“Барқи тоҷик”: Барқ танҳо шабона хомӯш мешавад
Нозирҷон Ёдгорӣ, сардори маркази матбуоти ШСХ “Барқи тоҷик” гуфтааст, ки ҳоло танҳо шабона нерӯи барқ қатъ гардида, рӯзона дар аксари шаҳру ноҳияҳо барқ бидуни маҳдудият истифода шуда истодааст.
“Бо фаро расидани сардиҳои рӯзҳои ахир маҳдудияти барқро дар шаҳру ноҳияҳо зина ба зина кам карда, ҳамин ҳоло танҳо дар вақти шабона – аз соати 23:00 то 05:00-и субҳ барқ қатъ мегардад. Рӯзона қариб, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳо барқ бидуни маҳдудият истифода шуда истодааст”, – гуфтааст Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ин дар ҳолест, ки сокинони минтақаҳои кишвар ҳанӯз ҳам аз қатъи барқ ва ҷорӣ будани маҳдудият дар таъмини барқ шикоят карда, таъкид менамоянд, ки дар рӯзона низ барқ қатъ карда мешавад.
Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ дар фасли зимистон талаботи аҳолии кишвар ба истифодаи нерӯи барқ афзуда, таъминоти он ҳоло пурра аз фаъолият ва иқтидори НБО Норак вобастагӣ дорад.
“Имсол аз рӯйи ҳисоби мутахассисон НБО Норак бо меъёри муқаррарии об пур карда шудааст. Бе ин ҳам аз рӯи таҳлилу нишондодҳои мутахассисон ҳамасола дар фасли зимистон то 1 млрд 6 млн кВт.соат дефитсити барқро дошта, барои истифода дар рӯзҳои хеле сард бошад ҳатман 220 – 500 кВт.соат барқ захира карда мешавад”, – иброз доштааст Н.Ёдгорӣ.
Ӯ зикр намудааст, ки танҳо пас аз пурра ба кор шуруъ намудани НБО Роғун маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар дар фасли зимистон аз байн хоҳад рафт.
“То пурра ба кор андохтани тамомии агрегатҳои НБО Роғун мо бояд барқро сарфакорона истифода барем, то дар рӯзҳои сард ба коллапси энергетикӣ гирифтор нашавем. Мардум дар фасли зимистон барқ ва асбобу лавозимоти барқиро хеле зиёд ва бидуни сарфакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба зуд-зуд аз кор баромадани трансформаторҳо оварда мерасонад”, – гуфтааст Нозирҷон Ёдгорӣ.
Гуфтан ба маврид аст, ки моҳҳои ахир теъдоди шикоятҳо дар бораи қатъи нерӯи барқ дар манотиқи Тоҷикистон афзоиш ёфта, аз ҷониби ҶСК “Барқи тоҷик” дар ин бора изҳори назар нашудааст. Гузашта аз ин, сокинон аз қатъи нерӯи барқ ҳам шабона ва ҳам рӯзона шикоят мекунанд.
Шаҳрвандон ба расонаҳо муроҷиат карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ хабар медиҳанд. Роҳбарияти ҶСК «Барқи тоҷик» саволу шикоятҳои муштариёнро ба ҶСК «Шабакаҳои барқӣ» равон мекунад ва барои шаҳрвандон аз онҷо посух гирифтан мушкил аст.
Марги як хонандаи мактаб аз тири “Калашников” дар Ҷайҳун
Дар ноҳияи Ҷайҳун таҳқиқи марги як хонандаи синфи нӯҳ, ки шоми 26-уми декабр бо тири автомати “Калашников” кушта шудааст, идома дорад. Ба гуфтаи мақомот тири автомат ба чашми чапи Ф. Ф – и 15 – сола, хонандаи мактаби рақами чори ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) расидааст.
Бо гумони даст доштан дар куштор як ҷавони 18-сола ва ду ноболиғи дигар боздошт шудааст.
Дар додситонии ноҳияи Ҷайҳун рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз маълум нест, автомати “Калашников” аз куҷо пайдо шудааст ва қатли ноболиғ қасдан сурат гирифтааст ё як ҳодисаи тасодуфӣ будааст.
Фаррух Шарифов, амаки ин ноболиғ гуфт, вақте садои тир баланд шуд, ба макони ҳодиса рафтанд ва ҷасади беҷони додарзодаашро дидаанд, ки дар наздаш автомати “Калашников” аст.
Ӯ гуфт, пайдо шудани атвомати “Калашников” барои онҳо муаммост, чун ҳеч наздикашон шахси низомӣ набуд ва касе ҳам дар маҳалли онҳо силоҳи ҷангӣ надошт.
Дар додситонии Ҷайҳун гуфтанд, ки ҳодисаро тафтиш доранд ва ҳанӯз аз куҷо дастрас шудани автомати “Калашников” дақиқ нашудааст.
Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1997 мақомоти тоҷик маъракаи ҷамъоварии силоҳ аз сокинонро эълон карда буданд.
Мақомот он замон гуфта буданд, ки ҳар касе силоҳҳои ҷангиро ихтиёрӣ месупорад, аз ҷавобгарӣ озод аст.
Вазорати корҳои дохилӣ борҳо эълон кард, ки дигар дар дасти аҳолӣ силоҳи ҷангӣ боқӣ намондааст.
Боздошти сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони тақаллуби то 168 ҳазор сомонӣ аз 30 муҳоҷир
Милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки давоми 8 сол дар 30 ҳолат аз 3 то 168 ҳазор сомонии муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қаллобӣ аз худ карда, онҳоро фиреб додааст.
Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ин мард Умед Ташанови 41-сола аст, ки қаблан бо қаллобӣ (247 қисми 3) суд шуда, дигарбора бо айни иттиҳоми қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд.
Ба иттилои манбаъ, Умед Ташанов рӯзи 13-уми декабри соли равон дар натиҷаи корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастгир шудааст. То ин замон, ӯ дар Русия қарор доштааст.
Гуфта мешавад, ки Ташанов ба муҳоҷирони фиребхӯрда ваъдаҳо, ба мисли гирифтани шаҳрвандии Русия, аз байн бардоштани маҳдудият дар роҳи сафарашон ба Русия ва ё бо нархи арзон дастрас кардани чиптаи сафар ба он кишварро медод, аммо маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиатҳои худ сарф кардааст.
“Ташанов Умед бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 ҳолати қаллобӣ гумонбар дониста шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз шаҳрвандоне, ки ба фиреби ин нафари ҷиноятпеша афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ба шуъбаҳои милитсия маҳалли зисташон муроҷиат кунанд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.
Тибқи ин моддаи қонун ӯро аз 58 ҳазор то 93 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи Умед Ташанов ва ё вакили дифои ӯ барои шарҳи қазия дастрас нест.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Мақомоти Русия шумораи онҳоро беш аз 1 млн мегӯянд. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд Дар ҳамин ҳол, ҳар сол садҳо нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар мулки мусофират қурбони қаллобон мешаванд. Дар байни қаллобон ҳамватанони худи онҳо низ ҳастанд.
Тақрибан 75% – и аҳолии Тоҷикистон деҳнишинанд
Тақрибан 74 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд. Чунин маълумотро Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тотористон пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳудуди 2,5 миллион нафар дар шаҳрҳо ва ҳудуди 7,5 миллион нафар дар деҳот ба сар мебаранд.
Зиёда аз 51 фоизи аҳолии ҷумҳуриро мардон ташкил медиханд. Мардон назар ба занон 140 000 нафар зиёданд.
Ҳоло аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион нафар гузашт.
Шаҳрванди 10 миллионуми кишвар рӯзи 23 июл дар Душанбе ба дунё омад.