fbpx

Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба нишонагузории зиёда аз 17 км хати сарҳад 

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд.

Афзоиши пошхӯрии оилаҳо дар Хатлон

3 ҳазору 54 ақди никоҳ дар вилояти Хатлон давоми даҳ моҳи соли 2022 бекор карда шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393 ҳолат зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки давоми сол 21 ҳазору 163 ақди никоҳ баста шудааст.

Ҷудошавии оилаҳо дар даҳ моҳи соли 2022 дар Хатлон ба 3054 мерасад.
Аз 3 ҳазору 54 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ нимятим мондааст.

Сомонаи Pressa.tj бо такя ба маълумоти шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон менависад, ки аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (255 ҳолат), Кӯшониён (250 ҳолат), Ёвон (247 ҳолат) ва Абдураҳмони Ҷомӣ (195 ҳолат) ақди никоҳ бекор карда шудааст.

Аз шумораи умумии ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 528 ақди никоҳ бо қарори суд бекор карда шудааст. Боқимонда бо розигии ҳамсарон ва бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳи хешро бекор кардаанд.

Мутаассифона, аз 3 ҳазору 54 ҳолати ҷудошавии оилаҳо 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд. Аз ҷамъи умумии кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, 3 ҳазору 404 кӯдак дар тарбияи модар ва 86 нафари дигар дар тарбияи падаранд.

Ҷудошавии оилаҳо солҳои ахир дар Тоҷикистон нигарониҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Ҳарчанд дар нишастҳои расмӣ мақомот аз барнома ва чораҷӯиҳо барои коҳиши азҳампошии оилаҳо хабар медиҳанд, аммо теъдоди чунин хонаводаҳо сол ба сол афзоиш меёбад. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар рӯз беш аз 40 ҷуфт ва моҳе беш аз ҳазору 200 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд.

Мувофиқаи Тоҷикистону Қирғизистон оид ба нишонагузории зиёда аз 17 км хати сарҳад

Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд. Ҳайатҳои кории ду кишвар дар вохӯрии навбатӣ дар Бодканд ба ин мувофиқа расидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳадро ба масофаи 17,66 км муайян кардаанд.
Маълум нест, ки лоиҳаи 17,66 км сарҳади ду кишвар дар кадом минтақаҳо муайян гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 1 – 6 декабри соли 2022 дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Таъкид мегардад, ки зимни ин вохӯрӣ “Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд”.

Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар назар аст, ки вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Дар ҳамин ҳол, ҷузъиёти ин тафоҳум ироа нагардидааст ва гуфта намешавад, ки лоиҳаи 17,66 км сарҳади ду кишвар дар кадом минтақаҳо муайян гардидааст.

Бояд гуфт, қаблан сарони ду кишвар, вазирони корҳои хориҷӣ ва фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон перомуни мушаххас кардани хатти марз чандин бор мулоқот анҷом дода буданд.

Бори охир, 14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, муовини сарвазир – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷаласа оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардида буд.

Он замон ҳам ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи дахлдорро ба имзо расонида, ҷузъиёти онро ба расонаҳо ироа накарда буданд.

Қаблан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз минбари СММ дар Ню-Йорк гуфта буд, дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон даҳҳо протокол имзо шуда, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.

“Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд 602,5 км сарҳадро аломатгузорӣ намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода кунанд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии марзро ташкил медиҳад”, – гуфта буд Сироҷиддин Муҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз минбари СММ афзуда буд, “боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд”.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

Як роҳбари телевизиони мустақил дар толори суд озод шуд

Роҳбари як телевизиони мустақил дар шаҳри Панҷакент Синои Рустамзод (Ниёзов), ки ба “авбошӣ” гумонбар буд, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори суд озод гардидааст.

Синои Рустамзодро 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори суд озод намуданд.
Прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати Синои Рустамзод ба иттиҳоми “авбошӣ” парванда кушода буд.

Худи Синои Рустамзод баъди озод шудан аз боздоштгоҳ дар суҳбати кутоҳ бо хабарнигоро гуфтааст, суд ӯро барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор дониста, 1 ҳазору 600 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда 64 сомонӣ) ҷарима таъйин кард. Ҳукми суд имрӯз, 7-уми декабр, баромадааст.

Номбурда афзуд, ки дар рафти тафтишот ҷониби даъвогар аз даъвояш даст кашид ва ҳамин тариқ, додгоҳ Синои Рустамзодро бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима кард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Додситонии шаҳри Панҷакент бар асоси шикояти Беҳзод Муҳаммадӣ, узви пешини гуруҳи “Авангард” ва ҳоло корманди Идораи ҷавонони Панҷакент нисбати Синои Рустамзод ба иттиҳоми “авбошӣ” парванда кушодааст.

Гуфта мешуд, ки қазия ба занозании рӯзи 9-уми сентябри имсол вобаста аст. Гӯё дар ин ҳодиса Беҳзод Муҳаммадӣ осеб дида, таҳқир шудааст. Худи Синои Рустамзод гуфта буд, ки гуноҳ надорад.

Беҳзод Муҳаммадӣ 26-сола ва узви пешини гуруҳи “Авангард”, як созмони вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ аст. Пайравони ин гуруҳ бештар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтаққидон шуҳрат доранд.

Бо ҷарима аз толори додгоҳ озод гардидани мудири як телевизиони мустақил дар ҳолест, ки давоми соли равон ҳадди ақал чаҳор рӯзноманигори тоҷик дастгир ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуданд. Қазияи онҳо сару садои зиёдеро ба миён овард ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend