fbpx

Сӯхтор дар ҷойи зисти муҳоҷирони тоҷик

Мухтасари хабарҳои рӯз


0
Лаҳзаи сӯхтор онҳо дар кор будаанд.
Акс аз Радиои Озодӣ.

Путин қонуни манъи гирдиҳамоиҳоро имзо кард

Владимир Путин, президенти Русия қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он дар як қатори ҷойҳо баргузории гирдиҳамоиҳо, раҳпаймоиҳо ва тазоҳурот манъ гашт, хабар медиҳад Ведомости.

Дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо, бандарҳо, дар ҳудуди мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва калисоҳо баргузории гирдиҳамоӣ манъ аст.
Дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳудуди онхо гузарондани гирдиҳамоиҳо манъ карда шуд.

Мувофиқи он акнун дар бинохои макомоти хокимияти давлатӣ ва ҳудуди онхо гузарондани гирдиҳамоиҳо манъ карда шудааст. Илова бар ин, дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо, бандарҳо, дар ҳудуди мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва калисоҳо баргузории гирдиҳамоӣ манъ аст. Баргузории раҳпаймоиҳо ва намоишҳо дар ҳудуди иншооти солимгардонӣ низ ғайриимкон мегардад.

Гузашта аз ин, қонуне, ки Путин имзо кардааст, пешбинӣ мекунад, ки мақомоти минтақавӣ метавонанд мустақилона ҷойҳоеро, ки дар он ҷо баргузории гирдиҳамоиҳо манъ аст, муайян кунанд, агар он ба “таърих, фарҳанг ва дигар хусусиятҳои объективии иншооти Русия вобаста бошад”.

Қаблан баргузории гирдиҳамоӣ танҳо дар назди биноҳои қароргоҳи президент, додгоҳҳо, хадамоти фаврӣ ва муассисаҳои Хадамоти федералии иҷрои ҷазо мамнӯъ буд. Маҳдудиятҳо инчунин ба хатҳои роҳи оҳан, қубурҳои нафту газ, инчунин ҷойҳое, ки дар ҳудуди иншооти истеҳсолии хатарнок ҷойгиранд, татбиқ карда мешаванд.

Сӯхтор дар ҷойи зисти муҳоҷирони тоҷик

5-уми декабр ҷойи зисти 12 муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Маскав оташ гирифтааст.  Ҳодиса дар маҳаллаи ба номи Пушкини пойтахти Русия нисфирӯзӣ рух додааст.

Яке аз муҳоҷирон бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ видео ирсол кардааст, ки дар он аз сӯхта нобуд шудани либосу дигар ашёи рӯзгорашон дар ин сӯхтор мегӯяд. Хушбахтона, худашон осеб надидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ лаҳзаи сӯхтор онҳо дар кор будаанд ва намедонад, ки оташсӯзӣ дар манзили онҳо аз чӣ сар задааст.

Маъмурони идораи сӯхторхомушкунӣ ба муҳоҷирон гуфтаанд, ки сӯхтор дар пайи канда шудани сими барқ ва афтодани он ба боми бино сар задааст.

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав дар як сохтмон кор ва ҳама дар як манзили дутабақа зиндагӣ мекардаанд.

Шаби 21-уми сентябри имсол дар ноҳияи Белоярскии Русия марди муҳоҷир бо ҳамсар ва чор фарзандаш дар сӯхтор осеб диданд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо дар ҷойҳое зиндагӣ доранд, ки бехатар ва барои зиндагӣ амн нест.  Дар аксар ҳолат мақомоти Русия худи муҳоҷиронро гунаҳкор мекунанд, ки қоидаҳои зиддисӯхторро риоят намекунанд. Муҳоҷирон мегӯянд, мақомот ва корфармоёни рус барояшон шароити дурусти кору зиндагиро фароҳам намесозанд.

Дар Истаравшан нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт

Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “МегаОйл”-и ҶДММ Оқтансервиси шаҳри Истаравшан 5-уми декабр сӯхтор сар зад. Ин хабарро Қаҳрамон Қодирзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехатарӣ аз ҳодисаи сӯхтори Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд тасдиқ кардааст.

Сӯхтор 5-уми декабр дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории “МегаОйл”-и ҶДММ Оқтансервис рух додааст.
Сабабу омилҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.

Дар натиҷаи сӯхтор болопӯши бинои нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва хазинавии он, дар умум 40 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст. Зарари ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Ба кормандони идораи сӯхторнишонии шаҳр соати 14:58 хабар расид. Соати 15:07 ду мошини сӯхторнишонӣ аз шаҳри Истаравшан ва ду  2 нақлиёти дигар аз ноҳияи Шаҳристон ба макони ҳодиса ҳозир шуда, соати 15:55 оташ пурра хомӯш карда шуд”, – гуфт Қаҳрамон Қодирзода.

Ҳоло сабабу омилҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар вилояти Суғд давоми 6-рӯзи моҳи декабр 8 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Раёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонӣ дар вилояти Суғд, дар умум давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоят 461 адад ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 9 фоиз зиёд мебошад.

Дар пайи ин сӯхторҳо як нафар ба ҳалокат расидааст.

Марги ду нафар дар пайи ду садама

Дар пайи ду садамаи нақлиётӣ рӯзҳои 4 ва 5 – уми декабр дар ҳудуди кишвар ду нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД иттилоъ дод.

Садамаи аввал 4 – уми декабр, тахминан соати 17:20 рух додааст.

Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес ML-280», Раҳматов Илёсҷон Илҳомҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Хуҷанд-Ашт” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Д.Холматов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Саматова Азиза Азамҷоновна, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.
“Пиёдагард Саматова А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- гуфта мешавад дар хабар.

Ҳодисаи дуюм 5-уми декабр, тахминан соати 08:30-дақиқа ба вуқуъ пайвастааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи “ЛЕКСУС RХ-330”, Зайбуддинов Маҳмадрасул Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ”, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, онро ба канори чапи роҳ ба дарёи Элок чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Зайбуддинов Тоҳир, соли таваллудаш 1953, сокини шаҳри Ваҳдат ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend