fbpx

Як хизматчии ҳарбӣ кушта шуд. Кӯшиши навбатии убури сарҳади Тоҷикистон аз ҷониби қочоқбарон

Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст.


0
Сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон
Акс аз dw.com

Шаби 28-уми апрел, соати 1-у 30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд. Онҳо ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик дучор шуда, се нафарашон боздошт шудаанд. Вале боқимонда ба тарафи Афғонистон фирор кардаанд.

Тавре АМИТ “Ховар”  менависад, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо гурӯҳи қочоқбарон мутаассифона як нафар аз хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст.

“Гурӯҳи қочоқбарон таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур намуданд”,- менависад ин расона.

Тибқи иттилои Маркази матбуоти Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушодаанд.

“Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд”,- омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Домуллоҷонов Эмин Амирович, соли таваллудаш 1982, зода ва истиқоматкунандаи  шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Саидмурсалов Наврас Саидмусоевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуданд.

Таъкид мегардад, аз ҷойи ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи “героин”, 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.

“Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид”,- хабар медиҳад манбаъ.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.

Давоми ду рӯзи охир ин ҳодисаи дуюми сарҳадшиканӣ аст. Субҳи 26-уми апрел низ ду аъзои  ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштанд, аз ҷониби нерӯҳои тоҷик нобуд карда шуда, аз онҳо яроқу муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend