fbpx

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин ба Русия сафар кард

Дар назар аст, президент дар рафти ин сафар ҳамчунин дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок кунад.


0
Президенти Тоҷикистон ба Русия сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба Қабри Сарбози Беном гул мегузоранд - 9 майи 2021. Акс аз РИА Новости

Имрӯз, 8-уми май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Русия парвоз кард. Дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 5-уми май аз ҷониби ҳамтои русаш Владимир Путин барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба даъват шуда буд.

Ба иттилои Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон ин сафари президент “боздиди корӣ” аст.

Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин сафар ҳамчунин дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок кунад, гуфта мешавад дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки қаблан президенти Қирғизистон Содир Жапаров ягона роҳбари кишвари хориҷие дониста мешуд, ки дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Москва иштирок мекунад.

Вале, тавре расонаҳо хабар медиҳанд, Владимир Путин инчунин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян, президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадовро низ ба Москва даъват кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend