fbpx

Ниҳодҳои фасодзадатарини Тоҷикистон имсол кадомҳоянд? Рӯйхати Агентии мубориза бо коррупсия

Инчунин Агентӣ 44 ҳолати фаъолияти якҷои хешовандон дар мансабҳои давлатиро ошкор кардааст.


0
Тасарруфи ғайриқонунии маблағ
Акси марбута аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсия

Дар Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфтанд, ки давоми нимсолаи аввали соли равон дар кадом ниҳодҳо аз ҳама бештар ҳолатҳои фасодкорӣ ошкор шудааст.

Сулаймон Султонзода директори Агентӣ зимни нишасти матбуотии рӯзи 15-уми август ба таври мушаххас рӯйхати фасодзадатарин ниҳодҳоро номбар кард:

Директори Агентии мубориза бо коррупсия
Сулаймон Султонзода
  • бонкҳои давлатию тиҷоратӣ – 142 ҷиноят;
  • ҳукумати шаҳру ноҳияҳо – 123 ҷиноят;
  • идораи замин ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул – 107 ҷиноят;
  • маориф ва илм – 116 ҷиноят;
  • тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 70 ҷиноят;
  • шабакаҳои таксимоту фурӯши барқ – 26 ҷиноят;
  • меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 18 ҷиноят;
  • кишоварзӣ – 17 ҷиноят;
  • дигар идораву корхонаҳои давлатӣ – 246 ҷиноят.

Дар рӯйхати соли 2022 ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, маориф, тандурустӣ, замин ва соҳаи бонкдорӣ дар мақеи аввал қарор доштанд.

Тавре гуфта мешавад, дар шашмоҳаи аввали соли равон Агентии мубориза бо коррупсия 44 ҳолати фаъолияти якҷои хешовандон дар мансабҳои давлатиро ошкор кардааст.

“Аз фаъолияти якҷои хешовандон дар соҳаи тандурустӣ 16 ва дар соҳаи маориф 15 ҳолат ошкор гардида, онҳо аз вазифа озод карда шуданд. Дар ниҳодҳои дигар ҳам ин раванд ошкор ва чораҳои дархлдор андешида шудааст”,- гуфт Сулаймон Султонзода.

Ӯ афзуд, дар ин давра инчунин 68 ҳолати вайрон кардани талаботи моддаи 22-и Қонун “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, аз қабили мавҷудияти доғи судӣ, надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдори ҳатмӣ ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта бо ирсоли санадҳои эътиноӣ чораҷӯӣ карда шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend