fbpx

Ҳалокати 3 нафар ва ҷароҳати 2 кас дар як садама

Ҳодиса 11 март тахминан соати 11:00 дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 147-уми роҳи автомобилгари Душанбе-Чаноқ рух додааст.


0
Садама дар ноҳияи Айнӣ
Мошине, ки ба садама дучор шуд. Акс: КҲФ

Дар натиҷаи сарозер шудани як автомобил дар роҳи Душанбе-Чаноқ 3 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора бахши Раёсати КҲФ-и вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Ҳодиса дирӯз, 11 март тахминан соати 11:00 дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 147-уми роҳи автомобилгари Душанбе-Чаноқ рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “OPEL ZAFIRA” аз идораи воситаи нақлиёт набаромада ба тарафи рости роҳ тақрибан ба чуқурии 800-900 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа автомашина оташ гирифтааст. Ҳангоми садама 3 нафар мард ва 2 нафар зан худро аз дохили автомашина ба берун мепартоянд, ки дар натиҷа 1 нафар мард ва 2 нафар зан ба ҳалокат мерасанд”,- менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, гурӯҳи наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилояти Суғд дар водии Зарафшон бо роҳбарии сардори бахши Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, 2 захмӣ ва 3 фавтидаро бо ёрии таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ аз чуқури бароварда ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend