fbpx

Дар задухӯрд бо қочоқбарон сардори Раёсати КДАМ дар Хоруғ кушта шудааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Хизматчии ҳарбие ки дар Хоруғ кушта шуд
Акс аз расонаҳо

Дар Тоҷикистон мақомот бо блогерон дар масъалаи риш суҳбат кардаанд

Дар Тоҷикистон ҷаласае баргузор гардид, ки ба он блогерони тоҷикро таклиф карданд. Яке аз масъалаҳое, ки зимни ин ҷамъомад баррасӣ гардид танқиди блогерони ришдор будааст.

Ҷаласа бо блогерони тоҷик

“Тарғиби риш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба амнияти давлат хатар дорад”,- таъкид доштааст зимни ҷаласа Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.

Тавре Радиои Озодӣ менависад, мавзӯи мазкур яке аз қисмҳои мулоқоти масъулони кумита бо ҷавонон ва блогерони фаъол будааст, ки рӯзи 26-уми апрел матраҳ шуд.

Бино ба навиштаи Озодӣ мақомот дар Тоҷикистон солҳо боз ба афроди ришдор бо шубҳа менигаранд ва ҳодисаҳои тарошидани риши садҳо нафар дар идораҳои милитсия низ сабт шуда буд.

Абдулло Раҳмонзода дар ин нишаст, ки навори видеоиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, мегӯяд, мақомоти тоҷик ба он хотир ба бархе афроди ришдор ҳассосият нишон медиҳанд, ки он “чун пайғом ё ҳамфикрӣ бо гурӯҳҳои террористӣ” дониста мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаракати мамнӯи Толибон, ки ҳукумати мардумиро дар Афғонистон ғасб кард, ришу ришдориро ташвиқ мекунад ва “як ҷавоне, ки дар Тоҷикистон ба шеваи онҳо риш мегузорад, ин як навъ ҳамрайъӣ бо онҳо дониста мешавад”.

“Бархе нофаҳмида риш мегузоранд ва пайғом медиҳанд, ки биё мо ақидаи туро қабул дорем. Ту ҷонибдор пайдо мекунӣ. Мо ба ин роҳ ба давлатдории миллӣ хатар эҷод карда истодаем. Риш ҳам хусусияти сиёсӣ дорад. Ба хотири амнияти давлат бояд ба ин чизҳо аҳамият диҳем”,- таъкид кардааст, Абдуллло Раҳмонзода дар суҳбат бо блогерон.

Таъқиб ва фишори ришдорон дар Тоҷикистон дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ “нақзи озодиҳои мазҳабӣ” унвон шудааст.

Аммо Абдулло Раҳмонзода дар нишаст бо блогерон гуфтааст, риш ҳеч рабте ба диндории сокинон надорад ва мақомот танҳо ба хотири пайравӣ ё ҳамрайъӣ бо гурӯҳҳои ирофтӣ ба он бархӯрд мекунанд.

Дар задухӯрд бо қочоқбарон сардори Раёсати КДАМ дар Хоруғ кушта шудааст

Зимни задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбароне, ки сарҳади Тоҷикистонро убур карданд, Комрон Раҷабзода, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, кушта шудааст.

Хизматчии ҳарбие ки дар Бадахшон кушта шуд

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” ҳодиса шаби 27 ба 28-уми апрел рух додааст.

Ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ “Комрон Раҷабзода ҳангоми амалиёт аз ҷониби шахсони номаълум паронда шуд”.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел аз як даргирии нерӯҳои давлатӣ ва қочоқбарон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Тавре хабаргузори расмии “Ховар”бо такя ба иттилои Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон менависад, “шаби гузашта гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар… хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Тишор”-и Отряди сарҳадии “Хоруғ” убур намуданд”.

Ба иттилои расмӣ, қочоқбарон ба тарафи Афғонистон фирор карда, се нафари онҳо боздошт шудаанд. Як хизматчии ҳарбӣ дар ин задухӯрд ба ҳалокат расидааст.

Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе боиси ҳалокати як зан шуд

Бар асари таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе як зан ҷон бохтааст. Ӯ дар пешайвони манзилаш, дар ошёнаи сеюми бинои ҳамшафати нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор дошта, аз мавҷи таркиш ба замин афтодааст.

Таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе менависад, ки ин зан дар пайи ҷароҳатҳои вазнини бардоштааст дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Сӯхтор ва дар пайи он таркиш имрӯз соати 15:37 дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ “Соро ойл” дар кӯчаи Борбади пойтахт рух додааст.

Вазорати корҳои дохилӣ таъкид мекунад, ки мошини интиқолдиҳандаи маводи сӯхт ҳангоми холӣ кардани сӯзишворӣ таркидааст.

“Сӯхтор дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз мошин рух додааст”, – гуфтанд дар вазорат.

Сӯхторро 9 дастаи оташнишонӣ хомӯш карданд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, бар асари таркиш ҳамчунин  як мошини боркаш низ осеб дидааст, ки дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қарор доштааст.

Зарар ва сабабҳои сӯхторро комиссияҳои махсус муайян хоҳад кард, гуфтаанд аз ВКД.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend