Китобхонаи як замонҳо маъруфи деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода имрӯзҳо хонандаи камшумор дорад. Дар даҳсолаи охир ба китобхона китобҳои тозанашри бадеӣ хеле кам ворид шудааст, бинояш таъмирталаб аст ва бӯйи бад дорад. Ин ҳолатро тақрибан ҳама китобхонаҳои минтақаҳои дурдаст доранд.
Муаллифи Your.tj ба китобхонаи деҳаи Даҳбед рафт то мушкилиро бо чашмони худ дида, воқеиятро нақл кунад.
Норасоии китоб – мушкили асосии иштирок дар озмуни “Фурӯғ…”
Дар китобхона китобҳои тозанашр қариб ки нест. Калонсолон аз мундариҷаи адабиёти ин китобхона, ки асосан ба коммунизм ва идеалогияи шӯравӣ бахшида шудааст, огоҳанд. Барои насли наврас бошад, он шавқовар нест.
Ба китобхонаи Даҳбед қариб ҳар сол 5-6 адад китоб интиқол мешавад. Масалан, китоби “Родмарде дар масири сиёсат”-и Далери Абдулло, “Ташрифҳои Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода”, “Сабақи аввалин”-и Мустафо Шарқӣ ва “Шаҳри номдор”-и Собирҷон Саидов, “Насиҳатнома”-и Унсурулмаолии Кайковус.
Аммо адабиёти тозанашри бадеӣ, махсусан бачагона вуҷуд надорад, ғайр аз 14 адад китобе, ки китобдор аз маоши худаш харидааст.
“Ҳамасола аъзоёни китобхона дар ҷараёни озмуни “Фурӯғ…” мушкилӣ мекашанд. Зеро китобҳои бештари адибоне, ки дар номгӯи адабиёти тавсиявии низомномаи озмун пешниҳод шудааст, дар китобхонаи мо нест”,- гуфт китобдор, Мақсуда Одинаева.
Аз мушоҳидаҳои мо ва гуфтаҳои китобдор маълум гардид, ки китобхона хонанда дорад, вале барои ҷалби онҳо китобҳои хонои тозанашр надорад.
Китобдор афзуд, кӯдакон китобҳои рангаро бисёр мепурсанд.
“Бо тасмими худ аз маошам барои кӯдакони китобхона аз нашриёти “Истиқбол” 14 адад китобҳои бачагона харида овардам. Кӯдакон маҷмӯаҳои навро танҳо дар дохили китобхона хонда метавонанд”,- мегӯяд Одинаева.
Китобхонии “мавсимӣ” ба хотири озмун
Сарвиноз Азизоваи 12 сола яке аз хонандагони фаъоли китобхонаи деҳаи Даҳбед аст. Ӯ мухлиси адабиёти муосири бачагонаи тоҷик аст. Сарвиноз аллакай ашъори даврони шӯравӣ чопшудаи Алӣ Бобоҷон, Ҷӯра Ҳошимӣ, Мирсаид Миршакар ва Гулчеҳра Сулаймониро азёд кардааст.
Акнун ӯ мехоҳад бо маҳсули эҷоди дигар адибони бачагонаи тоҷик низ ошно шавад, аммо онҳо дар ин китобхона дастрас нестанд. Танҳо якчанд адад китобҳои Латофат Кенҷаева, набераи ӯ Дурдонаи Зафар ва Азизи Азизро дар китобхона пайдо кардан мумкин аст, ки аллакай Сарвиноз онҳоро хонда шудааст.
Ба гуфтаи директори Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода Гавҳарой Саидова, таъмини китобхонаи мазкур бо адабиёти тозанашр ба нақша гирифта шудааст ва то охири соли равон 50 адад китоб нав ба китобхонаи Даҳбед оварда мешаванд. Ӯ афзуд, то имрӯз норасоии буҷа ин муамморо пеш оварда буд.
Мақсуда Одинаева, китобдори китобхонаи Даҳбед гуфт, хонандагони фаъол 5-6 нафаранд, ки қариб ҳар рӯз ба ин ҷо меоянд. Вале дар ин баробар изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз хонандагон танҳо ба хотири иштирок дар озмуни “Фурӯғ…” муддате ба “китобхон” табдил меёбанд.
“Рӯзе мешавад, ки 10 нафар меояд, рӯзе 5 нафар ва рӯзҳое мешавад, ки касе намеояд. Ростӣ, китобхонӣ ҳам гӯё мавсимӣ шудааст. Дар рӯзҳои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар рафҳо китоб намемонад, аммо баъди озмун чеҳраҳои нави китобхон нопадид мешаванд”,- изҳори таассуф кард ӯ.
Китобхона дигар камбудӣ ҳам дорад…
Сокина фаъолтарин узви китобхонаи Даҳбед аст. Ӯ 65 сол дошта, аз соли 1983 инҷониб як пояш гӯё дар ҳамин китобхона мондааст. Ин зан аллакай ҳамаи китобҳои бадеии тоҷикиву русии китобхонаро хонда шудааст.
“Мо китобҳои тозанашр мехоҳем. Орзу дорам аз ин рафҳо асарҳои охирини Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун ва махсусан “Ишқи сархӯр”-и Кароматулло Мирзоро гирифта мутолиа кунам. Агар асарҳои нави хонои адибони пасошӯравиро ҳам меоварданд, хеле хуб мешуд. Китобҳои хондаамро боз ҳам гаштаю баргашта хонда, қариб ки ҳамаи ҷумлаҳояшро азёд кардаам”,- мегӯяд бонуи китобхон.
Сокина ҳамчун китобхони собиқадор ва педагоги таҷрибадор андеша дорад, ки сабаби кам омадани наврасону ҷавонон ба ин китобхона, аз як тараф дастрас набудани китобҳои тозанашр бошад, аз тарафи дигар мавҷуд набудани мизу курсӣ барои китобхонӣ ва бӯйи ғализи боми бино аст.
Адабиёти шӯравӣ – феҳристи асосии китобхона
Тибқи маълумоти раиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ҳоло деҳаи Даҳбед 3 ҳазору 500 нафар аҳолӣ дорад. Вале танҳо 321 нафар ба китобхона сабтином шудаанд, ки аз ин 106 нафарарро китобхонҳои аз 35 то 65-сола ташкил медиҳанд.
Дар китобхонаи Даҳбед 4 ҳазору 316 адад китоб ба забонҳои тоҷикию русӣ, узбекӣ ва адабиёт бо ҳуруфи форсӣ мавҷуд аст.
Феҳристи асосии китобхонаро адабиёти коммунистӣ ва осори бадеии адибони классику давраи шӯравӣ ташкил медиҳанд.
Сеяки китобҳоро осоре аз қабили “Апрельские тезисы”, “О праве нации на самоопределение”, “Социализм и война”, “Вопросы строительства социализма и коммунизма”, “Три источника и три составных части марксизма”-и В.И.Ленин, “Принципы коммунизма”-и Ф. Энгельс, “Капитал”, “Критика Готской программы”-и К. Маркс ва дигар китобҳои ходимони шӯравӣ ташкил медиҳад.
Ин китобҳо тайи беш аз 20 соли охир хонанда надоранд.
Дар асл муаммои норасоии китобҳои тозанашр дар бештари китобхонаҳои деҳот мавҷуд аст. Онҳо бештар бо китобҳои даврони шӯравӣ пур шудаанд, ки барои хонандагони наврас ба куллӣ шавқовар нест.
Дар китобхонаи Даҳбед аз адабиёти бадеии ҷаҳон наздики 200 китоб ҳаст, ки бештари онҳо бо тарҷумаи забони русӣ мебошанд. Ҳамчунин, аз адабиёти рус мероси адабии Пушкин, Лермонтов, Толстой ва Чехов бештаранд. Муштариёни китобҳо бо забони русӣ танҳо омӯзгорони фанни забони русии мактаби деҳа ҳастанд, ки онҳо низ ҳамагӣ 2-3 нафаранд.
Аз Ҳофизу Ҷомӣ то адабиёт ба забони узбекӣ
Аз мероси классикони адабиёти тоҷик дар китобхона ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бедили Деҳлавӣ, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, инчунин “Калила ва Димна”-и Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, “Гулистон”-у “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва дигарон маҳфузанд.
“Қонуни тиб”-и Абу алӣ ибни Синоро низ дар байни китобҳо пайдо кардем.
Қариб як ҷевони китобҳоро адабиёт ба забони узбекӣ пур кардааст. Аз адибони узбек осори Навоӣ, А.Қодирӣ, Ғ.Ғулом, Ойбек, Ҳ.Олимҷон ва Зулфияро пайдо кардан мумкин аст.
“Дарсади зиёди аҳолии деҳаи Даҳбедро сокинони узбекзабон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз китобҳои узбекӣ хонандагони синну соли гуногуни худро доранд”,- мегӯяд китобдор.
Серхонандатарин китобҳои китобхонаи деҳаи Даҳбед, “Мактаби кӯҳна” ва “Одина”-и С. Айнӣ, “Восеъ”-и С. Улуғзода ва “Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро”-и Ҷ. Икромӣ, “Ӯтган кунлар” (Рӯзҳои гузашта)-и А. Қодирӣ, “Шум бола” (Бачаи шум)-и Ғ. Ғулом ва “Капитанская дочка” (Духтари капитан)-и Пушкин аст.
Ҳамчунин, дар китобхона адабиёти ривоятии “Ҳазору як шаб”, “Гӯрӯғлӣ”, “Рамаяна” ва дигар эпосҳо ба забони тоҷикӣ дастрасанд.
Инчунин, зиёда аз 20 адад китоб бо ҳуруфоти форсӣ солҳост, ки хонандае пайдо намекунад. Ба гуфтаи китобдор, сабаб бо ин алифбо ошно набудани аъзоёни китобхона аст.
Бомпӯши фарсуда, бӯйи ғализ ва бебарқӣ
Китобхонаи деҳаи Даҳбед зиёда аз 30 сол мешавад, ки боре аз таъмири пурра бароварда нашудааст. Танҳо деворҳои онро рангубор кардаанду халос.
Аъзои фаъоли китобхона, Сокина гуфт, аз китобхона бӯйи ғализи намӣ меояд. Зеро бомпӯши он хеле фарсуда гаштаву дар зимистону баҳор ҳангоми боришот ба дохили бино об мегузарад.
Инчунин, китобхона бо барқсанҷи алоҳида таъмин нест. Ин боиси бо барқи доимӣ таъмин набудани он гардидааст.
Аз ҷониби китобдори деҳаи Даҳбед ба раёсати ҷамоат барои таъмири китобхона муроҷиат шудааст. Раиси шаҳри Турсунзода низ зимни маҷлис бо сокинони ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ба раиси ҷамоат Усмоналӣ Қодирзода дастур дода будааст, ки то баҳори соли 2024 китобхона аз таъмир бароварда шавад.
Баъд аз дастури раиси шаҳр, китобдори китобхонаи деҳаи Даҳбед ҳамроҳи раиси ҷамоат маблағи таъмири бомпӯши китобхонаро ҳисоб кардаанд, ки ҳадди ақал 15 ҳазор сомониро ташкил додааст. Вале то ҳол дастури раиси шаҳр иҷро нагардидааст.
“Ҳоло дар буҷа маблағи лозимиро надорем. Бо як ду нафар соҳибкорон дар ин бора суҳбат кардем. Таъмири бомпӯшҳои китобхона ҳатман дар нақша ҳаст. Амалӣ шудани ин чиз ба соҳибкорону фаъолони деҳот вобаста аст. Умедворам, ки то охири моҳи декабри соли ҷорӣ аҳолии деҳаи Даҳбед хабари хуш мешунаванд”,- гуфт Усмоналӣ Қодирзода.
Китобхонаи оилавӣ
Мақсуда Одинаеваи 53 сола, тӯли 35 сол аст ба китобхонаи Даҳбед роҳбарӣ мекунад. Ин китобонаро китобхонаи оилавӣ номидан ҳам мумкин аст, зеро аввалин мудири он падари Мақсуда – шодравон Ибодулло Шукуров будааст.
Аз рӯи гуфтаҳои ӯ, ин бино дар замони шӯравӣ, нахуст ба сифати клуби фарҳангӣ ва маҷлисгоҳи мардум хизмат кардааст.
Аз соли 1963 онро ба китобхона табдил доданд ва аввалин китобдор Ибодулло Шукуров таъйин шуд.
Мақсуда аз даврони кӯдакии худ ёд оварда мегӯяд, ҳар боре назди падар ба китобхона меомад, шумораи зиёди аъзоёни китобхонаро медид. Борҳо дидааст, ки хонандагон барои мутолиаи китобҳои камшумори китобхона навбат мепоиданд. Он замон ҳам шеърҳои Мирзо Турсунзода машҳур буданд, китобҳояшро талабгори зиёд доштанд.
Ибодулло Шукуров соли 1989 аз олам гузашт, фаъолияти ӯро аз байни 11 фарзандаш, духтараш Мақсуда Одинаева идома дод.
Се соли аввали фаъолияти Мақсуда хотирмон буд, зеро китобхона ҳар рӯз пур аз мухлисони китоб мешуд.
“Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди он, аз 1992 то солҳои 2000 китобхонӣ гӯё аз байн рафт.
Сипас аз соли 2000 то 2012-13 шумораи хонандагон то андозае афзуд. Вале боз 10 соли охир завқи китобхонии мардуми деҳот хеле поён рафтааст”,- гуфт Мақсуда.
Нодира Собирзод