Даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Хатлон нақшаи даъвати ҳарбиро 100% иҷро кард

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Хатлон пеш аз муҳлат 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон дирӯз, 14 май хабар дод.

Манбаъ меафзояд, дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш дода буданд.

“Давоми моҳи апрел то имрӯз чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар 21 шаҳру навоҳии дигар низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд”,- омадааст дар хабар.

Ба иттилои хадамот дар 10 соли охир бори аввал аст, ки вилояти Хатлон нақшаи даъватро пеш аз муҳлат ба анҷом мерасонад.

Дар Тоҷикистон соле ду маротиба – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Имсол аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2006 оғоз шуд, ки то охири моҳи май давом меёбад.

Skip to toolbar