Нури ҳамбастагӣ: чаро мубориза бо ВНМО-ро якҷо бояд идома дод

Ҳамасола Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ВНМО дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Имсол он ба 18-уми май рост меояд. Дар ин рӯз миллионҳо одамон дар ҷаҳон шамъ фурӯзон мекунанд, на танҳо ба хотири ёдбуди 40 миллион қурбонӣ, балки ҳамчун рамзи инсонгароӣ, ҳамдардӣ ва умед ба ояндаи бидуни ВНМО.

Имрӯз ҷаҳон дар дуроҳа қарор дорад: пешрафт дар мубориза бо ВНМО назаррас, вале хеле ноустувор боқӣ аст.

Имрӯз ҳамбастагии байналмилалӣ ва маблағгузории устувор на танҳо ӯҳдадории маънавист, балки ягона роҳи комилан рафъ кардани эпидемия мебошад. Ҳар як долларе, ки аз барномаҳои марбут ба ВИЧ кам карда мешавад, маънои сироятҳои нави пешгиришаванда, талафотҳои нави ҷонӣ ва қадам ба қафо дар дастовардҳои бо мушкилиҳои зиёд бадастомадаро дорад.

Пешрафт зери хатар аст

Тӯли даҳсолаҳо дастовардҳои илмӣ, фаъолони ҷомеаҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ВИЧ-ро аз ҳукми марг ба як бемории идорашаванда табдил доданд. Аз соли 2010 шумораи сироятҳои нав 38% коҳиш ёфта, имрӯз 30 миллион нафар табобати ҳаётан муҳим мегиранд. Аммо ин пешрафт нобаробар аст.

Соли 2023, 1,3 миллион нафар ба ВИЧ сироят ёфтанд ва 630 ҳазор нафар аз бемориҳои вобаста ба ВНМО вафот карданд, ки аксари онҳо аз ҷомеаҳои канормондаанд, ки ҳанӯз ҳам дар ҳоли нобаробарӣ, камбизоатӣ ва низоми тандурустии ноқис зиндагӣ мекунанд.

Имрӯз муқовимати Тоҷикистон ба эпидемияи ВИЧ намунаи қудрати ҳамбастагии байналмилалӣ ва сармоягузориҳои оқилона аст. Аз соли 2020 фавти марбут ба ВИЧ ду баробар коҳиш ёфтааст ва интиқоли вирус аз модар ба кӯдак аз 2,6% дар соли 2018 то 0,8% дар соли 2024 кам шудааст – дар соли 2024 танҳо як ҳолати сироят аз модар ба кӯдак сабт шудааст.

Бо шарофати ҳамкориҳо бо PEPFAR, Хазинаи ҷаҳонӣ ва UNAIDS, арзиши табобат 250 маротиба коҳиш ёфта, ба камтар аз 65 доллар барои як нафар дар сол ва хунгузаронӣ дар кишвар 22 сол инҷониб бехатар аст.

Аммо ҳатто чунин дастовардҳои муҳим осебпазиранд. Ҳарчанд 37%-и Барномаи миллии ВНМО-и Тоҷикистон аз манбаъҳои дохилӣ маблағгузорӣ мешавад, аз он ҷумла барномаи пешгирии сирояти модар ба кӯдак пурра аз буҷаи давлат дастгирӣ мешавад, то ҳол, 60% Барномаи миллӣ аз манбаъҳои беруна вобаста аст.

Ҳар гуна коҳиши дастгирӣ метавонад фоҷиаовар бошад: ҳатто коҳиши 10-20%-и маблағгузорӣ метавонад боиси афзоиши 135%-и ҳолатҳои нави сироят ва 4,8%-и марг гардад ва тамоми пешрафти солҳои охирро барбод диҳад.

Ноустувории молиявӣ метавонад сабаби қатъ гардидани барномаҳои пешгирӣ, табобат ва нигоҳубин гардад. Ин вазъият метавонад бо назардошти мушкилоти решаҳои амиқдоштаи тамғагузорӣ, табъизи доимӣ ва пешбинии ҷазо барои интиқол ва сирояти ВНМО, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд ва талошҳо барои тандурустии ҷамъиятиро халалдор менамоянд, ба таври назаррас бадтар кунад. Дар чунин шароит занону кӯдакон махсусан осебпазиранд.

Нақшаи устувори муқовимат бо эпидемияи ВИЧ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки хотима бахшидан ба ВНМО имконпазир аст, вале танҳо дар ҳолате ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ваъдаҳои худ вафо кунад. Бе сармоягузории устувори дохилӣ ва хориҷӣ, бе иродаи сиёсӣ ва дастгирии ҷомеа, пешрафти ҳосилшуда аз даст меравад ва ҷонҳои наҷотёфта метавонанд боз таҳти хатар қарор гиранд.

Ҳамбастагӣ дар амал

Аз аввал муқовимат бо ВИЧ нишонаи қудрати ҳамкории инсонҳо буд. Аз фаъолоне, ки дастрасӣ ба табобатро талаб мекарданд, то ҳукуматҳо ва донороне, ки Хазинаи ҷаҳонӣ ва PEPFAR-ро дастгирӣ менамуданд – амалҳои дастаҷамъона ҷони одамонро наҷот доданд.

Аммо имрӯз набояд ин ҳамбастагӣ заиф гардад. Муқовимати ҷаҳонӣ бо ВИЧ, аз ҷумла дастовардҳои миллӣ, зери хатар қарор доранд, маҳз дар он лаҳзае, ки ҳадафи хотима бахшидан ба ВНМО то соли 2030 назар ба ҳар вақти дигар наздиктар шудааст.

Даъват ба фурӯзон кардани шамъи умед

Дар Рӯзи ёдбуди қурбониёни ВНМО биёед гузаштагонро гиромӣ дорем ва барои ояндаи бехатар талош варзем. Имрӯз Созмони Милали Муттаҳид аз ҳамаи шарикон – ҳукуматҳо, донорон, бахши хусусӣ ва шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба ӯҳдадориҳои худ устувор бошанд.

Давлатҳо бояд ваъдаҳои худро оид ба маблағгузории соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ бештар иҷро кунанд. Маблағгузориҳои хусусӣ ва тиҷорат бояд бештар фаъол шаванд. Ҳар шахс метавонад бо хайрия, иштирок ё танҳо бо ёдоварӣ саҳм гузорад. Поёни ВНМО имконпазир аст, аммо танҳо дар ҳолате ки мо шуълаи ҳамбастагӣ ва ҳамдардиро зинда нигоҳ дорем.

Ғалаба бар ВНМО ҳанӯз дастрас аст. Аммо он иродаи сиёсӣ ва сармоягузории устуворро талаб мекунад.

Мо бояд стратегияҳои муассирро густариш диҳем: хизматрасониҳои аз ҷониби ҷомеаҳо идорашаванда, ҷомеаҳо роҳбаришаванда, коҳиши зарар, пешгирии қабл аз алоқа (PrEP) ва дастрасии умум ба табобат. Мо бояд ба навовариҳо, адолат ва низоми тандурустии устувору фарогир сармоягузорӣ кунем.

Биёед пирӯзии мо дар мубориза бо ВНМО ба дастоварди умум мубаддал гардад: барои ҷаҳони бидуни ВНМО, барои ҳама ва дар ҳама ҷо!

Парвати Рамасвами, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Skip to toolbar