Мақомоти Тоҷикистон “андоз аз Google”-ро қабул карданд


Фото ТАСС

Ҳукумати Тоҷикистон  тағйироти қонунгузории андози кишварро дар робита бо қабули ба истилоҳ “андоз аз Гугл” қарор қабул кард. Ин намуди андоз ба тамоми намуди пардохтҳои электронӣ дар интернет дахл дорад. Огоҳии он ки пардохт барои реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои онлайнӣ, домен ва хостингоҳои хориҷиро бояд то 15 январ пардохт карда шаванд, ба ҳама истифодабарандагони ҳамиёнҳои электронӣ фиристода шудааст.

Дар сомонаи Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ин дигаргунӣ дар робита бо рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати интернетӣ қабул карда шудааст.  Дар дигаргунсозии кодекси андоз аз таҷрибаи пешқадами кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Испания ва ғайраҳо истифода шудааст.

Объекти андозбандӣ – даромад аз фӯруши хадамоти электронӣ мебошад. Манбаи арзиши пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ аз ҷониби шахсони хориҷӣ, ба истиснои маблағи андоз мебошад. Шахсони хориҷӣ бояд ҳар се моҳ андоз (ААИ)- ро бо меъёрӣ стандартӣ – 18% супоранд.

“Супорандагони «андози аз Google» шахсони хориҷӣ мебошанд, ки хизматрасониҳои электрониро мустақиман ё тавассути миёнаравҳо (агентҳо) ба шахсони воқеӣ пешниҳод мекунанд, ки маҳали иҷрои онҳо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. –  гуфта шудааст дар паёми Кумитаи андоз.

Яъне ААИ-ро дар ҳаҷми 18% бо пешниҳоди хизматрасониҳои пулакӣ на танҳо Facebook, Instagram, Google, Майл.ру ва ВКонтакте, балки Booking.com, Microsoft ва Apple бояд супоранд.

Бояд қайд кард, ки “андоз аз Гугл” – номи маъмулии механизми ситонидани ААИ аз ширкатҳои хориҷиест, ки ба истифодабарандагони кишварҳои муайян хизматрасониҳои гуногун тавассути интернет мебошад. Андоз аз тамоми намуди хизматрасониҳое, ки тариқи интернет фурӯхта мешаванд: рекламаҳо, приложенияҳо (замимаҳо), бозиҳо, хостинги сайтҳо, мусиқиҳо, филмҳо ва ғайраҳо, ситонида мешавад.

Чӣ тавре дар Кумитаи андози Тоҷикистон шарҳ доданд, чунин механизм дар Руссия низ аз соли 2016 амал мекунанд, маҳз ҳамин механизм асоси қабули тағйиротҳо дар Кодекси андоз шуд.

“Ин ғоя хеле одист: ситонидани ААИ аз ширкатҳои хориҷие, ки хизматрасониҳо ё ин ки мӯҳтавои худро дар Тоҷикистон мефурӯшанд. Барои мисол вақте ки шумо сомонаи Mail.ru-ро мекушоед ва он ҷо рекламаи “Алиф Бонк” – ро мебинед, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бонки тоҷикӣ, барои  рекламаи худро дар Mail.ru ҷой додан, ба ширкати технологии русӣ маблағ пардохт намудааст. Яъне 18% ААИ аз пардохти ин реклама ба буҷаи Русия меравад. Дигаргунсозии Кодекси андози кишвар барои он қабул мешавад, ки акнун ин андоз ба нархи иловагӣ, чӣ тавре ки ҳаст ба буҷаи Тоҷикистон равад”,- шарҳ доданд дар кумитаи андози Тоҷикистон.

Дар баробари ин дар изҳорот қайд карда шудааст, ки дар ин ҳолат ширкати хориҷии Mail.ru  ҳамчун миёнарав байни рекламадиҳанда ва истифодабаранда аст. Принсип чунин аст: андоз дар кишварҳое ситонида мешавад, ки рекламаи мазкур нишон дода мешавад, мӯҳтаво дар шакли мусиқӣ, замимаҳои пулакӣ, бозиҳо ва ғайра фурӯхта мешаванд.

Чӣ тавре ки манбаъ мегӯяд, дар сайти Кумитаи андоз платформаи электронӣ гузошта мешавад, ки дар он бояд ширкатҳое, ки хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод мекунанд, дар ин қатор Facebook, Instagram, Google, Майл.ру ва ВКонтакте худро номнавис кунанд. Пардохти ААИ низ ба воситаи ҳамин платформа супорида мешавад.

“Тамоми маблағ ба таври автоматӣ ба хазинаи Вазорати молия равона мешавад”. – гуфта шудааст дар изҳорот. Барои намуна, дар Русия маҳз дар чунин платформа дар сомонаи Хадамоти федералии андози Федератсияи Русия зиёда аз 2000 ширкатҳои хориҷӣ номнавис кардаанд, ки дар ду соли охир ба буҷаи Русия 3 млрд. доллари амрикоӣ фоида овардаанд. Ин маблағ на танҳо аз ҳисоби шабакаҳои иҷтимоӣ ба даст омадааст, инчунин аз ҳисоби  ширкатҳое ба мисли Amazon ва маҳсулотҳои Google: Play Market, YouTube, инчунин Booking.com, Microsoft, Apple ва ширкатҳои ба ҳаминҳо монанд».

Муфасалтар оиди ин мавзӯъ метавонед дар бахши русии сомонаи мо маълумот гиред.