fbpx

“Барои таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон”. Бег Сабур ситод ташкил кардааст

Хадамоти алоқа мегӯяд, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қаламрави мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе, тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.


-1
-1 points
Роҳбари Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Акс: Хадамоти алоқа

Дирӯз, 6-уми март бо фармоиши Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа Ситоди доимӣ оид ба таъмини алоқаи мобилии бефосила дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Роҳбарии ситодро худи Бег Сабур ба уҳда гирифтааст, муовинаш Аҳлиддин Муртазоев, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” ва роҳбарони дигар ширкатҳои мобилии кишвар аъзоёни он мебошанд.

Гуфта мешавад, мақсади асосии таъсиси ситоди мазкур “озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ” аст.

Ба иттилои манбаъ, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қаламрави мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе, тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

“…ҳайати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ менамоянд”,- афзудааст Хадамоти алоқа.

Ин дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар аз сифати пасти алоқаи мобилӣ шикоят мекунанд. Мақомот сабаби инро ба фарсуда ё сарбории таҷҳизоти мавҷрасон маънидод мекунанд.

Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба сатҳу сифати интернет ва нархи он борҳо танқид карда буд.

Хадамоти алоқа охири соли гузашта ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки ба кишвар хатти интернет ворид кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend