Хаттоти тоҷик ки бо хати форсӣ менависад

Посдори ҳуруфоти ниёгон. Комилҷон чӣ тавр хаттотӣ омӯхт

Комилҷон Саидолимов устоди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буда, аз фанни “Хат ва имлои матни классикӣ” дарс мегӯяд. Шуғли дӯстдоштааш хушнависӣ, ба истилоҳи дигар, хаттотӣ аст. Ӯ бештар бо хати настаълиқ хушнависӣ мекунад, ки онро барои зебогиаш “арӯси хатҳо” мегӯянд. Муаллифи Your.tj дар бораи нозукиҳои ҳунари хаттотӣ ва фаъолияти Комилҷон Саидолимов муфассал нақл кард.

Шавқ аз навиштаҳои бобокалон

Қаҳрамони мо соли 1993 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм намудааст. Комилҷон бо навиштан ва хондани хатти классикӣ ҳанӯз айёми донишҷӯиаш машғул мешавад.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд ба хати ниёгон аз айёми донишҷӯӣ шавқи бештар пайдо кард, вале ҳанӯз аз замони кӯдакӣ бо ин хат ошно буд.

“Бобокалонам Саидолим ҳамкурси Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода буданд. Бо ин шахсиятҳои бузург дар Дорулмуаллимини шаҳри Тошкент таҳсил карда, то охири ҳаёт робита доштанд. Онҳо бо ин хат менавиштанд ва байни ҳам мукотиба мекард. Ҳатто номаҳои бобоям бо устод Гулназар Келдӣ дар хазинаи мо ҳастанд”,- нақл кард қаҳрамони мо.

Ба гуфтаи ӯ замони дар мактаби миёна таҳсил карданаш тамоман аз ин хат ёд намешуд. Танҳо дар донишгох ӯ тавонист аз устодонаш хати ниёгон биомӯзад.

“Дар факултетҳои филологии донишгоҳҳои кишвар ҳуруфоти форсӣ меомӯзониданд, ки “Алифбои ниёгон” ном дошт. Ба мо устод Рӯзибой Қурбониён дарс доданд. Намунаи хаттотии зебои устод дар маҷаллаи машҳури он замон “Фарҳанг” чоп мешуд. Рӯзибой Қурбониён аз тоҷикони Шаҳрисабз буданд. Мо аз устод хушнависиро низ аз худ кардем”,- ба хотир овард Комилҷон.

Хат як ҷузъи тамаддун аст

Ӯ мегӯяд, аз замони оғози фаъолият дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, бо ҳунари хаттотӣ машғул аст. Боре ҳам аз ин машғулияташ хаста намешавад ва баръакс барои ҳифзи захираҳои тиллоии тамаддуни тоҷикон мекӯшад.

Рисолаи номзадиаш “Тасвири инсон дар ҳикоёту тамсилоти Маснавии Маънавӣ” – и  Ҷалолидини Балхӣ будааст, ки соли 2003 дифоъ намудааст. Ӯ дигар осори классиконро низ бо хати форсӣ китобат мекунад.

“Мо набояд нисбати хаттотӣ ва ҳуруфоти ниёгон бетараф бошем. Набояд ҷавонони мо аз ин неъмат бебаҳра монанд. Хаттотӣ ҳам як ҷузъи тамаддуни мост. Дигар ҳамзабонони мо дар хаттотӣ аз мо пешрафтатар ҳастанд. Вале дар мо намунаҳои хаттие ҳастанд, ки ҳанӯз кашф нашудаанд.

Барои мисол, Аҳмади Дониш ва Хоҷа Ҳусайни Кангуртӣ “Рисолаи хат” доранд, ки касе онҳоро то ҳол ҳамаҷониба таҳқиқ накардааст. Ба наздикӣ дастхати бевоситаи Туғрали Аҳрорӣ пайдо шуд, ки беҳтарин намунаи хати настаълиқ аст. Ҳунари хаттотӣ дар мо аз асрҳои 7 – 8, баъди нуфуз пайдо кардани хати араб пайдо шудааст”,- афзуд хаттот.

Арӯси хатҳо

Хати  настаълиқ дар заминаи ду хати арабӣ эҷод шудааст – насх ва тааллиқ. Ин ду намунаи хат аз ибтидои зуҳури тамаддуни ислом то имрӯз вуҷуд дорад. Дар умум ҳудуди 12 – 16 намуди хат ҳаст, ки дар осори таҳқиқотӣ маҳфуз мондааст .

“Хати куфӣ, ки қаблан хати херо мегуфтанд, аз номи шаҳре дар Арабистон гирифта шудааст. Хати куфӣ сарчашмаи хати арабӣ аст, ва хати куфиву насху таалиқ аз хати набатӣ ибтидо мегиранд.

Набатиҳо қавме буданд дар қаламрави Осиё Ғарбӣ, аз минтақаи Ҳиҷоз, ки хату тамаддуни худро сохтанд. Арабҳо унсурҳои хаташонро аз хати набатӣ ва хати мехии қадимаи мо, ки дар минтақаҳои Шому Миср нуфуз дошт ва хати санкскрити ҳиндиҳо сохтанд”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Хати настаълиқ дар сарчашмаҳо аз асри 12 – 16 омадааст ва ба гуфтаи Комилҷон Саидолимов он маҳсули эҷоди фориситаборон аст. Ӯ аз ҷумлаи намояндаҳои бузурги таълифгарони хати настаълиқ Маҳмадалии Табрезӣ, Меҳри Иъмодро ном бурд.

“Хати настаълиқро “Арӯси хатҳо” мегӯянд. Он бо ҳуруфоти зебояш дар байни арабҳо нуфузи дигар хатҳоро паст кард. Маънои насх чизеро аз байн бурдан аст. Тааллиқ бошад, ба ин ё он чизе дахл доштан аст”,- шарҳ дод қаҳрамони мо.

Маҳфили хушнависон

Ба гуфтаи ӯ, дар кишварҳое ба мисли Фаронса ва Британияи Кабир, ки мардуми эронитабор зиёданд, мактабҳои хушнависӣ ё хаттотиро ҷорӣ кардаанд.

“Дар мо низ чунин мактаби алоҳида метавонад амал кунад. Ҳамааш ба хоҳиш ва завқи устодони мактабҳои олӣ вобаста аст. Онҳо метавонанд дар донишгоҳҳо маҳфилҳои хушнависӣ ва хаттотиро ташкил карда ба насли нав онро ёд диҳанд”,- гуфт хаттот.

Дар назди кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳамин гуна “Маҳфили хушнависон” амал мекунад. Машғулиятҳо дар як моҳ ду маротиба сурат мегиранд.

Кори маҳфил аз соли 2017 оғоз шудааст. Онро Комилҷон Саидолимов ташкил кардааст. Махфил тибқи барнома бо аъзоёни хохишманд аз курсҳои гуногун амал мекунад.

“Дар Донишгохи мо Наврӯз Гулзода ба хушнависӣ машғул аст. Ӯ чанд сол дар Донишгохи лингвистики Москва Тоҷикистонро намояндагӣ мекард. Ҳатто дар он ҷо гӯшае ҳам дошт. Мо дар яке аз конфронсҳо дар он ҷо доштем. Лекин як маҳфиле калоне, ки миёни ҷомеа шинохта бошад, дар мо вуҷуд надорад”,- афзуд Комилчон.

Хусусиятҳои хаттотӣ

Хатотиву хушнависӣ хусусиятҳои худро дорад мегӯяд Комилҷон.

Пеш аз ҳама, он назари зебоишиносии инсонро такмил медиҳад. Яъне таваҷҷуҳи инсонҳо ба зебоӣ бештар мешавад.

“Имрӯз ин чиз ба мо намерасад. Мо ба пиндори зебо, гуфтори зебо, ақидаву амали зебо ниёз дорем”,- қайд намуд ӯ.

Дуюм, таҳаммулу сабрро дар инсон меафзояд. То замоне ки дар инсон сабр набошад, ӯ хаттот шуда наметавонад. Ин ҳунар тамкин аз инсон металабад. Хусусияти хубаш боз дар он аст, ки нури чашмро рӯшан  мекунад.

“Дигар ин ки мо бояд мо фаромӯш накунем, ки тамоми мероси созанадаву ҷаҳонгири классикони мо бо ҳамин хат эчод шудааст. Имрӯз ҷаҳон моро маҳз тавассути тавасути ҳамин хат мешиносад. Албатта, то омодани ин хат мо соҳиби тамаддун ва хати худ – хати мехӣ будем”,- гуфт боифтихор қаҳрамони мо.

Комёри Раҳмон

Skip to toolbar