fbpx

Мӯди тоҷикӣ дар Фаронса. Духтари тоҷик мехоҳад фарҳанги миллии худро ба ҷаҳон муаррифӣ кунад

Ҳамчун пул байни фарҳанги Тоҷикистон ва Фаронса, Суман масъулияти бузургро эҳсос мекунад.


0
Ин ва дигар аксҳои аз бойгонии шахсии Суман Абдуллоева

Суман Абдуллоева — директори креативӣ ва мураттиби образҳои визуалӣ бо таваҷҷуҳи хос ба фарҳанги тоҷикӣ мебошад. Дар синни 18-солагӣ Суман аз Тоҷикистон ба Фаронса кӯч баст.

Солҳои аввали зиндагӣ дар ин кишвар осон набуд, аммо Суман таслим нашуд ва барои худ ҳадаф гузошт, ки ба ҷаҳониён нишон диҳад, тоҷикон дар асл кистанд — миллати фарҳангӣ, боғурур ва нерӯманд. Имрӯз қаҳрамони мо фарҳанги тоҷиконро дар саҳнаи мӯди Аврупо таблиғ мекунад.

Кори ӯ дар маҷаллаҳои бонуфуз, аз ҷумла Vogue Italia, PUMP Magazine, Switch Magazine ва дигар нашрияҳои байналмилалӣ нашр шудааст.

Дар суҳбат бо Your.tj Суман Абдуллоева дар бораи фаъолияти худ дар соҳаи мӯд, муҳимтарин лоиҳаи муштарак бо Хуршед Сатторов ва нақшаҳои минбаъдаи тарғиби фарҳанги тоҷикӣ нақл кард.

«Ман тасмим гирифтам, ки миллатамро ба ҷаҳон нишон диҳам»

Суман аз соли 2017 ҳамчун стилист кор мекунад ва соли 2018 дар шаҳри Париж толори ҳусни худро бо номи Hey Sois Belle таъсис дод.

Аммо роҳи ӯ ба дунёи мӯд хеле пештар оғоз ёфта буд, аз замоне, ки ба санъат ва ҳунар дар зодгоҳи худ, шаҳри Душанбе мафтун шуда буд.

Қаҳрамони мо мактаби №20-и пойтахтро хатм кардааст ва ҳамчунин дар мактаби мусиқии ба номи Аминзода таҳсил намудааст. Баъдан, ду сол таҳсил овозхонии академиро дар Консерваторияи Душанбе ва Театри опера ва балет идома додааст.

Ба гуфтаи Суман, маҳз ҳамин солҳо ба ӯ асоси зебошиносӣ бахшида, завқи ҳунарии ӯро ташаккул дода, омӯзонидааанд, ки санъат воситаи баён ва шинохти худ мебошад.

«Дар Фаронса аллакай фаҳмидам, ки мӯд ва фарҳанги визуалӣ забони ман аст, воситаи суҳбат бо ҷаҳон ва роҳи ҳифзи ҳувияту ҳастии худам», — мегӯяд Суман.

Зиндагӣ дар Фаронса, ба гуфтаи Суман, ҳам орзу буд ва ҳам тасодуф. Ӯ ҳамеша мекӯшид барои сохтани худ маҳдудият нагузорад. Ба андешаи Суман, санъат як забони байналмилалӣ аст, аз ин рӯ, Фаронса, ки маркази ҷаҳонии мӯд ва зебоӣ шуморида мешавад, барои ӯ беҳтарин макони оғоз буд.

Ӯ дар синни 18-солагӣ ба ин кишвар кӯчид: аввал ба ҳайси кӯдакбон кор мекард, забони фаронсавиро омӯхт ва бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ шуд, аз душвории забон то сӯистифодаи баъзе корфармоён.

«Аммо маҳз ҳамин таҷриба маро бедор кард: ман фаҳмидам, ки намехоҳам танҳо як образи хомӯш дар достони дигарон бошам. Ман мехоҳам достони худро нависам», — ба ёд меорад Суман.

Солҳои аввали зиндагӣ дар Фаронса осон набуданд, иқрор мешавад ҳамсуҳбати мо. Ӯ воқеиятеро дарк кард, ки надонистани забон инсонро заифу осебпазир мекунад. Суман қариб бе рӯзи истироҳат, то 14 соат дар як рӯз ба ҳайси кӯдакбон кор мекард, музди ночиз мегирифт ва ҳаққи баён надошт.

«Тарбияи ман, ки бар асоси меҳрубонӣ ва фарҳанги тоҷику форсӣ рушд кардааст, аз ҷониби бисёриҳо ҳамчун заифӣ қабул мешуд», — нақл мекунад Суман.

Аммо ӯ тасмим гирифт мубориза барад. Якбора дар чанд ҷо кор мекард — дар меҳмонхонаҳо, ҳамчун кӯдакбони даъватӣ ва пешхизмат. Ҳамагӣ 2-3 соат хоб мекард, вале тавонист ба суботи молиявӣ расад ва вобастагии худро ба дигарон аз байн барад.

«Маҳз ҳамон вақт дар ман ҳадафи асосӣ ташаккул ёфт: ба ҷаҳон нишон додани миллати тоҷикон — чуноне ки мо дар даврони Сомониён будем: боғурур, фарҳангпарвар, зебошинос ва нерӯманд», — мегӯяд қаҳрамони мо.

«Дар мӯди фаронсавӣ шахсият арзиш дорад, на таҳдид»

Суман пеш аз ҳама худро ҳамчун стилист муаррифӣ мекунад. То соли 2025 фаъолияти ӯ асосан ба ҳамин самт равона шуда буд. Танҳо ба наздикӣ Суман ба тавсеаи малакаи худ ҳамчун тарроҳ оғоз намуд.

Аммо барои ӯ стилистика танҳо интихоби либос нест. Ин забонест, ки тавассути он андешаҳо баён мешаванд, достонҳо нақл мегарданд ва тасаввури ҷомеаи аврупоӣ нисбат ба фарҳанги тоҷикӣ тағйир меёбад.

Дар саноати мӯди Фаронса беш аз ҳама Суманро озодии комил ва набудани маҳдудиятҳо ба ҳайрат овард.

«Дар ин ҷо ту танҳо як стилист нестӣ, ту рассом низ ҳастӣ. Метавонӣ чизҳои гуногунро якҷо кунӣ, қоидаҳои худатро бисозӣ.

Ҳеҷ кас намегӯяд, ки либосро чӣ гуна «дуруст» пӯшидан лозим аст. Худат меъёрҳо ва қоидаҳоро эҷод мекунӣ», — нақл мекунад Суман.

Нашрҳои аввалинаш дар Vogue Italia исбот карданд, ки Суман метавонад мӯди сатҳи ҷаҳонӣ эҷод кунад, бе он ки аз ҳувият ва фарҳанги худ даст кашад.

«Мӯди фаронсавӣ маро бо он илҳом бахшид, ки дар ин ҷо шахсият арзиш дорад — на таҳдид», — илова мекунад қаҳрамони мо.

«Ба зудӣ тамоми ҷаҳон фарҳанги тоҷикиро дар саҳифаҳои расонаҳои байналмилалӣ мебинад»

Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барои Суман ҳамкорӣ бо тарроҳи маъруфи тоҷик — Хуршед Саторов буд, ки тобистони соли 2025 амалӣ шуд. Хуршед ба Париж либосҳои миллии тоҷикӣ овард ва гурӯҳ барои маҷаллаҳои байналмилалӣ якчанд фотосессия ташкил кард.

Суман ташкилдиҳанда, директор оид ба эҷод ва ҳамоҳангсози тамоми раванди он буд. Аз интихоби моделҳо ва аксбардорон то услуб ва тарҳи аксбардориро назорат мекард.

«Мо бо моделҳои беҳтарин аз агентиҳои Mademoiselle Agency, Premium Models, Up Models Paris кор кардем, ки бо Vogue, Harper’s Bazaar, Elle ҳамкорӣ доранд.

Номи маҷаллаҳое, ки аксҳо ва лоиҳаи мо дар он ҷо чоп мешаванд, ҳоло махфӣ мемонад, зеро ин масъалаи ахлоқи касбӣ аст. Аммо ҷаҳон зудӣ мебинад, ки фарҳанги тоҷикӣ чӣ гуна метавонад дар саҳифаҳои расонаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ шавад», — мегӯяд Суман.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Suman Ab (@sumanaab)

Тавре Суман иқрор мешавад, дар ин лоиҳа ӯ на танҳо ҳамчун стилист кор кард, балки фарҳанг, миллат ва ҳувияти худро намояндагӣ намуд.

«Ҳадафи ман танҳо гирифтани аксҳои зебо набуд. Ман мехостам фарҳанги тоҷикро дар сатҳи шоистаи саҳнаҳои ҷаҳонӣ нишон диҳам, на ба таври умумӣ ҳамчун “Осиёи Марказӣ”, балки маҳз ҳамчун фарҳанги беназири тоҷикӣ, бо таърихи қадима ва ифтихори бузург.

Бароям ин лоиҳа як қадами барқарорсозии адолати таърихист, то мӯди тоҷикӣ дар ҷаҳон бо боварӣ, баланд ва бо ифтихор садо диҳад», — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Suman Ab (@sumanaab)

Имконияти эҷодии беназир

Суман ҳамчун стилист ба матбуотии Париж дастрасӣ дорад ва дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ барои аксбардорӣ либос интихоб мекунад.

Қаҳрамони мо бо либосҳои кутюр кор кардааст, аз ҷумла бо тарҳҳои Ziad Nakad, Zuhair Murad, Elie Saab ва дигар тарроҳони сатҳи ҷаҳонӣ.

Корҳои Суман дар Vogue Italia, PUMP Magazine, Switch Magazine ва дигар расонаҳои байналмилалӣ нашр шудаанд.

Дар кор бо мизоҷон, Суман бештар аз ҳама эҳтиром, содагӣ, осонӣ ва эҷодкориро муҳим медонад.

Тавре ҳамсуҳбати мо зикр мекунад, ӯ муносибат бо мизоҷонро на ҳамчун хизматрасонии тиҷоратӣ, балки ҳамчун муколамаи эҷодӣ қабул мекунад.

«Муҳим аст, ки ҳар як инсон худро шунида, озод ва фаъол ҳис кунад.

Ин бояд танҳо иҷрои расмии вазифа набошад, балки якҷоя офаридани эстетика, симо ва фазо бошад.

Ҳамеша мекӯшам, ки ҳар як лоиҳа шахсияти инсонро инъикос кунад, бе фишор, бе қолабҳои сунъӣ, вале бо эҳсоси зебоӣ ва ҳамоҳангии ботинӣ», — мегӯяд Суман.

Ӯ мегӯяд, аз таҳия ва роҳандозии лоиҳаҳои шахсӣ, кор бо дастаи ҳамандешаҳо ва ба воситаи мӯд ошкор кардани маъниҳои фарҳангӣ лаззат мебарад. Суман иброз дошт, ки ҳамеша омодаи ҳамкорӣ аст, агар лоиҳа ҷолиб бошад ва ба принсипҳои ӯ мухолиф накунад.

«Дар ояндаи наздик барои ман таҳияи коллексияи шахсӣ авлавият хоҳад дошт, зеро бовар дорам, ки мӯди тоҷикӣ сазовори саҳнаи мустақили худ дар Аврупост.

На ҳамчун бахше аз як тасвири норавшани “Осиёи Марказӣ”, балки маҳз бо номи миллати тоҷик — қадимтарин ва беназиртарин халқи минтақа», — таъкид мекунад Суман.

Бартарияти асосии зиндагии Суман набудани рақобат аст. Ӯ бовар дорад, ки ҳар як усто услуби хоси худро дорад, ҳар як ҳунарманд ҷаҳонбинии худро ва ҳамин тавр, ҳар як эҷодкор тамошобини худро.

«Ман дар қолаби рақобат фикр намекунам, чунки санъатро дигаргуна дарк мекунам. Ҳеҷ гоҳ кори касеро такрор намекунам.

Хусусан дар Париж ҳеҷ кас фарҳанги тоҷикро бо эстетикаи аврупоӣ ба ҳам намеорад, чунон ки ман мекунам.

Фарҳанги тоҷик аз таърихи бостон сарчашма мегирад ва қудрати рамзист, ки онро наметавон сохтакорӣ кард», — мегӯяд Суман.

«Мехоҳам, ки санъати тоҷик ба қатори се фарҳанги таъсиргузортарини Осиёи Марказӣ ворид шавад»

Суман мегӯяд, ки дар зиндагӣ ӯро бештар аз ҳама робитаҳо илҳом мебахшанд — робита бо дӯстон, бо мардум, бо анъанаҳо.

«Ман ба ҳам овардани одамон, меҳмондории онҳо бо таомҳои тоҷикӣ, шинос кардани мардум бо фарҳанги тоҷикиро дӯст медорам . Барои ман муҳим аст, ки дар бораи мо маълумот дошта бошанд ва маълумоти дуруст дошта бошанд», — мегӯяд ӯ.

Дар санъат ӯро имкони офаридани чизе аз сифр илҳом мебахшад.

«Дар мӯд бошад — бешак, ин озодӣ аст. Дар ин ҷо ҳеҷ марзе нест. Ҳама чиз танҳо аз худи ту ва ҷаҳони ботинии ту вобаста аст», — илова мекунад қаҳрамони мо.

Дар Фаронса зиндагӣ ва фаъолият карда, Суман пайваста аз ҳолати рушди мӯд дар Тоҷикистон огоҳ аст. Ӯ саҳми Хуршед Сатторовро хеле баланд арзёбӣ мекунад ва кори ӯро нотакрор мешуморад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Khurshed Sattorov (@sattorovkhurshed)

«Аз миёни номҳои нав маро брендҳои LÈTTERA ва ZHIWJ илҳом мебахшанд. Дар онҳо тафаккури муосир ва ҳисси баланди худшиносии миллӣ эҳсос мешавад.

Маҳз ҳамин чиз лозим аст, то Тоҷикистонро на танҳо дар сатҳи Осиё, балки дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем», — таъкид мекунад Суман.

Ҳамчун пул байни фарҳанги Тоҷикистон ва Фаронса, Суман масъулияти бузургро эҳсос мекунад.

Айни замон ӯ бо вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣ дар бораи оғози як қатор лоиҳаҳо — аз консерт ва намоиши либосҳо то чорабиниҳои ҳунарӣ дар Фаронса гуфтушунид карда истодааст.

«Ҳадафи ман ҳамчун як шахси ватандӯст баровардани фарҳанги тоҷик ба он сатҳе, ки сазовори он аст. Ман мехоҳам, ки санъати тоҷик бо ифтихор, бо номи худ ва бо эҳтиром ба қатори се фарҳанги таъсиргузортарини Осиёи Марказӣ ворид шавад», — мегӯяд қаҳрамони мо.

Орзуи дигари касбии Суман ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО мебошад. Ӯ мехоҳад, ки мероси ғайримоддии фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя, расман ҳамчун мероси тоҷикон эътироф шавад.

«Ин дигар масъалаи сиёсат нест. Ин барқарор кардани ҳақиқати таърихӣ ва фарҳангист. Ман мехоҳам, ки ҳама чизе, ки тоҷикон офаридаанд, новобаста аз сарҳадҳо, дубора номи аслии худро дошта бошад.

Ва ман бовар дорам, ки бо талошҳои Вазорати фарҳанг, Хуршед Сатторов ва дастаи мо ба ин ҳадаф мерасем», — бо боварӣ мегӯяд Суман Абдуллоева.

Сомон Комилов

Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend