fbpx

Маркази Исмоилия дар Душанбе аз 1 феврал дарҳои худро боз мекунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Роҳкирои Хуҷанд – Душанбе боло рафт. Аз барфи калон ё нархгузории вазорат?

Онҳое, ки ин шабу рӯз аз вилояти Суғд ба Душанбе сафар мекунанд, аз боло рафтани қимати роҳкиро шикоят доранд. Агар чанд рӯз пеш онҳо метавонистанд бо 50-80 сомонӣ аз Хуҷанд ба Душанбе расанд, акнун роҳкиро то 130-150 сомонӣ расидааст.

Паймон Ҳоҷибоев, донишҷӯи тоҷик, рӯзи 26-уми январ гуфт: “Нишастан дар қатори сеюмро 100 сомонӣ мегӯянд. Мо чун донишҷӯ ҳастем, каме арзон бошад, беҳтар аст. Масалан 70 ё 80 сомонӣ”.

Мусофирон ин афзоишро ба оғози таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо рабт медиҳанд, ронандаҳо мегӯянд, барфбории шадиди чанд рӯзи охир ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе душвор кардааст.

Шӯҳрат Сангинов, ронанда такси дар масири Хуҷанд – Душанбе гуфт: “Агар 6 мусофир бигирем, 600 сомонӣ мешавад. 300 километр меравем. 40 литр газ 160 сомонӣ аст ва 55 сомонӣ тарозупулӣ медиҳем. Вақте ба ин роҳи дур меравему 300 сомонӣ фоида намекунем, чӣ хел кор кунем?”

Дар ҳамин ҳол масъулони “Терминали Суғд” гуфтанд, гароншавии роҳкиро дар фасли зимистон мувофиқ ба нархгузориҳои Вазорати нақлиёт вобаста аст. Бино ба фармони вазири нақлиёт, роҳкирои як километри роҳи Хуҷанд -Душанбе 2,5 сомонӣ муайян шудааст. Барои як нақлиёт аз рӯи ин нишондод 750 сомонӣ рост меояд.

Масъулони назорати нарх дар роҳҳо мегӯянд, роҳпулии мусофиронро ронандаҳое баланд мекунанд, ки ғайриқонунӣ фаъолият мебаранд ва аз зиёдшавии мусофирон истифода мекунанд. Онҳо мегӯянд, на ҳама кирокашҳо санади лозимии кору молиётсупориро доранд ва назорати пурраи онҳо ғайриимкон аст.

Маркази Исмоилия дар Душанбе дарҳои худро боз мекунад

Аз 1 феврал дарҳои Маркази Исмоилия дар Душанбе барои адои ибодат боз мешаванд. Ибодати субҳ соати 5:30 ва шом – 18:00 баргузор мешавад.

Дар Марказ қайд карданд, ки ибодаткунандагон бояд қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ, аз қабили 1,5 метр нигаҳдории масофа, доштани ниқоб ва худдорӣ варзидан аз дастӣ салом карданро риоя намоянд.

Ҳамчунин барои нӯшидани об истифодаи зарфи худ зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки дар ин Марказ мунтазам натанҳо маросимҳои динӣ, балки рӯйдодҳои фраҳангӣ, намоишгоҳу ярмарка, суханрониву машғулиятҳои озод, давраҳои таълимӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд. Рӯзҳои истироҳат аз соати 9 то 12-и рӯз даромадан ба қаламрави Марказ барои ҳамаи хоҳишмандон озодона аст. Дар ин ҷо сайругашт (экскурсияҳо)-и ройгон гузаронида мешаванд.

Дар Олмон як ҷавони тоҷикро бо гуноҳи узвият дар ДОИШ 7 сол зиндонӣ кардаанд

Додгоҳе дар Олмон як ҷавони 31-соларо аз Тоҷикистон бо гуноҳи узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба ҳафт сол зиндон маҳкум кардааст. Хабаргузории “Associated Press” навишт, ки ҳукми Додгоҳи Дюсселдорф рӯзи 26-уми январ содир шуд. Аз ҷавон Равшан Б. ном бурдаанд, вале вокуниши расмии ӯ ва вакили мудофеаш ба қазия маълум нест.

Хабаргузории dpa-и Олмон мегӯяд, ин шаҳрванди Тоҷикистон пеш аз эълони ҳукм “қисман ба гуноҳ иқрор карда” ва гуфтааст, “аз ончи рух дод, сахт пушаймон аст”. Қаблан додситон ба ӯ 8,5 соли маҳрумӣ аз озодӣ хоста буд.

Мақомоти Олмон гуфтанд, Равшан Б.-ро моҳи марти соли 2019 ва чаҳор шаҳрванди дигари Тоҷикистонро баҳори соли 2020 дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфилия дастгир карданд.

Дар Хуҷанд охирин бемори гирифтори коронавирус ба хонааш ҷавоб шуд

Баъди бештар аз се ҳафтаи табобат дар Бемористони сироятии Суғд, воқеъ дар Хуҷанд охирин гирифтори “вируси корона” пурра шифо ёфта ба хона рухсат шудааст.

Нафаре, ки ахиран аз ин маризӣ дар шароити дармонгоҳ табобат мегирифт, сокини 60-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфта мешуд.

Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби Бемористони сироятии Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин нафар панҷ рӯз қабл баъди пурра шифо ёфтан ба хонааш рухсат дода шуд.

“Тамом шуд. Ҳама рухсат шуданд. Ҳоло ҳеҷ кас намонд, ҳама шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат шуданд”, гуфт сартабиб.

Бӯрибоев таъкид намуд, ки наздик ба як моҳ аст, ки муроҷиати сокинон бо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале барои баргардонидан Бемористони сироятӣ ба реҷаи муқаррарӣ ҳанӯз вақт аст.

Ёдовар мешавем, ки аз 11-уми январ инҷониб дар кишвар то ҳол ягон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳолати ҳузнангези гузаргоҳи зеризаминии маҷмаи 37 млн сомона дар Хуҷанд

Гузаргоҳҳои зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд, ки ба ифтихори 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2016 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода буд, имрӯз ҳолати ҳузнангезе дорад. Ин Маҷмаа бо 37 миллион сомонӣ бунёд шуда буд.

Девораҳову роҳравҳои ин гузаргоҳ ҳама шикаставу валангоранд Бархе ҷойҳоро кадом масъуле “скотч” часпондаву баъзе қисматҳои харобшударо “фанера” дарбеҳ кардаанд. Аммо дар маҷмуъ гузаштан аз ин гузаргоҳи харобу валангор бисё даҳшатнок аст.

Ин гузаргоҳ ягона роҳи бехатар барои донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б Ғафуров ва ДДҲБСТ маҳсуб меёбад, ки аз он истифода мекунанд.

Беш аз 330 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соли гузашта ба саёҳати Ӯзбекистон рафтанд

Бар асари пандемияи COVID-19 дар муқоиса бо соли 2019 вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ба андозаи 77,7% кам шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ин кишвар, соли гузашта 1,5 млн нафар сайёҳони хориҷӣ аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд.

Соли гузашта 508 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 424,1 ҳазор – шаҳрванди Қазоқистон, 337,5 ҳазор – шаҳрванди Тоҷикистон ва 81,6 ҳазор – шаҳрванди Русия сайру саёҳат ба Ӯзбекистонро ихтиёр кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳамагӣ 2 млн нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сифати сайёҳон аз дигар кишварҳо боздид кардаанд, ки 86,3% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend