fbpx

Намояндаи СҶБ: Эҳтимол ба Тоҷикистон ваксинҳои муҳлати истифодаашон гузашта, интиқол ёбанд. Мухтасари хабарҳои рӯз

Мо мухтасари хабарҳои рӯзро ҷамъ овардем, ки донистанашон барои Шумо муҳим аст.


0

Вакилони Қирғизистон дар бораи воридоти барқ аз Тоҷикистон иттилои дақиқ талаб доранд

Вазорати энержии Қирғизистон хабар дод, ки аз Тоҷикистон барқ ворид мекунад, аммо Тоҷикистон ин хабарро рад кардааст. Улуғбек Содиқов, вакили порлумони Қирғизистон, рӯзи 7-уми октябр аз мақомоти кишвараш хост, ин иттилоъро шарҳ диҳанд.

Вай пешниҳод кард, ки вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон Доскул Бекмурзоев ба порлумон даъват карда шавад. “Аз зимистони сард пешгӯӣ карда мешавад. Дар обанбори Токтогул ҳамагӣ 12,3 миллиард метри мукааб об захира аст. Гуфта мешавад, сатҳи об метавонад, то ба 6 миллиард метри мукааб кам шавад ва низоми энержиро ба ҳам занад”, – гуфт Содиқов.

Вазири энержии Қирғизистон Доскул Бекмурзоев рӯзи 1-уми октябр хабар дода буд, ки воридоти барқро аз Тоҷикистон шуруъ кардаанд. “Дар шабонарӯз 1 миллион киловат/соат барқ ворид мекунем. Дар моҳ мумкин аст, аз 30 то 50 миллион киловат/соат расад”, – гуфта буд Бекмурзоев.

Аммо 4-уми октябр Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон хабари ҷониби Қирғизистонро рад кард.

Кобулов: Русия ба зудӣ кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро оғоз хоҳад кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия, мудири бахши Осиё дар вазорати умури хориҷаи ин кишвар ба хабарнигорон гуфт, тасмими асли дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз сӯи русия ба Афғонистон гирифта шудааст, ҷузъиёти таҳвили ин кумакҳо дар ҳоли баррасӣ аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё Русия ба Афғонистон кумак хоҳадӣ кард ва кай ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона ироа мешавад, ӯ гуфт: “Кор бо чанд ниҳод идома дорад ва кумак ба Афғонистон расонида мешавад. Қарори бунёдӣ қабул шуд ва муассисаҳо кумакҳоро ҷамъоварӣ доранд”.

Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълон кард, ки нисфи аҳолии Афғонистон ё 18 миллион нафар ба кумакҳои фаврӣ ниёз доранд.

“Толибон” аз талошҳои дипломатӣ барои коҳиши таниш бо Тоҷикистон хабар дод

Масъулони ҳукумати “Толибон” аз талошҳо барои ҳалли танишҳо бо Тоҷикистон хабар доданд. Мақомоти тоҷик то кунун ба ин хабар вокуниш накардаанд. Ҳамзамон ҳанӯз маълум нест, ки эъломияи “Толибон” барои коҳиши шиддат дар муносибатҳо бо Тоҷикистион чиро дар назар дорад.

Рӯҳуллоҳ Умар, як узви Комиссияи фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанги ҳукумати “Толибон”, аз Тоҷикистон ба унвони “ҳамсояи хуб” ном бурда, гуфтааст, “Вазорати корҳои хориҷӣ бо тамоми кишварҳо дар иртибот аст ва барои сохтани робитаҳои хуб кор мекунад. Иншоаллоҳ, бо Тоҷикистон низ дар мавриди тамоми мавзуъҳо гуфтугӯ хоҳад шуд.”

Ин мансабдори “Толибон” ба телевизиони “Тулуъ” шаби гузашта ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати сарпарасти “Толибон” иҷоза намедиҳад, хоки Афғонистон ба зидди кишвари дигар истифода шавад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки якшанбеи гузашта, пас аз суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон Имрон Хон, шуморе аз расонаҳо навиштанд, гуё ин тамос бо ҳадафи коҳиши танишҳо миёни Душанбеву Кобул бо миёнҷигарии Исломобод сурат гирифтааст. Тайи як моҳи охир танишҳои лафзӣ миёни Тоҷикистон ва ҳукумати “Толибон” боло гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир сарҳад миёни Тоҷикикистон ва Афғонистон баста аст ва равуои мардум имконнопазир аст.

Намояндаи СҶБ: Эҳтимол ба Тоҷикистон ваксинҳои муҳлати истифодаашон гузашта, интиқол ёбанд

Намояндаи махсуси СҶБ дар минтақаи Аврупо, Витянис Андрюкайтис, дар муколама бо ҳафтаномаи русизабони Экспресс-Неделя гуфтааст, ки кишварҳои Аврупо аксар вақт ваксинаҳои коронавирусро дар анборҳо нигоҳ медоранд, то даме, ки мӯҳлати истифодаи онҳо ба охир мерасад.

Ба таъкиди ӯ, кишварҳои аврупоӣ замоне ба дигар давлатҳо ваксини дар анборҳо нигоҳдоштаро пешниҳод мекунанд, ки то анҷоми мӯҳлати истифодаи он тақрибан чанд ҳафта боқӣ мемонаду халос.

“СҶБ аз кишварҳои Аврупоӣ даъват мекунад, ки ваксинаро бо давлатҳое чун, Тоҷикистон, Украина, Арманистон, Қирғизистон тақсим кунанд”, – илова намуд ӯ.

Намояндаи вижаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ки кишварҳои Аврупо беш аз як миллиард воя ваксина харидорӣ шудааст, ки аз ин миён 700 миллион воя барои кумак ба давлатҳои дигар пешбинӣ шудааст.

Ӯзбекистону Чин қасд доранд ба Афғонистон кумаки башардӯстона ирсол кунанд

Дипломатҳои Ӯзбекистон ва Чин талошҳои ду кишварро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон баррасӣ карданд, хабар медиҳад котиботи ВУХ Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, муовини вазири корҳои хориҷӣ Фурқат Сидиқов ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тсзян Ян масъалаҳои кунунии рӯзномаи Ӯзбекистону Чинро баррасӣ карданд.

“Тарафҳо талоши ду кишварро барои расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми афғон ва инчунин вазъ дар Афғонистон баррасӣ карданд”, – омадааст дар изҳороти вазорат.

Дар идома, ҷонибҳо ба ҳамкориҳои алоҳидаи байни Ӯзбекистон ва Чин таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

Президент дар Хуҷанд бинои нави Фурудгоҳи байналмилалиро ифтитоҳ кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафкари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад, бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро мавриди истифода қарор дод.

Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бинои мазкур бо харҷи 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии фурудгоҳи мазкур бунёд шуда, корҳои сохтмониро ширкати “Муҳандис” ва “Алюминиюм” – и Туркия анҷом додааст.

Ба истифода додани бинои нави аэровокзали фурудгоҳ имкон медиҳад, ки то ба 400-500 нафар мусофир дар қабулу гусел дар як вақт хизмат расонида шавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend