fbpx

Эҳтимоли гароншавии нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳо дар Душанбе

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Азия-Плюс

Шойгу: Русия дар навсозии артиши Тоҷикистон кумак мекунад

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар заминаи шиддат гирифтани вазъ дар Афғонистон аз пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ёдовар шуд. “Аксари афсарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар муассисаҳои олии мо таълим мегиранд. Дар Тоҷикистон мо пойгоҳи 201, дар Қирғизистон – пойгоҳи ҳавоии Кант дорем”, – гуфт ӯ дар ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Территория смыслов“.

Ба гуфтаи раҳбари вазорати дифоъ, Русия барои навсозии артишҳои Тоҷикистону Қирғизистон кумак мекунад.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки Маскав ва Душанбе барномаи муштараки дубора муҷаҳҳаз сохтани артиши Тоҷикистонро амалӣ мекунанд, аммо ҳоло зарурати тақвияти иқтидори ҷангии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ ба миён омадааст. Бо вуҷуди ин, Шойгу таъкид кард, ки нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд барои рафъи иғвоҳои эҳтимолии Толибон (ҳаракати радикалӣ, ки дар Русия мамнӯъ аст) омода бошанд.

Эҳтимоли боло рафтани роҳкиро дар Душанбе: аз нақлиёти ҷамъиятӣ то таксиҳо

Дар пасманзари баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар эҳтимол аст, қимати роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашӣ ва таксиҳо ҳам боло биравад. Зеро  бештари ронандагони нақлиёт аз хароҷоти зиёду зарар диданашон шикоят мекунанд. Ҳаммакнун, таксиҳои ба истилоҳ “3 сомона”, ки баъдан 5 сомонӣ шуданд, ҳоло 7 сомонӣ кирои роҳ мегиранд.

Сардори МДК “Душанбенақлиётхадамотрасон” Ҳамзаалӣ Ғаниев гуфтааст, ки шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе ба Вазорати нақлиёт дар бораи бознигарии нархи нақлиёти ҷамъиятӣ пешниҳод манзур кардааст ва баъди баррасӣ бо ниҳодҳои масъул, махсусан Хадамоти зиддиинҳисории кишвар ин масъала ниҳоӣ хоҳад шуд.

Вале сардори шуъбаи нақлиёти шаҳрдории Душанбе Хайрулло Камолов гуфтааст, онҳо дар робита ба боло бурдани андозаи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба Вазорати нақлиёт пешниҳоде манзур накардаанд ва ин чиз ҳоло дар назар ҳам нест.

Дар робита ба ин масъала, як масъули баландпояи танзими кори нақлиёт дар шаҳрдорӣ гуфт, ки дар пасманзари баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар кишвар масъалаи баланд кардани нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро таҳлил ва омӯхта истодаанд.

Ба гуфтаи вай, воқеан баландшавии нархи сӯзишворӣ ба вазъи молиявии корхонаҳои соҳаи нақлиёт таъсир мерасонад ва ин масъала дар ҳоли таҳлил ва баррасии шаҳрдорӣ аст.

Масъалаи баланд шудани нархи роҳкирои нақлиёти мусофиркашӣ дар ҳолест, ки аллакай дар бархе минтақаҳои кишвар нархи роҳкирои нақлиёт баланд шудааст ва аҳолӣ аз ин нигаронанд.

Сарбозони фирорию ҳамлагар ба мошини пулис: Русия 8 муттаҳамро ба Тоҷикистон истирдод кард

Ҳашт нафар гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун аз Русия ба Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод аз дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Федератсияи Русия хабар дод.

Ин ниҳод гуфтааст, ки интиқоли айбдоршавандагон дар парвандаҳои ҷиноӣ дар замони пандемияи коронавирус мушкил шудааст. Аммо, ба ҳар ҳол, вақте ки вазъи эпидемиологӣ барои истирдод имкон дод, ҳама чораҳои амниятӣ риоя карда шуданд.

Яке аз муттаҳамон дар тирандозӣ ба мошини кормандони интизомӣ дар соли 1996 гумонбар дониста мешавад, ки дар натиҷа 4 нафар кушта шуданд. Боз ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва яке бо ҷурми қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Илова бар ин, яке аз шаҳрвандони истирдодшуда бо иттиҳоми латукӯби ноболиғ аз ҳиссиёти авбошӣ ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шуда буд. Додситонии кулл ҳамчунин як гумонбари дуздии бузург ва ду сарбозеро, ки ҳангоми хидмат аз кишвар фирор кардаанд, ба Тоҷикистон супурд.

БМТ ба «Спитамен Суғурта» барои чор соли минбаъдаи фаъолият иҷозатнома дод

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти суғуртавӣ ва азнавсуғуртакунии «Спитамен Суғурта» бинобар сабаби тағйир ёфтани номи он Иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ, тавассути аз нав ба расмият даровардан, ба муҳлати то 19 ноябри соли 2025 дода шуд. Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин тадбир  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» андешида шудааст.

Мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои қаблии Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди «Спитамен Суғурта» аз эътибор соқит дониста шуд. Дар робита ба иҷрои қарори мазкур Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Русия ба Тоҷикистон нақлиёти сайёри тиббӣ додааст

Русия рӯзи 10-уми август дар чаҳорчӯби барномаи “Корвони саломатӣ” ба Тоҷикистон нақлиёти сайёри тиббӣ додааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, созишномаро дар ин бора ҳанӯз соли 2019 имзо карда буданд.

Ба гуфтаи Шамил Шамсутдинов намояндаи Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, нақлиёти сайёр бештар барои кумак ба сокинони минтақаҳои дурафтода дар назар гирифта шудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, нақлиёти сайёр “бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили таҷҳизоти ренгтенӣ, ташхисӣ, стомотологӣ ва лавозимоти дигари тиббӣ муҷаҳҳаз аст.” Маблағи умумии лоиҳа 2 миллиону 60 ҳазор доллари амрикоӣ буда, ду миллионашро Бунёди АвруОсиёии субот ва рушд ва 60 ҳазори дигарашро ҷониби Тоҷикистон додааст.

Ба ширкаткунандагони олимпиадаи Токио унвони “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” доданд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба се варзишгари маъруфи тоҷик, ширкаткунандаҳои Бозиҳои Олимпии “Токио-2020”, Сомон Маҳмадбеков, Шаббос Неъматуллоев ва Анастасия Тюрина унвони соҳавии “Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон” тақдим кардааст.

Сомон Маҳмадбеков устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаи ҷудо, Шаббос Неъматуллоев устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаи бокс ва Анастасия Тюрина устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон дар риштаи шиноварӣ дониста шуданд. Ин унвон ба онҳо барои дастовардҳои баландашон дар риштаи варзиши ҷудо, бокс ва шиноварӣ тақдим гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки соли равон дар қатори дигар варзишгарони тоҷик Сомон, Шаббос ва Анастасия низ дар Олимпиадаи Токио-2020 ширкат варзиданд. Имсол тими олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои лимпӣ ҳеч медале натавонист ба даст биорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend