Ин навбат Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаи “Бозгашт”-ро ба саҳна гузошт. Он дар қолаби мустанади таърихӣ аз рӯйи ёддошти “Бозгашт”-и Комил Ёрматов ва хотироти ҳунармандони театр офарида шудааст.
Намоиш таърихи пайдоиш, комёбиҳо, нокомиҳо ва рӯзгори пурпечутоби ин театрро ба тасвир мекашад.
Муаллифи Your.tj низ ба тамошои нахустнамоиши “Бозгашт” рафт ва бо офарандагони он ҳамсуҳбат шуд.
Бозгӯи вазъи имрӯзи театр дар намоишнома
Муаллиф ва коргардони намоишнома Фарҳод Ғаффорпур аст. Дар намоиш ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев, Дилбар Сулаймонова ва ҳунарпешаҳо Умаралӣ Сатторов, Мунаввар Раҳмонова, Фарҳод Сиддиқов, Мавзуна Пошоева ва дигарон нақш офариданд.
Ороиши саҳнавии намоишро рассом Мусоҷон Исҳоқов бар уҳда дошта, ороиши мусиқӣ таҳти роҳбарии Амирхон Тураев иҷро шудааст.
Пардаи аввали намоиш бозгӯи ҳолати имрӯзи театр, яъне соли 2025 аст. Он бо муколамаи пуртаъсири ҳунармандони калонсол оғоз меёбад. Ҳунарпешагон изҳори нигаронӣ мекунанд, ки актёрони ҷавони театр тарки Ватан карда, чун муҳоҷири корӣ ба Русия рафтанд.
“Ҷавонҳо рафтанд, акнун чӣ хел намоишномаи нав гузорем!? Синнусоли мо ба ҷое расид, вазъи саломатиамон ҳам хуб нест. Чун замони пеш дар саҳна имкони парвоз кардан надорем”,– бо дард мегӯянд ҳунармандон.
Онҳо хотироти овони ҷавонии худро варақ зада, ёдоварӣ мекунанд, ки чӣ гуна дар намошномаҳои театр нақшҳо мебозиданд. Таърихи бой ва ибратомӯзи театр ба дили насли ҳунарпешагон илҳом мебахшад, то ба ояндаи дурахшон умед банданд.
Солҳо ва воқеаҳои мухталиф дар як саҳна
Дар саҳна воқеоти пурэҳсосу таъсирбахши солҳои 1922, 1956 ва 1969 низ инъикос мешавад. Баробари бо ёрии нурафкан дар пардаи саҳна пайдо шудани солҳо, бинанда ба сайри таърих рафта, шоҳиди воқеаҳо мешавад.
Дар саҳна нишон дода шуд, ки чӣ гуна Комил Ёрматов барои таъсис додани театр ҳиссаи сазовор гузоштааст. Ҳамзамон, Тӯҳфа Фозилова ва дигар фидоиёни санъат барои эҳёи дубораи театри шаҳри Конибодом ва синамои Тоҷикистон нақши бузург доштаанд.
Соли 1956 театри шаҳри Конибодом бо сабаби иҷро накардани нақшаи молиявӣ ва нарасидани мутахассисони эҷодӣ театр барҳам мехӯрад. Ин рухдоди таърихӣ дар намоишнома бо ҷузъиёти муассир нишон дода шуд. Пардаи театр якбора ба замин афтод. Гӯё ин амал рамзи он аст, ки ҳунару санъат суқут мекунад.
Дар намоишномаи “Бозгашт” инчунин, порае аз намоиши “Нурхон”–и Комил Яшин, ки дар он нақши Нурхонро ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Истад Мамадҷонова бозӣ карда буд, ба саҳна оварда шуд. Ин нақшро ҳунарпешаи ҷавон Мавзуна Пошоева иҷро кард. Тамошои эпизоди кушта шудани персонажи Нурхон, ки сарфи назар аз андешаҳои хурофотӣ орзуи ҳунарпешаи театр шуданро дошт, басо таъсирбахш буд.
Коргардони намоиши “Бозгашт”: “Бояд коре мекардем!”
Фарҳод Ғаффорпур баъд аз поёни нахустнамоиш зимни суҳбат бо мо гуфт, ки 8 моҳ пеш беҳтарин кадрҳои театри шаҳри Конибодом ҳунармандони соҳибистеъдод Ғайратҷон Қодиров, Фаррух Ваитов, Хушнуди Дадо ба муҳоҷират рафтанд. Театр аз кадрҳои ҷавон холӣ шуд. Дар 10 соли охир маҳз онҳо фаъолияти тетрро пеш мебурданд.

“Пас аз рафтани онҳо театр ба буҳрони равониву кадрӣ гирифтор шуд. Намедонистем, ки чӣ кор кунем? Намоишро чӣ гуна бе кадрҳои ҷавон ба саҳна гузорем? Қариб синнусоли аксари ҳунармандон аз 70 болосту вазъи саломатиашон на он қадар хуб. Бояд коре мекардем. Ҳушу ёдамон ба он нигаронида шуда буд, ки ояндаи театр чӣ мешавад?”,- бо изтироб афзуд ӯ.
Намоиши “Бозгшат” – умед ба фардои дурахшон
Пешорӯи когардон масъалаи интихоби мавзӯъ барои ба саҳна гузоштани намошиномаи нав ба миён меояд. Ӯ одатан мавзӯеро барои намоиш интихоб мекунад, ки вуҷудашро нороҳат месозад.
“Бо вуҷуди доштани чунин муаммо наметавонем, ки онро сарфи назар карда, мавзӯи дигареро барои намоиш интихоб намоем. Бо аҳли театр тасмим гирифтем, ки корро идома медиҳем. Барои эҷоди сенария хотироти Комил Ёрматов, ки соли 1987 бо номи “Бозгашт” нашр шуда буд ва қиссаҳо аз ҳаёти худи ҳунармандони театр асос шуд. Идея ба ҳама писанд омад.
Фикру мулоҳизаҳои ҳунармандони калонсолро дар хусуси муҳтавои намоиш шунида, онро то ҷое пухтатар кардем. Дар қолаби мустанади таърихӣ таҳия кардани намоишнома дар таърихи театри шаҳри Конибодом таҷибаи нав аст”, – гуфт Фарҳод Ғаффорпур.
Моҳи марти соли ҷорӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом рафта, бо шароити корӣ шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби корӣ бинои нави театр сохта мешавад, зеро бинони кунунӣ солҳои 50-уми асри гузашта сохта шуда, зарурати бунёди бинои нав ба миён омадааст.
“Хабари дигари хушҳолкунанда он буд, ки шуруъ аз ин сол театр аз низоми худмаблағгузор ба тавозуни буҷаи ҳукумати шаҳр гузаронида шуд. Ин хабарҳо ба мо рӯҳияи нав дод, то аз руҳатофдагӣ ба ояндаи дурахшон умед бандем”, – илова кард Фарҳод Ғаффорпур.
Баҳои мунаққид
Шарифҷон Тоҷизода номзади илмҳои филология, мунаққиди соҳаи тетару синамо пас аз тамошои нахустнамоиши “Бозгшат” чунин изҳори андеша кард:
“Саҳнасозӣ ва тарҳи либосҳо бо зеҳну эҳсоси баланди таърихӣ ва имконоту зарфияти моддиву иқтисодии театр омода шудаанд, ки тамошобинро дар муҳити воқеии он давра қарор медиҳанд. Ҳар як ҷузъи намоиш ба таври амиқ коркард шудааст ва ба қувват ёфтани таъсири рӯҳии он кӯмак мерасонад.
Ҷамъбасти намоиш бо суруди машҳури “Мепарварам”, ки бо иҷрои зинда ва таъсиргузор як лаҳзаи пурэҳсос ва воқеъан носталжӣ буд. Ин интихоб на танҳо нишондиҳандаи ҳусни анҷоми намоиш, балки эътирофи амиқи қадр ва муҳаббат ба ҳунар ва мероси театри тоҷик аст. Намоиши “Бозгашт” танҳо як саҳнаи таърихӣ нест – он як даъват аст ба худшиносӣ, бедории фарҳангӣ ва эҳтиром ба решаҳои миллӣ, театр, санъат ва ҳунар аст”.
Театри шаҳри Конибодом расман соли 1932 таъсис ёфта, дар ибтидо “Санъатчиёни сурх” ном дошт. Ҳунармандони ин боргоҳ ифтихор доранд, ки асосгузори кинои тоҷику узбек Комил Ёрматов, Ҳунарпешагони халқии ИҶШС Туҳфа Фозилова ва Лутфӣ Зоҳидова фаъолиятро аз театри Конибодом оғоз намудаанд.
Дар замони истиқлол як зумра ҷавонон, аз ҷумла, Муҳиддини Музаффар, Фарҳод Ғаффорпур, Ғайрат Қодиров, Фаррух Ваитов, Хушнуди Дадо, Фарҳод Сиддиқов ва дигарон дар пешбурди анъанаҳои театр саҳми арзанда гузоштанд.
Ҳайати ҳунарии театр борҳо дар Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ – “Парасту” дастболо шудааст. Ба мисоли намоишномаи “Қорӣ-ишкамба”, дар таҳияи Муҳиддини Музаффар (ҷои аввал), намоишномаи “Садои қу” (“Лебединая песня”) Антон Чехов бо таҳияи Авлиёқули Хуҷақулӣ коргардони Туркманистон – сазовори “Шоҳҷоиза” шуда буданд.
Инак, соли равон ба ин озмун ҳунармандони конибодомӣ намоиши “Бозгашт”-ро чун армуғон мебаранд.
Файзуллохон Обидов, Your.tj
Хуҷанд-Конибодом-Хуҷанд