fbpx

“Марзҳои қалби мо фарох аст, умед бар боз шудани марзҳои ду кишварем” Қиссаи адиби тоҷики муқими Қирғизистон

Ӯ бовар дорад, ки ба зудӣ ба пойтахти кишвари азизаш омада, бо дӯстону пайвандон, аҳли илму адаб ва ҳаводорони осори бадеиаш вохӯрӣ хоҳад кард.


0
Шоистаи Равшан адиби тоҷик дар Қирғизистон
Шоистаи Равшан

Шоистаи Равшан, адиб, тарҷумон ва пажӯҳишгари тоҷики муқими Қирғизистон аст, ки чанд сол инҷониб дар ин кишвар ба сар мебарад ва ба таълиму тарбия машғул аст. Ӯ зодаву парвардаи деҳаи Варганзаи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, аз пайвандони академик, доктори илмҳои филологӣ Абдулғанӣ Мирзоев мебошад. Қаҳрамони мо дар пойтахти Тоҷикистон маълумоти олӣ гирифтаву муддате ин ҷо зиндагӣ кардааст.

Шоиста дар суҳбат бо муаллифи Your.tj аз зиндагӣ дар се кишвар, эҷод, рақс ва равобити ахири ду кишвар, таъсири он ба кору рӯзгор ва дигар паҳлӯҳо қисса кард. Хосса, сари он масъалаҳое тамаркуз намуд, ки хеле ҳассосанд ва андешазо ҳастанд.

“Муносибаташон хуб буд, аммо мушкили равонӣ доштам”

“Бо гузашти беш аз як сол аз низоъҳои марзӣ, сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз нест. Ин маро чун як эҷодкор сахт дилгир мекунад, зеро наметавонам ба Душанбе сафар кунам. Дӯстону пайвандонамро пазмон шудам, мехоҳам ба дидорашон расам”,- мегӯяд Шоиста.

Шоистаи Равшан адиби тоҷик дар Қирғизистон

Ӯ ба ёд меорад, ки замони даргириҳо мушкилии равонӣ дошт ва хеле рӯҳафтода буд. Ба худ суол медод, ки чаро ин масъалаҳо ҳал намешаванд ва чӣ монеаҳо вуҷуд доранд. Умуман, дар паси ин ҳама “бозӣ” кӣ меистад ва ин “бозӣ” ба манфиати кӣ хоҳад буд.

“Ҳамон вақт ҳам гуфтам ва ҳоло низ мегӯям, ки ягон мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд надошт. Ягон кас маро наранҷонид, ягон кас ба ман нагуфт, ки “ту тоҷик ҳастӣ” ва ё ину он. Чӣ гунае, ки то низоъҳои марзӣ муносибат мекарданд, ҳамонгуна муошират менамуданд”, – ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Шоиста мегӯяд, дар ин айёми ҳассос боварӣ ҳосил кард, ки дӯстонаш воқеан содиқанд. Онҳо ба меҳмонӣ даъват мекарданд, дилпур месохтанд, ки ҳамааш ба хубӣ меанҷомад. Муҳим аз ҳама, ягон ҷонибро муҷрим намеҳисобиданд, ки ба манфиати тарафҳо буд.

“Ҳатто вақте дар Сафорати Тоҷикистон будам, ба ман гуфтанд, ки осудахотир бошам. Ҳарду ҷониб дар фазои сулҳ машварат доранд ва ба як қарордоди мушаххас омадаанд. Ояндаи наздик бояд мушкилӣ бартараф шавад ва равобити ду кишвар барқарор гардад”, – нақл кард ӯ.

Дарвоқеъ, як соли ахир муносибатҳои ду кишвар ба таври чашмрас тағйир ёфтаанд. Ҳаллу фасл шудани мушкилоти ҷойдошта сокинони ҳарду ҷонибро мамнун кардааст. Онҳо интизори боз шудани марзҳои давлатӣ ва рафтуойи озод миёни ду кишваранд.

Қаҳрамони мо низ ба он бовар аст, ки ба зудӣ ба пойтахти кишвари азизаш омада, бо дӯстону пайвандон, аҳли илму адаб ва ҳаводорони осори бадеиаш вохӯрӣ хоҳад кард. Инчунин, чанд маҷмӯаи тоза ба табъ расонидаашро ба хонандагонаш хоҳад расонид.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шоистаи Равшан (@shoistai_ravshan)

“Сокини сайёра будан шараф аст”

Шоистаи Равшан мегӯяд, беҳтарин давраи зиндагиаш дар Тоҷикистон сипарӣ шудааст. Ҳарчанд то синни 16-солагӣ дар Ӯзбекистон буд, аммо ҳамеша бо ёди Ватан мезист. Ҳар куҷое мерафт, дилаш ҳамеша мехост, ки баргардад ва ин ҷо зиндагӣ ихтиёр кунад.

“Давраи тиллоӣ, яъне донишҷӯиам дар Душанбе, дар пойтахти Тоҷикистон гузаштааст. Ман дар ин ҷо таҳсил кардам, ба кор шурӯъ намудам, ҳатто рисолаи илмӣ навиштам. Аммо нооромиҳои солҳои 90-ум имкон надод, ки онро ҳимоя кунам ва номзад шавам”, гуфт ба ҳасрат вай.

Қаҳрамони мо бо тақозои замон муддате дар Австрия, Ҳиндустон ва Қазоқистон зист, аз ин рӯ, гоҳо дӯстонаш мегуфтанд, ки вай сокини сайёра аст ва Замин хонаи ӯст. Худи ӯ низ ин иддаоро мепазируфт ва мегуфт, ки сокини сайёра будан шараф аст.

“Қабл аз ин фикр мекардам, ки аз ҳама чӣ огоҳам, аммо маълум шуд, ки на аз ҳама чӣ. Масалан, то ҳол намедонам, ки чаро дар рақобатем, вақте охири ҳамаамон маълум аст. Оре, зиндагӣ мубориза аст, аммо хусумат, хушунат ва хунрезӣ баҳри чист?”, – суол кард ӯ.

Шоиста ҳамчун адиб, тарҷумон ва пажӯҳишгар ба тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ менависад ва худаш низ иқрор мешавад, ки осори ӯ даъват ба сулҳ, ба ҳамзистиву ҳамҷаворӣ аст. Хосса, китобҳояш “Мозайка” ва “Колибель любви” чунин хусусиятро доро мебошанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Шоистаи Равшан (@shoistai_ravshan)

“Ин ва дигар китобҳоям ба чанд забон тарҷума ва дар чанд кишвар интишор шудаанд. Аз рӯзнома ва маҷаллаҳо дархост мекунанд, ки шеър, тарона, қисса, ҳикоя фиристам. Умуман, рисолати ман ҳамчун инсон хизмат ба мардум, хосса ба адабиёт аст”, – афзуд ӯ.

“Узвият ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро рад кардам”

Қаҳрамони мо барои ин ва дигар хизматҳои шоиставу мондагораш борҳо қадр шудааст. Ӯ дорандаи унвони фахрии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон” аст. Узвияти Иттифоқи нависандагони ин кишварро низ пазируфтааст ва “Беҳтарин адиб” эътироф шудааст.

“Чанд сол қабл аз Тоҷикистон низ пешниҳоди узви ин иттифоқ шуданро карда буданд. Аммо рад карда, гуфтам, ки ҳоло сазовор нестам, бояд бештар нависам ва эҷод кунам. Зеро аз як тараф ин бароям саодат бошад, аз тарафи дигар масъулият аст”, – гуфт Шоиста.

Ӯ бо адибони Тоҷикистон робитаи қавӣ дорад ва бо онҳо ҳамеша дар тамос аст. Навиштаҳояшонро дар маҷмӯаҳо ҷой медиҳад ва пас аз нашр ба онҳо дастрас мекунад. Ҳоло интизори боз шудани марзҳо аст ва мехоҳад шаби эҷодии худро дар Тоҷикистон гузаронад.

“Китобҳое, ки аз ҷониби ташкилоти мо – “Аржанг” нашр мешаванд, рӯнамоӣ мегарданд. Мехоҳам дар Душанбе низ маҳфили бошукӯҳ барпо кунам ва дӯстонро даъват намоям. Чун марзҳои қалби мо фарох аст, умед дорам, ки марзҳои сарҳадӣ низ боз хоҳанд шуд”, – мегӯяд ӯ ва як табассуми ба худ хос мекунад, ки дар пасаш сад орзуву умед нуҳуфтааст.

“Тарона ва рақс ҷузъе аз зиндагиям аст…”

Қаҳрамони мо дар баробари эҷоди осори назмиву насрӣ, ба рақс низ шуғл меварзад. Ӯ мегӯяд, аз замоне, ки худро мешинохт, хонаи онҳо базмгоҳи шеъру суруду тарона буд. Аз ин рӯ, ҳамеша худро дар саҳна эҳсос мекард, хешро раққосаву овозхон мепиндошт.

“Ёд дорам, рӯзҳои истироҳат ҳамсояҳоро даъват мекардем ва маҳфили хос меоростем. Боре падарам телевизиони хурдакак оварданд, ки мо – бачаҳоро шоду масрур карда буд. Вақте рақсҳои ҷаззобу мафтунро нишон дод, ҳатто аз хурсандӣ ашк рехтам”, – ёди замони кӯдакӣ кард ӯ.

Чун падар ба адабиёт дилбастагӣ дошт, Шоистаро дар фазои фарҳангӣ тарбия мекард. Ӯро ҳамроҳи апаву хоҳаронаш ба Театри опера ва балети шаҳри Самарқанд мебурд. Ё дар барномаҳои консертӣ, ки дар шаҳри Бухоро доир мешуд, онҳоро бо худ мегирифт.

“Ба рақси балет ҳавас надоштам, аммо ҳаракатҳои мавзуни онҳоро наззора мекардам. Медидам, ки чӣ гуна меҷаҳанд, мепаранд, бо ҳаракати дасту по гӯё ба забон меоянд. Ҳамаи ин маро ба олами зебои санъат бурд, маро мафтуни рақсу суруду тарона кард. Шукр мегӯям, ки кӯдакии рангин доштам, зеро ҳоло чунин фазо қариб вуҷуд надорад. Ҳоло кам волидонро метавон вохӯрд, ки бо фарзандони худ рақс мекунанд”, – афзуд вай.

Шоистаи хурдсол дар баробари рақс, дар овозхонӣ низ маҳорат месанҷид. Ӯ дар ин ҷода сарояндаи мумтози кишвар Аҳмад Бобоқулро муттакои хеш меҳисобид. Ҳарчанд ин шуғли вай бо кӯдакияш дар гузашта монд, аммо ҳамеша бо хушнудӣ ёд мекунад.

“Ҳатто вақте банди корҳои хона будам, тарона мешунидам ва дар ҳавояш мерақсидам. Ҳоло ба хотир меорам, ки чӣ гуна байни анорзор ба арғушт мерафтам, чарх мезадам… Имрӯз низ рақс ба ман рӯҳу илҳом мебахшад, маро аз нав зинда мекунад”, – гуфт бо эҳсос Шоиста.

“Рақс ниёзи рӯҳи инсон аст…”

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки маҳз ашъори мавлоно Румӣ ӯро аз банди асоратҳо раҳонид. Бо дӯстон шеър мехонд, рақси само мекард, ашки шодӣ мерехт, худро озод меҳисобид. Рақс барои ӯ як василаи хуби ибрози дардҳо ва шодиҳои тану ҷону рӯҳу равон буд.

“Ҳоло бисёре аз муттаасибон мегӯянд, ки рақс ҳаром аст, набояд ба он машғул шуд. Вале мегӯям, рақс ин ниёзи рӯҳи инсон аст, ҳатто тифли хурдсол аз он шод мешавад. Ҳоло набераам ба рақс шуғл меварзад, ки ин маро шод мекунад”, – гуфт қаҳрамони мо.

Ҳамзамон, ӯ аз воқеае ёдовар шуд, ки дар ҳаёташ рухдоди воқеан ҳам фараҳафзо буд.

“Дар як фестивал, ки дар Қирғизистон доир шуд, Давлат Назрӣ бо шавқ таблак навохт. Намедонам,  чӣ тавр аз ҷо хестам, аммо чунон рақс кардам, ки ҳама ба ҳайрат омаданд. Ҳатто аз ман пурсиданд, ки оё раққоса ҳастам, гуфтам, на, танҳо ошиқи рақс ҳастам. Яъне, ман на танҳо бо қалам, балки бо рақс низ эҷод мекунам”, – нақл кард бо табассум ӯ.

Шоистаи Равшан умед дорад, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон, ба Душанбе меояд ва бо худ кӯлбори пур аз китобҳои шеъру тарона ва қиссаву ҳикояҳояшро меорад.

Амони Муҳаммад


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend