Марди тоҷик ба куштани ҳамсараш гумонбар аст

Мардеро бо гумони қатли ҳамсараш боздошт карданд

Акнун барои тағйири ному насаб боҷ ситонида мешавад

Дар Тоҷикистон бар асоси ислоҳҳо ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” аз охири моҳи апрели имсол барои иваз кардани ному насаб боҷи давлатӣ ҷорӣ шудааст. Мувофиқи он аз шаҳрванди ному насабашро ивазкунанда 204 сомонӣ ситонда мешавад.

Акс аз бойгонӣ

Тағйироти мазкур аз ҷониби порлумон ва президент қабул шудааст.

Пештар дар қонун боҷи алоҳидаи давлатӣ барои иваз кардани ному насаб ҷой надошт.

Дар Тоҷикистон асосан муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия ва ё онҳое ному насабро иваз мекунанд, ки мехоҳанд он ба тарзи миллӣ ва бо пасвандҳои “-зода”, “-пур” ё “-иён” сабт шавад.

Дар баробари ин аз охири моҳи апрел боҷи давлатӣ барои сабти талоқ низ боло рафтааст.

Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 68 сомонӣ ситонида хоҳад шуд.

Тоҷикистониҳо дар семоҳаи аввал дар гирифтани шаҳрвандии Русия “пешқадам”-анд

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз давраи моҳи январ то марти соли 2023 аз ҳама бештар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба омори ВКД Русия дар бораи вазъи муҳоҷират иттилоъ додааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2023 қариб 44,9 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи русӣ гирифтанд.

Мувофиқи омор гирифтани шаҳрвандии Русия дар як соли охир коҳиш ёфтааст. Аммо ба истиснои шаҳрвандони Тоҷикистон. Ба ҳисоби миёна аз аввали имсол дар ҳар соат зиёда аз 20 шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи Русия мегиранд.

Бино ба маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-март зиёда аз 106 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки 35 ҳазор нафар камтар нисбат ба соли пешин аст.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, ҳиссаи тоҷикон дар миёни шаҳрвандони “нав”-и Русия бештар шудааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 44 ҳазору 854 тоҷикистонӣ шиносномаи русӣ гирифтаанд, ки тақрибан ҳар рӯзе 500 нафарро ташкил медиҳад.

Ин нишондиҳанда баландтарин дар давраи зикршуда аст. Дар семоҳаи аввали соли гузашта 33 ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифта буд.

Дар зинаҳои дуюму сеюм шаҳрвандони Украина (22 ҳазор) ва Арманистон (8,9 ҳазор) қарор доранд.

Ҳамчунин ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Қазоқистон (6,9 ҳазор), Қирғизистон (5,4 ҳазор нафар), Ӯзбекистон (4,7 ҳазор нафар), Озарбойҷон (3,7 ҳазор нафар), Молдова (3,1 ҳазор нафар), Беларус (2,4 ҳазор нафар) ва Туркманистон (912 нафар) дохил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 теъдоди рекордии шаҳрвандони Тоҷикистон – 173 ҳазору 634 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки баъди оғози ҷанг дар Украина, барои шаҳрвандони Русия дар чандин кишварҳои дигар баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, пас аз эълони сафарбарии ҳазорон нафар шаҳрвандони Русия тарки ватан карданд. Бо назардошти ин, таҳлилгарон тахмин мекарданд, ки тоҷикон аз гирифтани шаҳрвандии Русия худдорӣ хоҳанд кард.

Марде дар Кӯҳистони Мастчоҳ ба қатли ҳамсараш гумонбар аст

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мардеро бо гумони куштани ҳамсараш дастгир кардаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми май дар ҷамоати Оббурдони ин ноҳия ба амал омадааст.

Акси марбута аз интернет

Тавре Радиои “Озодӣ” аз нақли Акбархӯҷа Почозода, раиси ҷамоати Оббурдон, менависад, Латиф Ғафуров дар заминаи муноқишаи оилавӣ ҳамсарашро ба қатл расондааст.

“Онҳо муваққатан дар хонаи падар, дар ноҳияи Мастчоҳ, зиндагӣ мекарданд. Байнашон чӣ нофаҳмӣ шудааст. Ҳодиса соати дуи шаб шудааст, соати чор маъмурони милиса омаданд”,- меафзояд Почозода.

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, марди гумонбар 51-сола аст ва ҳамсараш аз ӯ ҷавонтар.

Куштани занон аз сӯи шавҳаронашон дар Тоҷикистон нав нест. Соли гузашта як мард дар ноҳияи Зафаробод ҳамсару писарашро кушта буд.

Тоҷикистон хостори “камарбанди бехатарӣ” дар сарҳад бо Афғонистон шудааст

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба ҳадафи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон як ниҳоди мустақил таъсис диҳанд.

Акс аз dw.com

Сироҷиддин Муҳриддин ин матлабро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар миён гузошт. Ҷаласа охири ҳафтаи гузашта дар Ҳинд баргузор шуд. Вай пешниҳод кард, ки маркази ниҳоди нав дар Душанбе бошад.

Вазири тоҷик “аҳамияти ташаббуси барпо намудани “камарбанди бехатарӣ”-ро дар атрофи Афғонистон” низ зикр кардааст.

Ин пешниҳод дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомот дар Душанбе рӯзи 28-уми апрел хабар доданд, ки дар як даргирии нерӯҳои давлатӣ ва қочоқбарон дар вилояти Бадахшон як низомӣ кушта шуд. Ба иттилои расмӣ, қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор карда, се ҳамкори тоҷикистонии онҳо дастгир шудаанд.

Афсари кушташуда Комрон Раҷабзодаи 33-сола мебошад, ки соли 2021 ба мақоми раиси шуъбаи КДАМ дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шуда буд.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст, беш аз 1300 километр марз дорад ва тирандозӣ бо қочоқбарон дар сарҳад ҳар сол такрор мешавад. Бори аввал аст, ки чунин як афсари баландпоя дар ин тирандозиҳо ба ҳалокат мерасад.

Тарҳи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон то замони вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба Афғонистон матраҳ буд. Ин тарҳ соли гузашта аз сӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, як созмони зери нуфузи Русия, бори дигар матраҳ шуд.

Интихоботи пеш аз муҳлат дар Узбекистон

Дар Ҷумҳури Узбекистон 9-уми июли соли ҷорӣ баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар назар аст. Президент Шавкат Мирзиёев дар ин бора дар як суханронияш эълон кардааст.

Акс аз интернет

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Конститутсияи Узбекистон дар тарҳи нав қабул гардид. Бар асоси он муҳлати раёсати ҷумҳурӣ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз 5 то 7 сол дароз гардид.

Мирзиёев дар паёме рӯзи 8-уми май гуфт, бо “ташаббуси худ” аз севуним соли мондаи президентияш даст кашид. Вай ин тасмимро барои нигоҳ доштани мувозинат байни “тамоми шохаҳои қудрат” ва татбиқи ислоҳҳо ба Қонуни асосӣ зарур хонд.

Барои баргузории интихоботи порлумонӣ низ се моҳ муҳлат дода шудааст, ҳарчанд дар бораи пароканда кардани ниҳоди қонунгузор ҳанӯз иқдоме нагирифтаанд.

Ҳамапурсӣ барои тағйири Қонуни асосии Узбекистон рӯзи 30-юми апрели имсол гузашт. Мақомот гуфтанд, ҳадафи ислоҳу тағйирот дар Қонуни асосӣ беҳтар кардани мудирият Узбекистон аст. Мунтақидон мегӯянд, ҳадафи асосӣ дароз кардани замони раҳбарии Шавкат Мирзиёев буд.

Шавкат Мирзиёев соли 2016 пас аз марги Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон, ба қудрат расид.

Мирзиёев ҳоло 66-сола аст ва дар сурати иштироку пирӯзӣ дар интихобот метавонад то соли 2037 ва 80-солагияш ду давраи ҳафтсолӣ ҳукумат биронад.

Skip to toolbar