лимити барқ дар деҳоти тоҷикистон

“Лимит”-ро ба танзим дароварданд. Дар моҳи Рамазон 8 соат дар як шабонарӯз барқ медиҳанд

Бо оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро ба танзим даровардаанд ва акнун сокинони кишвар 4 соат субҳ ва 4 соати дигар шом бо барқ таъмин мешаванд.

Қарори дахлдорро Арвинд Гуҷрал, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо ирсоли барқияи фаврӣ ба ҳама раҳбарони филиалҳои ин ширкат имзо кардааст.

Арвинд Гуҷрал аз рост.
Акс: “Азия-Плюс”

Дар он гуфта мешавад, ки ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон аз 11 март ба аҳолӣ дар шабонарӯз 8 соат барқ бидиҳанд.

“…аз 11-уми марти соли 2024 то ҳолати бартараф гардидани маҳдудияти нерӯи барқ, хамарӯза соатҳои 04:00 – 08:00 ва 17:00 – 21:00 аҳолии мамлакатро пурра бо барқ таъмин намоед”, – супориш додааст Гуҷрал.

“Лимит” ё маҳдудияти барқ дар ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳҳои октябр ҷорӣ шуда буд. Дар сардиҳои чанд рӯзи охир сокинони пойтахт низ аз ин мушкилӣ шикоят доранд. Инчунин соатҳои “лимит” дар деҳаҳо низ дароз карда шудааст. Вале мақомот ҳолати ҷойдоштаро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Ғайр аз ин, дар охири фасли зимистон ва аввали фасли баҳор дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ҳам маҳдудияти барқ ҷорӣ шудааст. Ҳоло ҳам дар пойтахт шабона интиқоли барқ то 2-3 соат қатъ мегардад.

Маҳмадумар Асозода, директори ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, “лимити барқ ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” вобаста аст ва кай бекор шудани он маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар нишасти матбуотӣ директори НБО “Норак” Фазлиддин Шоҳиддинов гуфта буд, “имсол, нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.

Skip to toolbar