fbpx

Наздики 3,6 ҳазор тоҷикистонӣ Green Card бурд карданд

Аммо ин ба ғолибон кафолат барои гирифтани раводиди корӣ дар ИМА-ро намедиҳад.


0
Намунаи Green Card бо парчами ИМА
Акси марбута аз сомонаҳои интернетӣ

Имсол 3580 нафар аз Тоҷикистон ғолиби лотереяи Green Card шуданд. Соли гузашта 2485 нафар тоҷикистонӣ дар он ғолиб омада буданд.

Аммо танҳо бурди лотерея кафолат намедиҳад ки ғолибон барои гирифтани раводид ба Иёлоти Муттаҳида имконият пайдо кунанд.

Масалан, аз 2122 нафар тоҷикистониёне, ки соли 2021 ғолиби Green Card шуданд, танҳо 711 нафарашон қабул шуда, соҳиби раводид гардиданд. Аз 2332 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар соли 2020 лотереяро бурд карданд, танҳо 237 нафарашон раводид гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, дар тирамоҳи соли гузашта аз тамоми ҷаҳон барои гирифтани Green Card беш аз 22 миллион дархост пешниҳод шудааст. 143 ҳазор нафар, бо шумули зану фарзандон ғолиб шудаанд.

Дар Қирғизистон 4,5 ҳазор нафар, дар Қазоқистон 2,7 ҳазор ва дар Туркманистон 1,3 ҳазор нафар барандаи ин лотерея шуданд.

Тақрибан 4,3 ҳазор шаҳрванди Украина низ ҳуқуқи ба даст овардани Green Card-ро гирифтанд. Аз Русия 5,5 ҳазор нафар барандаи лотереяи грин-карта шуданд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамасола дар чаҳорчӯбаи барномаи Diversity Visa ба 55 ҳазор нафар аз тамоми дунё барои дарёфти раводиди Green Card, ки ҳаққи зиндагӣ ва кор дар ин кишварро медиҳад, лотерея ташкил мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend