fbpx

Оби обанбори “Норак” “паст фаромад”? Ба як гурӯҳ рӯзноманигорон сабаби “лимит”-ро шарҳ додаанд

Дар нишасти матбуотии охир директори НБО “Норак” Фазлиддин Шоҳиддинов гуфта буд, “имсол, нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.


0
НБО Норак
Акс: АМИТ "Ховар"

Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 сатҳи об дар обанбори “Норак” беш аз 50 метр паст шудааст, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

ҶСК “Барқи тоҷик” дирӯз, 3 апрел як гурӯҳ рӯзноманигоронро ба НБО “Норак” бурда, бо ҳолати  обанбор ва фаъолияти имрӯзаи ин нерӯгоҳ “шинос кардааст”.

Оби обанбор “паст фаромад” ё “баланд шуд”?

Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси “Норак” ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбор 5,7 метр паст фаромадааст.

Сармуҳандиси НБО “Норак”
Маҳмадамин Маҳмадсаидзода, сармуҳандиси НБО “Норак”

Ӯ афзудааст, ки оби обанбори НБО “Норак” “нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 5 метру 7 см кам аст”.

“Мувофиқи меъёр, сатҳи оби обанбори Норак бояд дар сатҳи 910 метр бошад. Воридоти об ба обанбор дар шабонарӯз 295 метри кубӣ дар як сония аст, ки нисбат ба соли гузашта 151 метри кубӣ дар як сония кам аст. Дар семоҳаи аввали соли 2024 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 424 миллион метри кубӣ об кам ба обанбори “Норак” ворид гардидааст. Шабонарӯзи гузашта аз захираи оби обанбори “Норак” 12 см об сарф шудааст”, – шарҳ додааст Маҳмадсаидзода.

Омили асосии паст фаромадани сатҳи обро сармуҳандиси неругоҳ ба камбориш омадани зимистони имсола, сардии ҳаво дар баландкӯҳҳо, бахусус дар фасли баҳор ва камии об дар дарёи Вахш рабт додааст.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии охир директори НБО “Норак” Фазлиддин Шоҳиддинов гуфта буд, “имсол, нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.

“Нерӯгоҳ ягон мушкилӣ надорад”

Дар идома ҳолати имрӯзаро ба камобии 12 соли пеш дар обанбори “Норак” қиёс карда гуфтааст, ки солҳои 2008-2009 ҳатто дар фасли тобистон обанбор бо об пурра таъмин нагардида буд.

“Аз панҷуми сентябри ҳамон сол дар ҷумҳурӣ махдудияти неруи барқ ҷорӣ гардид, зеро ҳам сатҳи оби обанбор ва ҳам воридоти об кам буд”, – афзудааст сармуҳандиси “Норак”.

Маҳмадсаидзода гуфтааст, вақте сатҳи об аз 900-910 метр паст шуда, фишори об кам мешавад, самаранокии обанбор ҳам кам мешавад. Панҷ рӯзи охир низ воридшавии об ба обанбор зиёд нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар нерӯгоҳ ягон мушкилӣ нест.

“Ғайр аз як гидроагрегат дигар ҳамаи гидроагрегатҳои “Норак” дар ҳолати корӣ буда, омодаанд, ки дар ҳолати ворид гаридани об неруи барқи заруриро истеҳсол ва ба мардум пешниҳод намоянд”, – шарҳ додааст ин масъули нерӯгоҳ.

Ба андешаи ӯ, зиёдшавии воридоти оби обанбор ба баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо сахт иртибот дорад. Шабонарӯзи гузашта бо оби воридшуда ва захираи об дар неругоҳ 15 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол гардидааст.

Ваъдахилофӣ дар моҳи Рамазон? “Лимит” кай бекор карда мешавад?

“Лимит” ё маҳдудияти барқ дар ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳҳои октябр ҷорӣ шуда буд. Шурӯъ аз сардиҳои аввали моҳи март сокинони пойтахт низ ба ин мушкилӣ дучор шуданд. Инчунин соатҳои “лимит” дар деҳаҳо низ дароз карда шудааст. Вале мақомот ҳолати ҷойдоштаро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Ғайр аз ин, дар охири фасли зимистон ва аввали фасли баҳор дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳам маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ҳам дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт шабона интиқоли барқ то 2-3 соат қатъ мегардад.

Бо оғози моҳи Рамазон, бо қарори Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар Тоҷикистон бояд реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро ба танзим дароварда, 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом бо барқ таъмин мекарданд, вале сокинон аз иҷро нашудани ин қарор шикоят карданд.

Тақсимоти барқ
Арвинд Гуҷрал аз рост.
Акс: “Азия-Плюс”

Мувофиқи ин қарор “…аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, хамарӯза соатҳои 04:00 – 08:00 ва 17:00 – 21:00 аҳолии мамлакат пурра бо барқ” таъмин карда мешуд.

Маҳмадумар Асозода, директори ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, “лимити барқ ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” вобаста аст ва кай бекор шудани он маълум нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend