Тақдими хонаҳои нав ба сокинони Бадахшон

Оилаҳои аз тарма зарардида дар Хоруғ соҳиби манзили нав шуданд

Ба 12 оилаи зарардидаи офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ аз бинои баландошёнаи навбунёд хона тақдим шуд. Дар маросими ба истифода додани бинои истиқоматии 12-ошёна дар хиёбони марказии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон низ иштирок дошт.

Гуфта мешавад, бино бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳр бо манзили хизматӣ бунёд гардидаст.

Сохтмони он соли 2016 бо иштироки роҳбари давлат оғоз гардидааст, менависад Хадамоти матбуоти президент.

“Иншоот аз ду бинои асосии 12-ошёна ва аз 66 манзили ду ҳуҷрагӣ ва 22 хонаи якҳуҷрагӣ иборат мебошад”,- омадааст дар иттилоия.

Дар бино ғайр аз низомиён ҳамчунин 12 оилаи зарардидаи шаҳри Хоруғ, ки хонаҳои истиқоматиашон дар фасли зимистон дар натиҷаи тармафароӣ пурра хароб гардида буд, соҳиби хона шудаанд.

Гуфта мешавад, калиди хонаҳои нави истиқоматӣ шахсан аз дасти президент тақдим гардид.

Ба таъкиди ӯ оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида таҳти ғамхорӣ ва ҳимояти ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма дар Хоруғ зимистони зимистони сипаришуда наздики 20 нафар ба ҳалокат расида, 13 каси дигар ҷароҳат бардошта буданд. Ғайр аз ин офати табиӣ боиси тахриби биноҳои зиёди истиқоматӣ гардида буд.

Skip to toolbar