fbpx

Дар бораи Толибон ва мушикилоти ҷомеа. Карикатураҳои ҷавони тоҷик

Қаҳрамони мо бо тасвири карикатура мушкилоти ҷомеаро баён мекунад.


0

Ҷавони тоҷик Азам Мирзонаҷотов дар саҳифаи Instagram-ии худ масъалаҳои доғи рӯзро дар жанри карикатура тасвир карда, мегузорад. Ӯ ҳамчунин бо забонҳои шуғнонӣ, рӯшонӣ ва ишкошимӣ китобҳои кӯдаконаро тарҷума ва омода менамояд.

Дар Тоҷикистон имрӯзҳо нафарони ба тасвири карикатура машғулбуда ангуштшуморанд. Қаҳрамони моро муҳаббати рассомӣ ба ин пайроҳа овардааст. Ӯ аввалин карикатураи худро дар синни 14-солагияш кашидааст.

“Ман аз 14-солагӣ инҷониб ба кашидани карикатура машғул ҳастам. Ман хостам мушкилоти ҷомеаро дар тасвирҳоям баён намоям. Яке аз карикатураҳои ба наздикӣ рӯйи қоғаз овардаам дар бораи Толибон* буд. Дар он хостам, ки симои аслии онҳоро нишон диҳам. Чанд вақт қабл Толибон мардуми зиёде, аз ҷумла занону кӯдаконро ба қатл мерасониданд, вале ҳозир ба ҷаҳониён мегӯянд, ки онҳо тағйир кардаанд”.

 

View this post on Instagram

 

Публикация от Repcak (@repc_ak)

 

View this post on Instagram

 

Публикация от Repcak (@repc_ak)

Карикатура – афкори ҷомеаро дигар мекунад

Бо мақсади инъикоси мушкилоти ҷомеа ва расонидани он ба аудиторияи ҷавон Азам соли 2019 дар Instagram саҳифаи худро бо номи Repcak (аз забони шуғнонӣ рӯбоҳ) боз мекунад. Ӯ сари чанд муддат мушкилоти доғи рӯзро тасвир намуда, нашр мекунад. То соли 2019 ӯ танҳо барои худ карикатура мекашид.

 

View this post on Instagram

 

Публикация от Repcak (@repc_ak)

Азам агар ҳодиса ё воқеаи ҷолиберо бубинад, дарҳол онро тасвир мекунад.

“Масалан, як рӯз ҳамсарам хоҳиш кард, ки фарзандамонро ба боғи ҳайвонот барем. Ҳарчанд, ки ман намехостам, аммо таклифи ӯро ба хотири фарзанд қабул кардам.

Дар боғ одам кам буд ва шерҳо дар ҷои худ ором хобида буданд. Дар ҳамин ҳол як писар омаду рӯйи панҷараҳо баромада дод зад. Ман ҳайрон шуда ва гуфтам, ки дар ин ҷо ҳайвон кӣ аст?

Ба хона омада, дарҳол он ҳодисаро тасвир кардам. Фикр мекунам, ки тавассути карикатураҳо низ метавон ба афкори ҷомеа таъсир расонид” – мегӯяд, Азам.

 

View this post on Instagram

 

Публикация от Repcak (@repc_ak)

Рассом бояд озод бошад – Хориҷ шудан аз ду донишгоҳи Тоҷикистон

Азам зодаи шаҳри Душанбе буда, айни ҳол 29-сола мебошад. Ӯро бибиаш ба воя расонидааст. Қаҳрамони мо аз хурдӣ ба рассомӣ шавқи беандоза дошт. Аз ин рӯ бибиаш ӯро ба ғайр аз мактаб ба курси расомӣ медиҳад, то истеъдоди наберааш сайқал ёбад.

Ӯ пас аз хатми мактаб ба коллеҷи рассомӣ дохил мешавад, аммо ӯро барои риоя накардани қоидаҳои либоспӯшӣ аз коллеҷ хориҷ мекунанд.

“Дар коллеҷ нисбати донишҷӯён бисёр сахтгирӣ мекарданд. Вақте дар пеши рассом зиёд маҳдудият бошад, ӯ дигар фикри тасвирҳояшро намекунад. Рассом бояд озод бошад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Қаҳрамони мо баъдан ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ месупорад. Боз ҳамон либоси расмию ороши мӯйи сар сабаб мегардад, ки баъд аз ду соли таҳсил аз ин даргоҳ низ ӯро хориҷ мекунанд.

 

View this post on Instagram

 

Публикация от Repcak (@repc_ak)

Таҳсил дар Маскав

Пас аз хориҷ шудан аз коллеҷу донишгоҳ қаҳрамони моро дӯстону хешу ақрабо ба шаҳри Москва даъват мекунанд, то ки он ҷо таҳсилашро идома диҳад.

Азам даъвати онҳоро қабул карда, ба Маскав меравад. Ӯ соли 2012 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизматрасонии Русия (Российский государственный университет туризма и сервиса) месупорад.

“Ҳангоме маро ба Маскав барои хондан даъват карданд, дарҳол розӣ шудам, чун роҳи дигаре надоштам. Пас аз ихроҷҳо дар Тоҷикистон ба худ бовар надоштам, ки таҳсилро ба анҷом мерасонам. Бо худ гуфтам, агар дохил нашавам, мисли дигарон мардикорӣ мекунам. Хушбахтона, қабул шудаму донишгоҳро бомувафақият бо ихтисоси дизайни либос хатм кардам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Бренди либосҳои Azam Mirzones

Азам пас аз хатми донишгоҳ бренди либосҳои худро бо номи Azam Mirzones ташкил мекунад ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба фурӯш мегузорад. Пас аз Русия ба Тоҷикистон омадан ӯ фурӯши либосҳои брендии худро муваққатан боз медорад.

Ҳоло вай дар брендии ватании “Фасонак” ҳамчун тарроҳ фаъолият дорад. Инчунин дар вақтҳои холигиаш барои кӯдакон китобҳоро бо забонхои шуғнонӣ, ишкошимӣ ва рӯшонӣ омода мекунад.

Аъзам дар оянда ният дорад, ки бренди худро аз нав фаъол карда тиҷорати шахсии худро равнақ диҳад. Барои ӯ рассомӣ ва карикатуракашӣ танҳо шуғли дӯстдошта, яъне хоббӣ мебошад.

Аминҷон Раҳматзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
10
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
9
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend