fbpx

“Ин ҳолат дар ҳама кишварҳо мешавад”. Шарҳи расмии сабаби қатъи сартосарии барқ дар Тоҷикистон

Садама дар хатҳои магистралӣ сабаб шудааст, кори тамоми системаи барқи кишвар муддате қатъ гардад.


3
3 points
Шамъ дар торикӣ
Акси марбута аз интернет

Садама дар хатҳои баландшиддати барқи ҷумҳуриявӣ боиси қатъи барқ ​​дар пойтахт ва аксари минтақаҳои Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта гардид, шарҳ дод Парвиз Қутбиддинов, намояндаи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Душанбе” дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Душанбе”.

Ба гуфтаи ӯ, садама дар хатҳои магистралӣ сабаб шудааст, кори тамоми системаи барқи кишвар муддате қатъ гардад.

“Дар фосилаи аз 1,5 то 2 соат интиқоли нерӯи барқ ба шаҳри Душанбе барқарор гардид. Бинобар сард шудани обуҳаво истифодаи барқ дар Душанбе ва тамоми ҷумҳурӣ якбора афзуд. Дар натиҷа, хатҳои интиқоли барқи ба сарборӣ тоб наоварда, дар баъзе қитъаҳо аз кор баромаданд”, – таъкид кард ин намоянда.

Вале номбурда нагуфт, ки садамаи хатҳо интиқоли барқ дақиқан дар кадом минтақа рух додааст.

Чаро интиқоли гармӣ низ қатъ шуд?

Гуфта шуд, набудани нерӯи барқ боиси муваққатан қатъ шудани интиқоли гармӣ дар пойтахт гардид, зеро оби гарм ба системаи гармидиҳӣ тавассути истгоҳҳои насосие, ки бо истифода аз нерӯи барқ ​​кор мекунанд, интиқол дода мешавад.

“Ин масъалаи техникӣ аст ва ҳангоми рух додани ҳодисаҳои ғайричашмодошти табиӣ дар системаҳои энергетикии ҳар як кишвар, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ ба вуҷуд меоянд”, – таъкид кард Қутбиддинов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ мавҷудияти маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро дар кишвар ба таври қатъӣ рад карда, қатъи давра ба давра дар манотиқи алоҳидаи шаҳрро чораҳои маҷбурӣ номид, ки барои ҳифзи инфрасохторҳо дар шароити афзоиши сарборӣ дар система заруранд.

Хотиррасон менамоем, ки тахминан соати 11:10-и рӯзи 1-уми март дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахт барқ якбора қатъ шуд. Ба дунболи он ҳам об, гармӣ ва ҳатто интернету алоқаи мобилӣ қатъ гардид.

Расонаҳо, аз ҷумла “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои манбаъҳои худ хабар дод, ки сабаби қатъи барқ эҳтимоли садама дар НБО “Норак” аст.

“Лимит” ё маҳдудияти барқ дар ноҳияҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳҳои октябр ҷорӣ шуда буд. Дар сардиҳои чанд рӯзи охир сокинони пойтахт низ аз ин мушкилӣ шикоят доранд. Инчунин соатҳои “лимит” дар деҳаҳо низ дароз карда шудааст. Вале мақомот ҳолати ҷойдоштаро тасдиқ ё инкор накардаанд.

Маҳмадумар Асозода, директори ширкати “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, “лимити барқ ба вазъи обуҳаво ва ҳаҷми резиши об ба обанбори нерӯгоҳи “Норак” вобаста аст ва кай бекор шудани он маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш дар нишасти матбуотӣ директори НБО “Норак” Фазлиддин Шоҳиддинов гуфта буд, “имсол, нисбат ба соли гузашта сатҳи оби обанбор 3 метр зиёдтар аст”.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend