуд шуда, танҳо пас аз муайян кардани падарӣ шаҳодатномаи таваллуд дода мешавад. Дар ҳолати дигар, кӯдакро бо насаби модар ба қайд мегиранд.
Оё модар метавонад ба таври якҷониба барои муайян кардани падарӣ ариза диҳад? Агар падар розӣ бошад, кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ва дар сурати эътироф накардани фарзанд аз ҷониби падар, кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда мешаванд?
Ин тартиб дар деҳот чӣ гуна сурат мегирад, барои анҷоми он чӣ қадар вақт лозим аст? Ба ин ва дигар суолҳо Мусулмон Саъдуллозода, сардори шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шоҳмансур посух медиҳад.
Силсила подкастҳо дар доираи лоиҳаи Барномаи Рушди СММ “Ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Вазорати адлияи кишвар ва иштироки Маркази ҳуқуқи инсон омода карда шудааст.
Дар нашрҳои оянда мо бо мутахассисони САҲШ дар мавзӯи чӣ гуна иваз кардани насаб, сабти ақди никоҳ, ба фарзандхонӣ қабул намудан ва ғайраҳо сӯҳбат хоҳем кард.
Инчунин, шумо метавонед, ҳама маълумоти муфид дар бораи хизматрасониҳои САҲШ ва ҳуҷҷатгузориҳоро аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон – http://rahsh-adliya.tj/ дастрас намоед.
Лоиҳаи ислоҳоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.