Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 21:4824.11.2020
Президенти Тоҷикистон имрӯз як қатор раисони шаҳру ноҳияҳоро аз вазифаҳояшон барканор намуд. Дар баробари ин ба ҷойи онҳо раҳбарони нав таъин шуданд.
Кишвар Шамиров аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи ВМКБ барканор ва ба ҷойи ӯ Алишер Мирзонабот, ки то ин вақт муовини якуми раиси ин вилоят буд раиси шаҳри Хоруғ таъин шудааст.
Раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ Баҳоваддин Баҳодурзода раиси ин шаҳр таъин шудааст.
Нусратулло Аюбзода аз мақоми раиси ноҳияи Шаҳринав озод ва ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода раис таъин шудааст.
Раисони ноҳияи Файзобод низ аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Бобишо Холзода ба ин курсӣ такя зад.
Раиси ноҳияи Муъминобод Тоҳирхон Амиршозодаро аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Лутфия Шарифзодаро раис таин шуд.
Ҳамчунин раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода низ озода ба ҷойи Азизулло Исматзода, ки то ин замон раиси Агентии хоҷагии ҷангал буд, ба мақоми раиси ноҳияи Рӯдакӣ омад.
Дар идомаи тағйироти кадрӣ, имрӯз ҳамчунин Исматзода Азизулло аз мақоми Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ректори як қатор Донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон низ аз мақомҳояшон барканор карда шуданд.
Ҷило Гулназарзода ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шудааст. То таъини ӯ ин вазифа дар ихтиёри Маҳмадулло Раҷабзода буд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Шермамад Ҷонмамадов ба далели расидан сини бознишастагӣ низ озод ва ба ҷойи ӯ Гулзорхон Юсуфзода ректор шудааст.
Ҳамчунин ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода ҳам аз мақомаш барканор шудаву ба ҷойи ӯ дар ин мақом Бахтиёр Маҳмадалӣ омадааст.
Диловаршоҳ Исозода курсии ректории Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро соҳиб шудааст, ки то ин вақт ин курсӣ дар ихтиёри Хайрулло Назарзода буд.
Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Маскав рафт
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз бо сафари расмӣ ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалиро дар ин сафар раисони кумита ва ахзои парлумон, инчунин дигар шахсони мансабдор ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар бораи барнома ва ҳадафи сафари Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав маълумот дода намешавад.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин сафари расмии Рустами Эмомалӣ дар мансаби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки баҳри маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои давлатӣ дар бахши электроэнергетика аз хориҷи кишвар қарз гирад.
Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, як қатор чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи таҳия қарор доранд, ки барои амалисозии онҳо ҳудуди 500 млн доллар маблағ зарур аст.
Ҳаҷми нисбатан бештари сармоягузорӣ - 340 млн доллар барои идомаи сохтмони неругоҳи Роғун пешбинӣ шудааст.
Ин маблағро ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз бонкҳои аврупоӣ - Credit Suisse (Швейтсария) ва Landesbank Baden-Wuerttemberg (Олмон) дарёфт намояд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, маблағгузории сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷет дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳаҷми 1,3 млрд сомонӣ амалӣ шудааст.
Сар аз соли 2008 ба сохтмони неругоҳи Роғун дар маҷмӯъ зиёда аз 25,3 млрд сомонӣ маблағ равона шудааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз се шаҳри Тоҷикистон ба Русия иҷозатномаи ҳукумати киварро дарёфт намуд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Нахустин парвози чартерии ширкати ҳавопаймоии русии "Уралские авиалинии" -аз Душанбе ба Маскав имрӯз, 28 ноябр парвоз кард. Арзиши чипта барои ин парвоз 9800 сомонӣ (868 доллар бо қурби БМТ) –ро ташкил медод.
Парвозҳо аз шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Кӯлоб анҷом мешаванд.
Дар мувофиқа бо ҳукумати Тоҷикистон шумори парвоз ва рӯзи иҷрои онҳо дар давоми ҳафта тариқи зайл муқаррар карда шудаанд:
Душанбе – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;
Душанбе – Қазон, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Душанбе – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Душанбе – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи сешанбе;
Душанбе – Уфа, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Жуковский, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Красноярск, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи душанбе;
Хуҷанд – Самара, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи якшанбе;
Хуҷанд – Санкт-Петербург, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи ҷумъа;
Кӯлоб – Москва, 1 маротиба дар 1 ҳафта, рӯзи шанбе.
Дар яке аз кассаҳои ҳавопаймоии Душанбе ба Your.tj гуфтанд, арзиши чипта барои парвози чартерии Душанбе - Москва 9800 сомониро ташкил медиҳад. Нархи чиптаи Душанбе-Самара, ки бояд 1-уми декабр анҷом шавад, 7 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад. .
Хатсайрҳои мазкур барои баргардонидани шаҳрвандони Русия, инчунин шахсоне, ки барои вуруд ба Русия мутобиқи фармоиши ҳукумати ФР аз 16 марти соли ҷорӣ (№635) асос доранд, пешбинӣ шудааст.
Читайте также
Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард
2 дня назад
“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард
2 дня назад
Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд
4 дня назад
SIYOMA: яке аз брендҳои муосири Тоҷикистон чӣ гуна сохта мешавад | TJ.BRAND #1
4 дня назад
Президент супориш дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ афзоиш дода шавад
4 дня назад