fbpx

“Барои амалӣ кардани орзуҳо ирода зарур аст!” Аз шеъру шоирӣ то ровигӣ, ғолибият ва ҳуқуқдонии Шукрона

Шукрона барои ғолибият дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" 3 сол пайиҳам ҷаҳд кард ва ниҳоят ба мақсад расид.


1
1 point

Шукрона Тоҳирӣ дар курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” имсол сазовори Шоҳҷоиза гардида, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 70 ҳазор сомониро ба даст овард.

Шукрона барои амалӣ кардани ин орзуяш 3 сол пайиҳам ҷаҳд кард ва ниҳоят ба мақсад расид. Ӯ дар суҳбат ба муллифи Your.tj дар бораи истеъдоди шоирӣ, ровигӣ, китобхонӣ, дастгирии волидон, ғолибият ва дигар муваффақиятҳояш нақл кард.

Таваҷҷуҳу дастгирии волидон ва шавқи китобхонӣ

Ӯ дар оилаи одӣ, вале меҳрубону соҳибмаърифат ба дунё омадааст. Модараш дӯзанда ва падараш ронанда аст. Шукрона мегӯяд, волидонаш дар раванди озмун баробари ӯ тайёрӣ медиданд, мепурсиданд ва фикр мекарданд. Хоҳару додаронаш низ барои шеърпурсӣ ва машқи шеър ҳамеша кӯмак мекарданд.

Шукрона ғолиби Шоҳҷоизаи Фурӯғи субҳи доноӣ

“Соли сеюм аст, ки иштирок мекунам ва вақте аз ягон давр намегузаштам, ба руҳияи волидонам низ таъсир мекард. Махсусан, падарам мегуфт “духтарам, ҳамин охирон иштирокат, ба худат бисёр ҷабр кардӣ”. Ман ҳам “ҳамин дафъа охиронаш” гӯён билохира ба орзуям расидам”,- гуфт ӯ.

Шукрона се сол боз дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз номинатсияи “Адабиёти муосир” иштирок кард. Вале мутолиаи китоб барои ман аз замони иштирок дар ин озмун оғоз мекунад. Вале ба таври ҷиддӣ ва шавқу ҳаваси зиёд аз замони мактабхонияш ба мутолиаи китоб рӯй овардааст. Ба ӯ маҳз адабиёти муосир бештар дилчасп аст.

“Чун зуд-зуд ба Иттифоқи нависандагон рафтуомад дорам, бо аксари шоирону нависандагони асарҳои дӯстдоштаам аз наздик суҳбат мекунам, доир ба образу қаҳрамонҳои офаридаашон аз худашон пурсон мешавам”,- қайд намуд ҳамсуҳбати мо.

Истеъдоди шоирӣ ва нашри китоби нахустин дар давраи мактабхонӣ

Аслан Шукрона истеъдоди хуби шоирӣ ҳам дорад. Шавқу ҳавас ва меҳри беандоза ба шеър дар ӯ ҳанӯз дар замони кӯдакияш пайдо шудааст.

“Бори аввал бадоҳатан замоне ки дар синфи 3-юм таҳсил мекардам, бадоҳатан шеър гуфтам. Вале кӯшиш мекардам, ки аз шеъргӯйии ман касе хабар наёбад”,- нақл кард аз хотираҳои кӯдакияш.

Ниҳоят аз ин истеъдоди ӯ дигарон вақте огоҳ шуданд, ки Шукрона дар синфи 5-ум таҳсил мекард.

“Дар литсейи мо озмуни “Эҷодкорони наврас” эълон гардид. Он аз бахшҳои рассомӣ, шеърнависӣ ва ҳиқоянависӣ иборат буд. Ба ин озмун навиштаҳои худро пешниҳод кардам. Рӯзе дар ҷамъомади пагоҳирӯзии литсей муаллим Зоиров эълон карданд, ки “дар литсейи мо як шоира пайдо шудааст, ҳозир худаш барои мо шеър мехонад””,- нақл кард бо табассум қаҳрамони мо.

Вақте номи ӯро мегиранд, дар худ тарсу ҳаросро эҳсос мекунад. Вале бо вуҷуди ин ба минбар, рӯ ба рӯи тамоми хонандагон мебарояд.

“Ҳамин тавр, бори аввал шеъргунаеро аз худам дар назди ҳама қироат кардам, вале гуфтам, ки муаллифаш устод Мирзо Турсунзода аст. Фикр мекунам, муаллимонам фаҳмиданд, ки ин гуна нест, зеро шеъргунаи ман пур аз хато буд. Вале ин аввалин қадамҳои ман буд”,- нақл кард бо завқ Шукрона.

Баъдан, соли 2015 аввалин маҷмуаи шеърҳои ӯ бо номи “Номаи модар” ба чоп расид.

“Сабаби чунин ном гирифтани ин маҷмуа дар он буд, ки ман дар яке аз шеърҳоям ба модари худ нома навистани Гулнора ном дугонаамро тасвир кардам. Баъди чопи ин маҷмуа номи ман дар литсей иваз шуд. Бисёриҳо дигар маро Шоира мегуфтанд, на Шукрона. То ҳозир шиносҳои даврони мактабиям ҳар ҷое маро бинанд, Шоира мегӯянд”,- мегӯяд ӯ.

Такмили истеъдод ва воридшавӣ ба доираи адибон

Ҳамин тавр, меҳру муҳаббат ба шеър қадамҳои Шукронаро ба сӯйи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон меорад.

“Дар он ҷо бо устод Муҳаммадалӣ Ятимӣ ва айни ҳол бо устод Толиби Луқмон ҳамкории зич дорам. Вақте дар синфи 7 мехондам, ба маҳфили устод Хайрандеш низ пайвастам ва он фазову муҳити шоирона барои ман бетаъсир намонд”,- афзуд шоири ҷавон.

Шукрона соли 2019 дар озмуни ҷумҳуриявии “Шеъри бачагона”, ки аз ҷониби рӯзномаи “Ҷумҳурият” эълон гардид, иштирок намуда, дар даври ҷумҳуривӣ мақоми сеюмро ишғол намуд.

Ҳоло мавзуи эҷоди ӯ асосан лирикӣ аст. Инчунин дар васфи падар, модар ва ватандӯстӣ низ шеър менависад.

“Шоҳҷоиза орзуе буд, ки ногаҳон амалӣ шуд”

Озмун барои иштирокчиён аввал дар факултет оғоз гардид, пас Шукрона ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфт. Қаҳрамони мо дар нахустин зинаи расмии озмун – даври ноҳиявӣ ва баъдан дар даври шаҳрӣ низ сазовори ҷойи аввал гардид.

“Вақте дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойҳо муайян гардиданд ва мақоми аввалро ишғол намудам, хостам худро бисанҷам ва ариза навиштам барои иштирок дар номинатсияи Шоҳҷоиза”,- шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи худаш, барои ҷойи аввалро сазовор шудан як нақшаорзуеро тартиб дод, вале сазовори Шоҳҷоиза гардидан, барояш як орзуе буд, ки ногаҳон амалӣ шуд.

Ровии бахши “Як ҳунар” дар барномаи “Як соат”-и ТВ “Баҳористон”

Шукрона соли 2018 дар кастинги телевизиони “Баҳористон” барои дарёфти ровиёни барномаҳои иттилоотии иштирок кард. Аз байни 64 нафар иштирокдони кастинг 6 нафар ғолиб дониста шуданд, ки ӯ низ дар қатори онҳо буд.

“Вале ҳафтаи аввале, ки дар он ҷо сипарӣ кардам, барномаҳои иттилоотӣ бароям он қадар писанд наомад. Сиёсатро ба қавле дӯст намедоштам, вале чунон шуд, ки худам соҳаи ҳуқуқшиносиро интихоб кардам ва ҳоло дар дохили он ҳастам”,- изҳор дошт ӯ.

Ҳамон вақт қаҳрамони мо муҳаррир хоҳиш мекунад, ки ӯро ба шуъбаи барномаҳои фарҳангӣ гузаронанд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

“Вақте барномаи “Як соат” пешниҳод гардид, ман дар он бахши “Як ҳунар”-ро пеш мебурдам. Ҳамзамон дар дубляжи киноҳо ва филмҳои тасвирӣ овоз медодам”,- ба хотир овард ҳамсуҳбати мо.

Интихоби пешаи ҳуқуқшиносӣ

Интихоби пешаи ҳуқуқшиносиро ба Шукрона модараш пешниҳод кардааст.

“Ӯ мегуфт, “симои ҷиддӣ дорӣ, худро дар ҳама ҳолат идора карда метавонӣ, оромтабиат ҳастӣ ва ҳуқуқшиносӣ ба ту мезебад”. Фикр мекунам, ӯ хато накард”,- афзуд қаҳрамони мо.

Ба гуфтаи ӯ, онҳое ҳам буданд, ки мегуфтанд, “бо шеър ҷинояткорро боздошта наметавонӣ”.

“Вале ман мегӯям “ҳар кас, ки тавонад, ҳунараш”. Вақте иродаи қавӣ дорӣ ва ҷаҳду талош мекунӣ аз уҳдаи ҳама кор баромада метавонӣ”,- таъкид кард Шукрона.

“Барои амалӣ кардани орзуҳо танҳо тасаввуроти афсонавӣ не, балки ирода ва кӯшишу ғайрат лозим аст!”

Ӯ мегӯяд, сазовори Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шудан як тулӯе шуд, ки барои осонтар амалӣ гардидани дигар орзуҳояш кӯмак мекунад.

“Масалан, бисёр мехостам аз гурӯҳи шартномавӣ ба буҷавӣ гузарам, ки чунин ҳам шуд. Ҳоло мехоҳам дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷиддитар кӯшиш кунам. Як орзуи деринаи дигарам ин аст, ки мехоҳам дар назди президенти кишварамон баромад кунам.

Ҳамчунин, мехоҳам донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуда, дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон кор кунам”,- гуфт аз нақшаву орзуҳояш Шукрона ва афзуд, “Орзуҳо бисёранд, вале вақте орзу мекунӣ, барои амалӣ кардани он тасаввуроти афсонавӣ не, балки ирода ва кӯшишу ғайрат лозим аст!”


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend